Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон номаи сарвазири Узбакистонро сарфи назар кунад"


Мутахассисони бахши энержӣ ва баъзе аз таҳлилгарони тоҷик иддаои дигарбораи Узбакистонро дар бораи хатарҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун бепоя донистанд. Баҳром Сироҷов, раҳбари пешини “Барқи тоҷик”, 21 июл дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, дар бораи бехатар будани тарҳи Роғун хулосаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дода шудааст ва ҷое барои нигаронӣ боқӣ намондааст.

Бонки Ҷаҳонӣ аз соли 2008 то 2014 дар маҳалли сохтмони Роғун имконоти техникиву иқтисодӣ ва экологии тарҳи нерӯгоҳро омӯхта буд. Баҳром Сироҷов дар ин муддат бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ ҳамкорӣ мекард ва гуфт, ин бонк моҳи августи 2014 ба хулосае расид, ки сохтмони Роғун хатари экологиву иқтисодӣ надорад ва Тоҷикистон метавонад ба сохтмонаш идома диҳад.

"Дар ин экспертиза ширкати маъруфи “Коин эт Белиер” аз Фаронса, “Электроконсалтинг”-и Итолиё ҳамкорӣ карданд. Ҷиҳатҳои иқтисодии лоиҳаро муттахассисони Бритониё санҷида баромаданд. Дар натиҷаи тадқиқот онҳо тасдиқ карданд, ки ин корро кардан мумкин аст. Хатарҳои зилзиларо низ хеле ҷиддӣ омӯхтанд ва гуфтанд, ки нигаронӣ вуҷуд надорад," – шарҳ дод Баҳром Сироҷов.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари масоили иқтисодии Тоҷикистон низ мегӯяд, баъд аз як силсила тафтишҳои экологии ҳайатҳои муътабари байналмилалӣ ва эътироф шудани лоиҳаи бунёди нирӯгоҳ аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ мухолифт бо ин тарҳ мантиқӣ нест. Зеро, ба қавли ӯ, “дар хулосаи экспертизаҳои муътабар омадааст, ки бунёди ин нирӯгоҳ ба экологияи минтақа хатар надорад ва бӯҳроне ҳам ба вуҷуд намеорад. Бо доштани чунин хулосаҳои байналмилалӣ шояд Тоҷикистон акнун ин номаи нахуствазири Узбакистонро сарфи назар кунад. Дар сатҳи байналмилалӣ низ чунин мавзеъгириро сарфи назар хоҳанд кард.”

Вале Зафар Абдуллоев нуқтаи назари нахуствзаири Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар бораи ҷустуҷӯи манобеи дигари барқ дар Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди нирӯгоҳҳои хурд ё истифода аз нирӯи офтобро пешниҳоди мантиқӣ ва дуруст шумурд.

Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон, рӯзи 19 июл ба Қоҳир Расулзода – нахуствазири Тоҷикистон – номаи расмӣ фиристода, дар он аз хатарҳои бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун гуфтааст. Ин номаи расмии Мирзиёев баъд аз имзои қарордоди Тоҷикистон бо ширкати Салини Импреҷило (Salini Impregilo)-и Итолиё навишта шудааст, ки гуфт дар соли 2018 ду чархаи аввали нерӯгоҳи Роғунро ба кор хоҳад даровард. Ин қарордоди 3,9 миллиард долларист.

Фарҳод Толибов, коршиноси Узбакистон дар шаҳри Тошканд мегӯяд, чунин номаҳо аз тарафи ҳукумати кишвараш падидаи нав нест. Дар гузашта низ чунин дархостҳо аз ҷониби мақомоти расмии Узбакистон матраҳ шуда буд ва ҷониби Тоҷикистон ба онҳо ҷавоб ҳам медод. Дар номаҳои қаблӣ низ дар бораи хатарҳое, ки дар номаи кунунӣ оварда шудааст, сӯҳбат дар миён буд.

Толибов мегӯяд, “ин андешаҳои кӯҳна аст, ки коршиносони мо борҳо ба хатарҳо ва таҳдиди бунёди чунин нирӯгоҳ ишора кардаанд. Яъне, ҳамон суханҳои пешин такрор мешавад ва шояд каме дар шакли дигар ифода ёфтааст. Вале дар асл чизи наве гуфта нашудааст.” Фарҳод Толбибов меафзояд, сабаби гоҳ-гоҳ фиристодани чунин номаҳо дар он аст, ки ҷониби Узбакистон мехоҳад ин масъаларо муҳим нишон диҳад ва таваҷҷуҳро ба ин масъала ҷалб кунад.

Эмомалӣ Раҳмон бо Ислом Каримов дар Тошканд. Июни 2016
Эмомалӣ Раҳмон бо Ислом Каримов дар Тошканд. Июни 2016

Моҳҳои охир дар муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон як навъ нармиш ё беҳбуд мушоҳида мешавад. Чунин нармиши зоҳирӣ дар ҷараёни мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой низ рӯзҳои 23-24 июн дар Тошканд байни Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон ба назар мерасид. Шояд чунин беҳбуд дар ҳалли масъалаҳои дигар, аз ҷумла дар ҳалли масъалаи бунёди Роғун асари мусбат гузорад.

Кишварҳои поёноби минтақа, мисли Узбакистон, ҳамеша мегӯянд, ки бо бунёди нирӯгоҳҳои Роғуни Тоҷикистон ва Қамбаротаи Қирғизистон об дар рӯдхонаҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ камтар ва аҳолии кишварҳои поёноб ба камбуди об дучор мешаванд. Вале Раҳимбек Мамиров, муовини пешини вазири энержӣ ва саноати Қирғизистон мегӯяд, ин кишварҳо ҳамеша миқдори дар қарордодҳои байнидавлатӣ пешбинишудаи обро мегиранд ва хоҳанд гирифт.

“Обанбор тадриҷан сохта мешавад ва об ҳам тадриҷан пур мешавад. Ғайр аз ин дар поёнтар, махсусан дар Қирғизистон, чанд нирӯгоҳи дигар ҳам ҳаст, ки бояд кор кунанд. Мо мехоҳем ё намехоҳем об ҷорӣ мешавад,” – гуфт ӯ.

Нирӯгоҳҳои барқи обии Нораки Тоҷикистон ва Тоқтагули Қирғизистон низ дар минтақаи кӯҳистонӣ сохта шудаанд ва тақрибан 40 сол бидуни мушкили экологӣ фаъолият мекунанд. Чун ин нирӯгоҳҳо дар солҳои Шӯравӣ сохта шуда буданд, ба сохтмони онҳо кишварҳои поёноб мухолифат нишон надоданд. Барои муқоиса, фарқияти нирӯгоҳи Роғун аз нирӯгоҳи Норак ин аст, ки баландии садди обанбори Норак 300 метр аст, дар сурате ки баландии садди Роғун 335 метр хоҳад буд. Ғунҷоиши обанбори Норак 10 миллиард метри муккааб об аст, ғунҷоиши Роғун 13,3 миллиард метри муккааб хоҳад буд.

Дар сурати такмили корҳои сохтмонӣ ва васли 6 чархаи 600-мегаватӣ ниругоҳи Роғун метавонад 3 600 мегават нирӯи барқ тавлид кунад, ки он баробар бо тавоноии се реактори ҳастаӣ мебошад.“Salini Impregilo”, ки ҳоло масъулияти сохтмони нирӯгоҳи Роғунро ба уҳда гирифтааст, таҷрибаи бунёди нирӯгоҳҳои бузургро дорад. Масалан, ин ширкат дар Эфиопия бо маблағи 2,8 миллиард доллар нирӯгоҳ бунёд кардааст, ки ҳоло 2 200 мегават нирӯ тавлид мекунад.

Бо назардошти чунин таҷрибаи ширкати итолиёвӣ Баҳром Сироҷов, раҳбари пешини “Барқи тоҷик” мегӯяд, агар ҳамкориҳо бо ин ширкат бидуни мамониат оғоз ёбад, имкон дорад баҳрабардорӣ аз ду чархаи аввал дар соли 2018 шуруъ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG