Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон хост, гузаргоҳи Қулма дар зимистон боз монад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, гузаргоҳи Қулма-Қарасу, ки ин кишварро бо давлати Чин пайваст мекунад, баста нашавад.

Ба қавли масъулини Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ин гузаргоҳ ягона гузаргоҳест, ки мустақиман то Чин мебарад ва дар рушди иқтисоди ин кишвар нақши муҳим дорад.

Хоҳиши ҷониби Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки ҷониби Чин бинобар барфбориҳо ва сардии зимистон пешниҳод кардаанд ин шоҳроҳ дар фасли сармо масдуд карда шавад. Худоёр Худоёров, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 29-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, як ҳайат аз Вилояти Мухтори Бадахшон таҳти сарварии муовини раиси вилоят ба Чин сафар карданд, то ин масъаларо ба таври мусбат ҳал намоянд.

“Сол ба сол ҳамлу нақл тавассути ин гузаргоҳ зиёд мешавад. Ин ягона роҳе ҳаст, ки бевосита аз Чин вориди Тоҷикистон мешавад. Роҳи ҳаётан муҳим аст. Мо кӯшиш мекунем, дар даврари зимистон ин роҳро боз нигаҳ дорем. Вазорати нақлиёт қувва ва техникаи лозимиро дорад",-гуфт ҷаноби Худоёров.

Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон илова кард, ки моҳи декабри соли гузашта миёни Чину Тоҷикистон созишномаи дуҷониба ба имзо расида ва ҳаракат дар ин шоҳроҳ доимӣ эълон карда шуд. Зимнан, гузаргоҳи Қулма-Қарасу бо онки Тоҷикистон ва Чинро бидуни убур аз кишвари дигар, яъне ба таври мустақим пайваст мекунад, яке аз нуқтаҳои бисёр муҳими ҳамлу нақли коло ба шумор меравад. Ба гуфтаи коршиносон ҳоло аз ин гузаргоҳ, ки тавассути он амволу таҷҳизот аз Чин арзонтар ба Тоҷикистон оварда мешавад, дар тамоми манотиқи кишвар бор кашонида мешавад.

Давлатназар Қурбонбеков, як корманди терминали ноҳияи Мурғоб, дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, аз давлати Чин ба Тоҷикистон ба истиснои маҳсулоти зераксизӣ дигар анвои мухталифи коло ворид карда мешавад. Ҷаноби Қурбонбеков афзуд, маҳсулоти чинӣ тавассути борбарҳои худи ин кишвар то марз, яъне то анбор ва терминалҳои вилояти Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб кашонда мешавад ва сипас ба навоҳии мухталифи Тоҷикистон мошинҳои ширкатҳои худӣ онҳоро интиқол медиҳанд.

Масъулини Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, баъди боз шудани ин гузаргоҳ дар соли 2004 солона ҳаҷми ҳамлу нақли коло бештар шуда, Тоҷикистон аз инзивои воридоти мол раҳо шудааст. Гуфта мешавад, танҳо дар давоми соли 2012 бештар аз 3,5 ҳазор автомашинаҳои сабукрав ва борбар гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Чинро убур карда, дар қиёс бо соли гузашта ба маблағи як миллион доллар моли зиёдтар ворид карданд.

Абулфайз Ҷалилов, сармутахассиси Вазорати нақлиёт, низ мегӯяд, танҳо дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо соли гузашта наздики 24 ҳазор тонна тавассути ин гузаргоҳ маҳсулот ворид карда шудааст: “Дар соли 2012 аз Чин тавассути гузаргоҳи Қулма-Қарасу ба Тоҷикистон 3325 адад мошин ворид гардида, 100 ҳазору 364 тонна маҳсулоти гуногуни хоҷагии халқ ворид шудааст. Дар соли гузашта 2959 адад мошин дохил шуд, ки 76 ҳазору 723 тонна маҳсулот ворид кардааст."

Бо ин ҳама, тасмими давлати Чин дар масдуд кардани гузаргоҳи Қулма-Қарасу дар ҳоле мавриди баррасии ду кишвар қарор мегирад, ки аз 5-уми ноябр Қирғизистон гузаргоҳи Сариқош-Қарамиқро баста ва дар убуру мурури бошинҳои борбар ба Тоҷикистон мушкил эҷод кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз соли 2000 ба ин тараф Узбакистони ҳамсоя бо ҷорӣ кардани низоми раводид дар ҳаракати нақлиёти борбар тавассути қаламраваш барои Тоҷикистон монеаҳои маснуӣ пеш овардааст.

Аммо ба гуфтаи Худоёр Худоёров, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, ҳиссаи интиқолдиҳандаҳои ватанӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ дар ҳоли афзоиш буда ва барои мисол дар муқоиса бо соли 2005, ки ҳамагӣ 15 дарсадро ташкил медод, дар соли гузашта то 49 дарсад боло рафтааст. Гуфта шуд, ки дар ҳоли ҳозир воридоти коло ба Тоҷикистон тавассути даҳ гузаргоҳи автомобилӣ аз Афғонистон, Чин, Узбакистон ва Қирғизистон сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG