Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Авротоҷ" - роботи нахустин дар Тоҷикистон (ВИДЕО)


Суннатулло Қосимов ҳамроҳи "робот"-аш
Суннатулло Қосимов ҳамроҳи "робот"-аш

Як хонандаи синфи даҳуми литсейи инноватсионӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон “робот”-еро сохтааст, ки дар ҳоли ҳозир бо се забон гап зада, ҳамзамон вазифаи дарбониро иҷро мекунад.

“Авротоҷ” – исми аввалин “робот” ё "одами оҳанин" дар Тоҷикистон ва он ҳам маҳсули кори як навраси 16-сола мебошад.

Сунатулло Қосимов, хонандаи синфи 10-уми литсейи инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ин “робот”-ро дар 14-солагияш сохта ва талоши ворид кардани забони чорум дар хотираи онро дорад.

“Робот”-и Сунатулло айни замон бо 3 забон -- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гап мезанад ва барои таъмини амният ва нигоҳубини мактабу муассисаҳои дигар низ пешбинӣ шудааст. Ин донишомӯзи тоҷик мегӯяд, дар асри 21, яъне фанновариҳои ҷадид, дигар киро кардани муҳофиз – одамон зарур нест. “Робот”, яъне муҳофизи ӯ, ки Авротоҷ (аввалин роботи Тоҷикистон) ном дорад, метавонад дар мактабҳо ҳамчун дарбон истода, хонандаҳои ба дарс дермондаро акс бигираду сарзаниш намояд.

Ӯ мегӯяд: “Ин роботро дар муддати тахминан як солу як моҳ сохтам. Он қобилияти роҳ рафтан, сухан гуфтан ва ба навор гирифтан дорад. Қадаш 1 метру 60 сантиметр аст. Онро, инчунин, метавонем дар фурудгоҳҳо барои расондани эълонҳо ба мардум истифода барем. Аслан идеяи сохтани чунин як робот дар фикри ман баъд аз тамошои филмҳои мухталиф пайдо шуд. Аз кӯдакӣ ҳамеша фикр мекардам, чӣ тавр роботҳо сохта мешаванд ва мегуфтанд бояд робот созам.”

Роботи нави Сунатулло Қосимов, хонандаи синфи 10
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Барои сохтани ин “робот” Сунатулло бештар аз 2 ҳазор сомонӣ сарф кардааст. “Авротоҷ” аслан аз қисмҳои эҳтиётии мошинҳо, мисли муҳаррик, сохта шудааст. Ин робот нахустин кори Сунатулло Қосимов нест. Дар паҳлӯи он дар утоқи кории Сунатулло, ки маъмурияти Донишгоҳи технологӣ барояш дар литсейи инноватсионии ин муассиса ҷудо кардааст, ҳамчунин як роботи дигари ҳаҷман хурдтар аз аввалӣ ҳам ҳаст.

“Робот”-и дувуми Сунатулло махсус барои муҳассилини синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар хотираи ин робот-муаллим барномаҳои таълимӣ сабт мешавад ва хонандаҳо метавонанд дар баробари дарси мактаб бо муаллими беҷон суолу ҷавоб кардаву дониши худро сайқал диҳанд: “Кори ин робот аз аввалӣ беҳтар мешавад. Хонандагони

синфҳои аз 1 то 4 тавассути ин робот метавонанд барномаи таълимиро хубтар аз худ кунанд. Вай ҳам мисли муаллим метавонад ба хонандаҳо дарс гӯяд, агар ба ӯ халал расонанд, мегӯяд, ҳоло гӯш кунед, баъд идома медиҳед. Баъд аз 30 дақиқа бо талабаҳо суолу ҷавоб мекунад.”

Ихтироъкорӣ ва истеъдод Сунатуллоро аз мактаби як деҳаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба пойтахт овард. Раҳбарияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баъди огоҳ шудан аз қобилияту истеъдоди ин наврас ду соли пеш ӯро барои таҳсил аз ноҳия ба пойтахт оварда, барояш имкон додаанд, дар литсейи донишгоҳ ройгон ё бепул таҳсил ва дар хобгоҳи он зиндагӣ кунад. Сунатулло ба фарқ аз аксар дигар хонандагон дар ин литсей ҳамчунин утоқи махсуси кории худро дорад ва баъд аз соатҳои дарсӣ дар он ҷо ба такмили робот ва дигар ихтироъҳои худ машғул мешавад. Дар ин утоқ дар баробари роботҳо, мо чанд ихтирои дигари ӯро дидем. Вай барои 23 феврал чун тӯҳфа ба хизматчиёни ҳарбӣ як мошини хурде сохтааст, ки худаш онро мошини “пайгир” ном мебарад. Ба иддаои Сунатулло мошини ӯ ба низомиён барои ёфтани пайи душман ва минаҳо истифода мешавад.

Бархе аз дастгоҳҳои сохтаи Сунатулло алакай дар литсей мавриди истифода қарор гирифтааст. Масалан, ҳоло муаллимони мактаб метавонанд бидуни ягон мушкил аз синфхона нишасти занги мактабро пахш кунанд. Барои ин, Сунатулло ба омӯзгорони “пулт”-и занг сохтааст.

Одинамощ Одинаева
Одинамощ Одинаева

Одинамоҳ Одинаева, роҳбари Литсейи инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, мегӯяд, дар доираи барномаи вижаи ин муассиса, ки ҳадафаш кашфи ихтироъкорони ҷавон аст, онҳо ба чунин наврасону ҷавонон имкон медиҳанд, ихтирооту маҳсули эҷоди худро амалӣ ва ба ҷомеа муаррифӣ кунанд. Хонум Одинаева дар робита ба Сунатулло гуфт: “Ҳамчунин аз ҷониби Сунатулло ба муносибати 20-солагии Сарқонун як китоби гӯё омода шуда буд, ки кадом моддаи Сарқонун агар ба мо лозим бошад, метавонем ба рақамҳое, ки дар рӯйи китоб насб шудааст зер кунем ва ҳамон моддаро пурра бишнавем. Бовар дорем, дар оянда аз Сунатулло шахсе ба воя мерасад, ки номбардори Ватану миллати мо мешавад.”

Ҳоло ин навраси ихтироъкори тоҷик барои ширкат дар озмуни байналмилалии ихтироъкорони наврас, ки ҳар сол дар Маскав баргузор мешавад, омодагӣ мебинад. Маъмурияти Донишгоҳи технологӣ тасмим доранд, номзадии ин наврасро ба озмун пешбарӣ кунанд ва бо ин роҳ имстеъдоду дастовардҳои Сунатулло Қосимов дар берун аз кившар ҳам муаррифӣ шавад. Сунатулло ҳамчунин ғолиби имсолаи озмуни ҷумҳуриявии “Бозёфтҳо” аст, ки ҳар сол аз ҷониби телевизиони “Баҳористон” гузаронда мешавад.

Айни видео дар Ютуб:

Дар зимн, гуфта мешавад наврасону ҷавонони зиёде дар Тоҷикистон ба ихтироъкорӣ таваҷҷӯҳ доранд ва чунин дастгоҳу маводи ҷолибу ғайриоддие рӯйи кор меоранд, аммо аксаран адами таваҷҷӯҳ ва ягон сарпараст, ки тавонад барои дар амал истифода шудани ин ихтироот кумакашон кунад, ин наврасонро то ҷое нороҳату дилсард мекунад. Сунатулло ҳам дар робита ба мушкили ихтироъкорӣ сӯҳбат кардаву гуфт: “Мехоҳам дар Тоҷикистон озмоишгоҳҳои физикӣ ва техникии хубе бошад, ки барои сохтани чунин дастгоҳҳо, аз ҷумла робот тамоми шароитро дошта бошанд. Ҳоло мо дар дарёфти муҳаррикҳо зарурӣ барои сохтани дасту пои робот бисёр мушкил мекашем ва онро худамон дар тӯли 5-6 рӯз месозем, ки сифаташ чандон хуб нест.”

Сунатулло, навраси 16-солаи тоҷик, орзу дорад оянда муҳандис шавад ва навовариҳои муҳими дигареро дар бахшҳои мухталиф рӯйи кор орад. Аммо барои амалишавии орзуи Сунатулло ва ҷавонони дигари ихтироъкору навовари тоҷик, албатта, дастгирӣ ва сарпарасти хуб лозим аст.

XS
SM
MD
LG