Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди кумак ба кӯдакони 4 деҳаи бе мактаб дар Ваҳдат. ВИДЕО


Баъд аз нашри гузориши Радиои Озодӣ дар бораи мушкили хонандагони чаҳор деҳаи ноҳияи Ваҳдат чанде аз муҳоҷирону соҳибкорон барои сохтмони мактаб ва таъмири пули болои дарё омодагии худро баён карданд.

Кӯдакону наврасони чаҳор деҳаи ҷамоати Бозорбой Бурунов ҳар рӯз барои таҳсил роҳҳои хатарнокро гузашта, ба мактаби деҳаҳои ҳамсоя мераванд. Мақомоти шаҳри Ваҳдат гуфтанд, ки дар фикри ҷудо кардани замин барои бунёди мактаб ҳастанд. Сокинон мегӯянд, дигар намехоҳанд ваъдаи хушку холӣ бишнаванд.

Шарофати 11-сола аз ҷамоати Бурунов, ки чанд рӯз пеш бо алам аз мушкилу хатарҳои худ дар роҳ ба мактаб шикоят мекард, ҳанӯз бо ҳамон роҳ, аммо акнун бо табъи болида ба дарс меравад. Ба ӯ гуфтаанд, ба наздикӣ ё пули ларзонро таъмир мекунанд ва ё ба онҳо дар деҳаи худашон мактаб месозанд.

Гузориши Радиои Озодӣ дар бораи Шарофат ва ҳамдеҳагони дигараш, ки барои расидан ба мактаб роҳи дарозу пурхатарро тай мекунанд, муҳоҷирон ва соҳибкорони алоҳидаро низ дар канор нагузошт. Чанд соҳибкор ба деҳа омада ва гурӯҳе аз муҳоҷирон ба воситаи телефон барои кумак ба кӯдакон изҳори омодагӣ кардаанд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Пешниҳоди кумаки муҳоҷирон ба кӯдакони чаҳор деҳаи бе мактаб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Вайсиддин Кабиров, раиси маҳаллаи деҳаи Ҷавонон, рӯзи 15-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъзе афрод барои сохтани пул ва чанд нафари дигар барои сохтани мактаб кумак пешниҳод кардаанд.

"Баъзе соҳибкорон гуфтанд, ки пул месозанд. Мо фикр кардем, маблағе, ки барои сохтани пул сарф мешавад, барои бунёди мактаб харҷ шавад, беҳтар аст. Он вақт ба пул ниёз намемонад. Боз аз Русия занг зада гуфтанд, ки заминро гиред, мо кумак мекунем", -- нақл кард ӯ.

Раиси идораи замини ноҳияи Ваҳдат ҳам баъди як машварат бо сокинон рӯзи 11-уми сентябр қитъаи заминро бо масоҳати беш аз ду гектар барои сохтмони мактаб мувофиқ донистааст. Ин замин дар миёни чаҳор деҳаи ҷамоати Бозорбой Бурунов, ки дар он кӯдакон солҳост бе мактабанд, ҷойгир аст.

Рухсора Юнусова, сокини деҳаи Ҷавонони ноҳияи Ваҳдат, ки се фарзанди мактабхон дорад ва соли гузашта духтараш ба дарё афтода буд, гуфт, умед дорад, ин дафъа ваъдаи хушку холӣ нахоҳад буд. "Бачаҳои мо ба чаҳор гуруҳ тақсим шуда, ба чанд мактаб мераванд. Як мактаб садамавӣ аст, якеаш чаҳор километр дур ва яке ҳам бо убури дарё ва роҳҳои хатарнок. Барои ҳамин, мехоҳем, сохтмони мактаб зудтар пуштибонӣ ёбад. Ваъдаҳои хушку холӣ дода нашавад. Мо 12 сол фақат ваъда гирифтему бас."

Комил Арешов, роҳбари гурӯҳи хайриявии “Дасти ёрӣ” ҳам баъди огоҳ шудан аз вазъи кӯдакони чаҳор деҳа дар ноҳияи Ваҳдат бо сокинон тамос гирифта ва аз тасмими гурӯҳи худ барои ташкили чанд синфхона дар ин мавзеъ хабар додааст. “Мо мехоҳем, дар ин деҳа 4 синфхона сохта, бо таҷҳизот таъмин кунем. Донишҷӯёни тоҷик аз Малайзия аллакай ба ҷамъоварии маблағ оғоз кардаанд. Ҳоло корҳои омодагӣ идома доранд ва дар навбати аввал бояд бо мақомот ҷойи сохтмонро ҳамоҳанг кунем. Баъдан маблағи хароҷоти биноро муайян мекунем,” – гуфт ӯ.

Арешов афзуд, созмони ӯ ин таҷрибаро дорад ва 5 соли ахир дар минтақаҳои дурдасти кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Фархор, чанд синфхона бунёд кардаанд. Ӯ гуфт: “Мақсади мо ташкили синфхона аст, то кӯдакон бо тай кардани роҳи дароз ба деҳоти дигар нараванд. Чун дар деҳаи худашон шароит нест. Таҳсилу омӯзиш ин рӯшноӣ аст ва кӯдакон ояндаи мо. Барои ҳамин, мехоҳем барои онҳо шароит фароҳам кунем.”

Ба далели набуди мактаб қариб 300 хонанда аз чаҳор деҳ дар ҷамоати Бозорбой Бурунови ноҳияи Ваҳдат маҷбуранд ҷони худро дар хатар гузошта, ба мактаби деҳаҳои ҳамсоя раванд. Қисме аз ин хонандаҳо бо тай кардани 4 километр ба ноҳияи Файзобод мераванд ва қисми дигар бо убури дарё ва пули ларзон ба мактаби рақами 69-и воқеъ дар деҳаи ҳамсоя.


Нафиса, яке аз хонандаҳоро дар роҳ ба мактаб ду дафъа саг газидааст. “Як саги калон аз пешам баромад, аз поям газид. Як бори дигар саги дигаре аз пушти поям газид. Чанд вақт табобат кардам”, -- мегӯяд ӯ.

Саодат Толибова, омӯзгори мактаби рақами 69 дар деҳаи Холмуродӣ, мегӯяд, ҳар субҳ ӯ кӯдаконро аз назди дарё ва пули ларзон пешвоз гирифта ва баъд аз дарс гусел мекунад, то фалокат рух надиҳад. “Ҳозир худи кӯдакон дар дарё сангҳоро пайиҳам чидаанд, то аз болои он гузаранд. Се рӯз пеш ду хонандаи синфи ҳафтум вақти гузаштан аз руйи сангҳо ба об афтида, либосашон тар шуд. Ҷавоб додем, рафтанд. Баданашон тар, чӣ хел онҳоро дар дарс нигоҳ дорем? Бемор мешаванд.”

Бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилот омӯзгорон аз донишу шавқи хонандагоне, ки аз деҳи он сӯи рӯд меоянд, тавсиф мекунанд. Саодат Толибова мегӯяд, кӯдакон кӯшиш мекунанд аз дарс дер ва аз таҳсил дур намонанд.

Мақомоти шаҳри Ваҳдат мегӯяд, ҳоло дар пайи расмӣ кардани санади замин ва омода сохтани лоиҳаи мактаб дар байни 4 деҳи ҷамоати Бозорбой Бурунов ҳастанд. Сокинон умед доранд, фарзандонашон билохира соҳиби мактаб мешаванд ва дигар ниёзе ба убури пули ларзону дарё ва роҳҳои хатарнок намемонад.

XS
SM
MD
LG