Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регар-ТадАЗ" нахустин бозиашро дар Лигаи даъвати AFC мусовӣ кард


Акс аз сомонаи тими "Регар-ТадАЗ"
Акс аз сомонаи тими "Регар-ТадАЗ"

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Тоҷикистон нахустин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 бо тими «Мурас Юнайтед»-и Қирғизистон бо ҳисоби 0:0 ба поён расонд.

Ин бозии AFC Challenge League дар гурӯҳи “С” шаби шанбеи 25-уми октябр дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек - барпо гардид. Дар ҷараёни бозӣ ҳарду даста аз лаҳзаҳои голзанӣ истифода карда натавонистанд ва дар натиҷа якимтиёзӣ гирифтанд.

Бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи “С” миёни тимҳои «Ал-Арабӣ»-и Кувайт ва «Сафо»-и Лубнон бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Бояд гуфт, лубнониҳо, ки бо ҳисоби 2:0 пешгом буданд, аз дақиқаи 51-ум як нафар кам шуданд - Аббос Ассӣ корти сурх гирифт. Дар дақиқаи 80-ум бошад, аз майдон бозигари «Алӣ-Арабӣ» Набил Мармук ронда шуд.

Рақибони “Регар-ТадАЗ” дар гурӯҳи “С” дастаҳои «Мурас Юнайтед» (Қирғизистон), «Сафо» (Лубнон) ва «Ал-Арабӣ» (Кувайт) мебошанд. Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳ ба таври мутамарказ дар як ҷо, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек, доир шудаанд. Ғолиби гурӯҳ ба плей-оффи мусобиқот роҳ меёбад.

Лигаи даъвати AFC-2025/26:

Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

«Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) - «Мурас Юнайтед» (Қирғизистон) – 0:0

Корти зард: Шарбел Гомес, 16, Олег Марчук, 52 (ҳарду аз «Мурас Юнайтед» - Дэвид Атсам, 52, Шуҳрат Элмуродов, 90 (ҳарду аз “Регар-ТадАЗ).

«Регар ТадАЗ» (Тоҷикистон): Мануэл Трезор Панни, Бахтиёр Қаландаров (сарвони даста), Осуман Кассим, 66, Далер Имомназаров, Асилбек Темиров, Шерзод Маҳамадиев (Шуҳрат Элмуродов, 90), Нозим Бобоҷонов, Абдулло Шарипов (Принс Артур, 90+5), Ҷозеф Феумба, Дэвид Атсам, Шервонӣ Мабатшоев, Самандар Қодиров (Квадво Фримпонг, 66).

«Мурас Юнайтед» (Қирғизистон): Костик (сарвони даста), Яскович, Гончар, Ҷумашев (Юнусов, 45), Кулинич, Батсула, Шарбел Гомес (Кошибхонов, 82), Жапаров, Мате, Токтоналиев (Алигулов, 82), Марчук (Эмир-Хан Кидиршоев, 55).

Сардовар - Бараа Камол Абу Ойиша (Фаластин).

25-уми октябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.

«Сафо» (Лубнон) - «Ал-Арабӣ» (Кувайт) - 2:2

Голҳо: Тидиане Камара, 42, Ҳасан Меҳанна, 45, Қосим Ҳайек, 68 (ба дарвозаи худ) - Анайо Ивуала, 53 (аз пеналти).

Аз майдон хориҷ шуданд: Аббос Ассӣ («Сафо»), 51 - Набил Мармук, 80 («Ал-Арабӣ»).

Сардовар - Муртазо Мансуриён (Эрон).

25-уми октябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.

Даври 2-юм

28-уми октябр (сешанбе)

15:00 - «Ал-Арабӣ» (Кувайт) - «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон)

19:00 - «Мурас Юнайтед» (Қирғизистон) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 3-юм

31-уми октябр (ҷумъа)

15:00 - «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон)

19:00 - «Ал-Арабӣ» (Кувайт) - «Мурас Юнайтед» (Қирғизистон)

Эзоҳ: Замони оғози ҳамаи бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.

Ёдовар мешавем, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2024, натавонист ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи Осиё-2025/26 роҳ ёбад, бинобар ин дар Лигаи даъвати AFC иштирок хоҳад кард.

«Регар-ТадАЗ» дар бозии плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои дуи Осиё-2025/26 рӯзи 13-уми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода аз тими «Аҳал»-и Туркманистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Бинобар ин, «Регар-ТадАЗ» иштироки худро дар Лигаи даъвати AFC-2025/26 - идома медиҳад.

Лиги даъвати АFC (AFC Challenge League) сеюмин мусобиқоти бошгоҳии футболи Осиё маҳсуб мешавад. Дар мавсими ҷорӣ дар мусобиқот наздики 20 даста иштирок мекунад, ки ба ду минтақа – Ғарб ва Шарқ – тақсим шудаанд. Ҳар як даста барои иштирокаш дар мусобиқоти гурӯҳӣ 100 ҳазор доллар мегирад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ, ки аз 25-уми октябр то 1-уми ноябр идома хоҳад кард, ҳашт даста ба чорякфинал роҳ меёбад. Бозиҳои чорякниҳоӣ моҳи март, ниманиҳоӣ апрели соли 2026-ум баргузор мешаванд. Финали мусобиқот 9-уми майи 2026 доир мегардад.

XS
SM
MD
LG