Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси моҷарои хунини Хованское дар порлумони Тоҷикистон


Шукурҷон Зуҳуров
Шукурҷон Зуҳуров

Шӯрои Маҷлиси Намояндагон - палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон қазияи занонзанӣ дар қабристони Хованскоеро баррасӣ кардааст, ки дар он 3 муҳоҷири тоҷик кушта шуданд.

Шӯрои Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзи 16 май занозании хунин дар қабристони Хованское дар шаҳри Маскавро баррасӣ кард, ки дар пайи он 3 муҳоҷири тоҷик кушта ва 9 тани дигар захмӣ шуданд. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумон, ба Озодӣ гуфт, ки Шукурҷон Зуҳуров – раиси Маҷлиси Намояндагон аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ кард ва хостори таҳқиқи мунсифона шудааст.

Ӯ гуфт, "Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки ҳодиса зери назари вай қарор дорад ва Раҳмазон Раҳимзода - вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муваззаф шудааст, то дар ҳамкорӣ бо мақомоти Русия қазияро пайгирӣ намояд."

Даъвати вакили тоҷик барои таҳқиқи ҷанҷол дар "Хованск"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Раиси Маҷлиси Намояндагон гуфтааст, рӯзи 17 май бо сафари корӣ ба Санкт-Петербурги Русия меравад ва дар онҷо қазияи занозанӣ дар оромгоҳи Хованскоеи Маскавро бо шахсони масъул ҷиддӣ баррасӣ хоҳад кард. Сафари Зуҳуров ба Русия то 20 май мекунад ва ӯ дар иҷлосияи баҳории Асамблеяи байнипорлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок хоҳад кард.

Ба қазияи занозанӣ дар қабристони Маскав бархе аз вакилони порлумони Тоҷикистон низ вокуниш нишон доданд. Саъидҷаъфар

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Усмонзода - узви кумитаи байналмилалии Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон ин занозаниро “фоҷиаи дарднок” унвон карда ва гуфт, “вуҷуди авбошон ва гурӯҳҳои этникӣ бо силоҳ, албатта, хатар ба амнияти шаҳрвандон аст. Мақомоти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Маскав ва ҳамин тавр Русияро лозим буд, то илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯи он меандешиданд. Зеро қабл аз ин ҳодиса муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар ин оромгоҳ кор мекарданд, аз таҳдиду фишори ин гурӯҳҳо ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ хабар дода будаанд”.

Усмонзода мегӯяд, вақте, ки авбошону гуруҳҳои этникӣ бо силоҳ мегарданд, пас, ин ба он маънист, ки онҳо бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ доранд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ҳодисаи хунини оромгоҳи Хованскоеи Маскав Усмонзода аз мақомоти Тоҷикистон, сафорати кишвар дар Русия талаб дорад, то нисбат ба ҳодиса иқдоми ҷиддӣ ва қотеъонаро рӯи даст бигиранд, ки “ҳақро ба ҳақдор” расонанд. Зеро ба таъкиди ин вакили порлумон, “дар сурате ки нисбат ба ин ҳодиса саҳлангорӣ ва хунукназарӣ сурат гирад, минбаъд дигар гурӯҳҳо низ ба амнияти шаҳрвандони мо – муҳоҷирони кории тоҷик таҳдид хоҳанд кард ва эҳтимоли такрори чунин ҳодиса низ вуҷуд хоҳад дошт.”

Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков, муовини аввали раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳизб қасд дорад, қазияи занозанӣ дар оромгоҳи Маскавро то ба Думаи давлатии Русия бикашонад. Ӯ рӯзи 16 май дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "ҳизби коммунисти Тоҷикистон зимни баррасии ин масъала ба ин натиҷа расид, то аз тариқи фраксияи ҳизби коммунисти Русия ҳодисаи фоҷиаборро дар Думаи давлатии ин кишвар матраҳ кунад”. Ба қавли

Ба ин тартиб, қарор аст, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар зудтарин фурсат, ба ҳамтоёнашон дар Думаи давлатии Русия муроҷиатнома фиристад. Онҳо умед доранд, аз ин тариқ аз ҳаққу озодиҳои шаҳрвандони тоҷик, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ҳастанд, ҳимоят хоҳанд кард.

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқоқоти стратегии назди прездиенти Тоҷикистон, аз он изҳори таассуф кард, ки вуҷуди гурӯҳҳои мафиозӣ дар қаламрави Русия ба амнияти муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар хатари ҷиддӣ эҷод кардааст. Вай гуфт, “ҳодисаи ахир баёнгари он аст, ки ин гурӯҳҳо аз як сӯ муҳоҷирони кориро ҳатто дар қабристон кор кардан намемонанд аз сӯи дигар омили қатли онҳо мешаванд”.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

​Ба таъкиди Сафаров, “гурӯҳҳои мафиозии гуногун ҳамеша аз муҳоҷирон ва шаҳрвандони оддӣ ҳаққ меситонанд ва мутаассифона ҳамин амали онҳо дар ниҳоят ба “разборка” баёни ин гурӯҳҳо тамом мешавад”. Ба гуфтаи муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, "барои ҷилавгирӣ аз ин гуна “разборкаҳо” беҳтар аст, то алайҳи гурӯҳҳои мафиозӣ мубориза бурда шавад ва мақомоти Тоҷикистон ва Русияро лозим аст, то муштарак инро амалӣ кунанд."

Рӯзи 14 май, соати тақрибан 11 байни ду гурӯҳ дар назди дарвозаи оромгоҳи Хованское занозании сахт рух дод ва ба тирандозӣ печид. Ба гуфтаи мақомот дар ин муноқиша 3 муҳоҷири тоҷик кушта шуданд ва 9 нафари дигар захм бардоштанд. Ҳарсеи онҳо зодагони шаҳри Роғун будаанд:

1. Хушаков Сӯҳроб (1990)

2. Ризоев Иноят (1977)

3. Собиров Сайнуриддин (1974).

Кумитаи тафтишоти шаҳри Маскав гуфт, ки дар қиболи ин ҳодиса бар асоси моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия (куштор) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Шаҳрдории Маскав гуфт, ба иллати занозанӣ рӯзи 14 май дар қабристони Хованское ду ҷанозаро натавонистаанд ба хок бисупоранд ва шаҳрдорӣ мудири ин оромгоҳро баъди ин занозанӣ барканор кардааст.

Қабристони Хованское, воқеъ дар минтақаи Новая Москва, соли 1972 таъсис ёфта, бузургтарин оромгоҳи нафақат пойтахти Русия, балки тамоми қораи Аврупо ба шумор меравад. Ин оромгоҳ дар километри 21-уми шоҳроҳи Киевское дар майдони 197,2 гектар доман густурдааст.

XS
SM
MD
LG