Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайвандони Наимҷон Самиев: Бозбинии парвандаро талаб хоҳем кард. ВИДЕО


акс аз бойгонӣ
акс аз бойгонӣ

Наимҷон Самиев, узви собиқи ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, ки ба 15 соли зиндон маҳкум шуд, гуфтааст, ҳукми додгоҳро ноодилона медонад ва бознигарии онро талаб хоҳад кард. Бино бар қонунҳои Тоҷикистон онҳое, ки аз ҳукми додгоҳ норозиянд, метавонанд, ба зинаҳои болоии додгоҳӣ муроҷиат кунанд.

Парванда махфӣ нест, вале ман ҳаққи суҳбатро надорам

Додгоҳи Исфара рӯзи 9 апрел дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО - и рақами 2-и шаҳри Хуҷанд) Наимҷон Самиеви 56-сола ва собиқ раиси бахши ҲНИТ дар Исфараро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – "ғайриқонунӣ расондан, ҷойгир кардан ва нигоҳ доштани лавозимоти ҷангӣ”, "таълими ифротгароӣ" ва "иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ" – ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Абубакр Самиев, падари Наимҷон Самиев як рӯз баъди содир шудани ҳукми додгоҳи Исфара дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо умедвори озод шудани фарзандашон буданд, вале эълони ҳабси ӯ ба мӯҳлати 15 сол онҳоро рӯҳафтода карда, хобу хӯрашонро аз даст додаанд:​ “Адвокаташон аз СИЗО баромада ба мо гуфтанд, ки писарам аз қарори додгоҳ норизоянд. Гуфтаанд, ки аз қарори додгоҳ шикоят мекунанд. Мо ҳам розӣ нестем. Писарам дар мулоқот дар СИЗО ба ман гуфта буданд, ки мақомот ба ӯ ваъда додаанд агар аз рӯи як моддаи 195 ("ғайриқонунӣ расондан, ҷойгир кардан ва нигоҳ доштани лавозимоти ҷангӣ”) айбро ба гардан гирад, ду моддаи дигарро аз парвандааш мегиранд ва бо роҳи афв озод мекунанд. Аммо дар поёни кор ду моддаро бо роҳи сохта ба сараш бор карданд. Мо мехоҳем, ки парвандаи ӯро аз рӯи ҳақ баҳо диҳанд“.

Падари Наимҷон Самиев: Ҳукми писарам ноодилона аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Рустам Юнусзода, додраси додгоҳи Исфара, ки парвандаи Самиевро муҳокима кардааст, рӯзи 10 апрел дар утоқи кориаш ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи парванда суҳбат нахоҳад кард. Ӯ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, "парванда махфӣ нест, вале ӯ ҳаққи суҳбатро надорад". Пайвандони Наимҷон Самиев то ҳоли ҳозир ягона манбаанд, ки дар бораи қазияи ӯ суҳбат мекунанд.

Абубакр Самиев, падари Наимҷон Самиев баъди боздошти писараш ду бор бо ӯ дар СИЗО-и рақами 2-и Хуҷанд дидор ва суҳбат доштааст. Ӯ нақл кард, ки писараш ҳанӯз соли 2014 - замони иҷозаи фаъолият доштани ҲНИТ тарки Тоҷикистон карда, дар Русия зиндагӣ ихтиёр карда буд. Падар гуфт, ки соли 2015 мақомот манзили зисти онҳоро кофтуков карда, аз дохили ҳавлӣ тири аслиҳа ёфтанд. Вале пайвандони Самиев иддао мекунанд, ки "он тирҳоро ба манзили писарашон партофта, баъдан ёфтани онро эълон карда буданд". Иддаое, ки санҷидани он имкон надорад.

Наимҷон Тоҷизода, муфаттиши парвандаи Самиев дар Додситонии Суғд 21 март дар сӯҳбати мухтасари телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "фикри айбдорӣ беасос нест" ва "худи Самиев низ яке аз иттиҳомотро эътироф кардааст".

​Аммо дар мавриди моддаҳои 307 ва 187 ӯ гуфт, бо парванда шинос нест ва дар бораи он ки ба чӣ далел фарзандашро аз рӯи ин моддаҳо айбдор карданд, чизе намедонад. Абӯбакр Самиев гуфт, ба ин бовар аст, ки ин айбҳо зидди писараш сохта ва бебунёданд.

Наимҷон Самиев солҳои 2008-2012 раиси дафтари ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд буд ва баъдан то соли 2014 раиси ин ҳизб дар шаҳри Исфара шуд. Ӯ соли 1988 техникуми шаҳри Исфараро хатм кардааст. Наимҷон Самиев солҳои 2000-2005 як навбат вакили Маҷлиси вилояти Суғд интихоб шуда буд.

Наздиконаш мегӯянд, ӯ аз соли соли 2014 то лаҳзаи боздошт дар Русия мезист. Рӯзи 11 апрел ҲНИТ ҳукми Самиевро ҳамчун "ноодилона" ва "золимона" маҳкум кард.

То ҳол ҳеҷ мақоми давлатӣ омода нашудааст дар бораи қазияи ба Самиев шарҳе бидиҳад.

XS
SM
MD
LG