Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли Рӯҳонӣ: Соли умедҳо, вале умедҳои маҳдуд


Соли 2013 барои Эрон соли рафтани раисиҷуҳмури собиқ Маҳмуди Аҳмадинажод ва омадани Ҳасани Рӯҳонӣ буд, ки бо ваъдаи эҳёи иқтисодӣ, пеш бурдани як сиёсати мӯътадил ва берун кашидани кишвар аз инзивоъ ба курсии раёсат нишаст.

Оғози раёсати Ҳасани Рӯҳонӣ бо иқдомоти умедбаш шурӯъ шуд, аммо ин ҳама чӣ қадар ва то куҷо пойбарҷо хоҳад буд? Ин суолест, ки ҳоло шарикони Эрон дар минтақа ва ҳамчунин давлатҳои абарқудрати ҷаҳон, ки борҳо Эронро барои барномаи зидду нақизи ҳаставӣ муҷозот кардаанд, матраҳ мекунанд.

Солҳо ба назар мерасид, ки баҳси барномаи ҳастаии Эрон ин кишварро торафт ба ботлоқи инзивоъ мекашад. Аммо соли 2013 авзоъ якбора дигар шуд.

Рӯҳонӣ ва Аҳмадинажод
Рӯҳонӣ ва Аҳмадинажод
Моҳи июни соли 2013 Эрон раисиҷуҳмури нав интихоб кард, ки бо ваъдаи мӯътадил будан, чӣ дар масоили дохилӣ ва чӣ дар сиёсати хориҷӣ рӯи кор омад. Моҳи ноябр ҳукумати ӯ бо қудратҳои ҷаҳонӣ ба созиш расид, ки дар ивази коҳиши баъзе фаъолиятҳои ҳастаӣ таҳримотро алайҳи кишвар сабуктар мекунанд. Ин қадами нахустин дар роҳи созиши фарогир барои ҳалли буҳрони ҳастаии Эрон буд.

Аммо дар ҳоле ки гуфта мешавад, иқдомҳои Руҳонӣ, ки як дастпарвардаи нухбагони дохилист, кишварро баъди даҳҳо соли рӯёрӯӣ бо Ғарб ба ҷодаи нав мебарад, саволе ҳамоно дар зеҳнҳо чарх мезанад, ки масири ин дигаргуниҳо то куҷо хоҳад буд?

Майкл Адлер, донишманди умури минтақа дар маркази Вилсони Вашингтон мегӯяд: “Бидуни шубҳа, ҳолати нав ва шеваи наве вуҷуд дорад ва мо инро дар созиши Женева мушоҳида кардем. Ин оғозест ки Эрон метавонад бо он кор кунад. Албатта, суоли умда ин аст, ки оё дар ҳаллу фасли умумӣ Эрон ҷилави чӣ миқдор аз барномаҳои ҳастаияшро мегирад. Аммо ба сурати умум, талоши нав барои пешбурди гуфтушунид ва дарёфти ҳалли масоил ба назар мерасад.”

Ба гуфтаи Адлер, дар ҳоле ки Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчун масъули собиқи музокироти барномаҳои ҳастаии Эрон ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки музокироти ҳастаӣ аз авлавиятҳои маъмурияташ хоҳад буд, аммо боз ҳам аз салоҳияти комил бархӯрдор нест ва наметавонад бидуни иҷозаи раҳбари олӣ, яъне оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, тасмим бигирад. . Ин ба маъноест, мегӯяд Адлер, ки ҳадду ҳудуди ҳаракатҳои Рӯҳонӣ комилан ба Хоманаӣ бастагӣ дорад ва танҳо ӯ метавонад дар мавриди муомилот бо Ғарб чароғаки сабзро барои Рӯҳонӣ рӯшан кунад.

Ба ақидаи Адлер, Хоманаӣ ба Рӯҳонӣ мегӯяд, ки “ба пеш”, аммо аз эҳтимол дур нест, ки мисли натиҷаи гуфтугӯҳои авоили солҳои 2000-ум боз аз роҳ пас бигардад ва бигӯяд, “ ин созиш хуб нест, моро фиреб медиҳанд ва биёед, аз шеваи дигар кор бигирем.”

Дар соли 2003 Ҳасани Рӯҳонӣ ба сифати масъули музокироти барномаҳои ҳастаии Эрон бо се қудрати калидии Аврпуо ба созиш расид, ки бар пояи он Эрон бояд ба ивази кумакҳои фаннӣ дар соҳаи ҳастаӣ ғанисозии ураниумро қатъ мекард. Раҳбари олии Эрон ба ин пешниҳод ҷавоби рад дод ва созиш ноком шуд.

Ҳоло ҳам боваре вуҷуд надорад, ки талошҳои Рӯҳонӣ дар ниҳояти амр самареро ба бор биёранд.

Аз сӯи дигар, Алекс Ватанка, таҳлилгари умури Эрон дар пажӯҳишгоҳи Ховари миёнаи Вашингтон мегӯяд, музокирот ба Хоманаӣ ҳалли масъалаеро пешниҳод мекунад, ки ӯро бештар аз ҳар чизи дигар нигарон кардааст. Яъне чӣ гуна итминон бидиҳад, ки паёмади таҳримоти Амрико ва Аврупо бо хашми саросарии мардум ба режим таҳдид накунад: “Он чӣ мо мешунавем, ин аст, ки оятуллоҳ Хоманаӣ наметавонад бештар аз ин дар ин ҷода пофишорӣ кунад. Ин ҳам дар ҳоле ки ҳар моҳ аз 5 то 6 миллиард доллар фоидаи нафт аз даст меравад ва пули зиёде ҳам дар ин кишвари аҳолиаш 77 миллион нафар гардиш намехӯрад. Оятуллоҳ Хоманаӣ медонад, ки чаро то ҳол ин режим пой бар ҷост ва ҳодисаҳои соли 1979- ро ёд дорад, ки на танҳо як инқилоби сиёсӣ ба муқобили шоҳ, балки инқилоби иқтисодӣ ҳам буд. Мардуми зиёде, ки ба муқобили шоҳ бархостанд, аз ҳуқуқи иқтисодӣ маҳрум буданд. “

Ба ин тартиб, то замоне ки Ҳасани Рӯҳонӣ бо вазири хориҷааш Муҳаммадҷаводи Зариф роҳи берунрафти Эрон аз мушкилоти иқтисодиро нишон медиҳанд, аз пуштибонии раҳбар бархӯрдор ҳастанд. Маълум аст, ки чунин маъмурият мустақилияти комили ин ду мақомро таъмин намекунад, зеро ҳаракатҳои онҳо аз тарафи тундравони режим ба таври мӯшикофона назорат мешаванд. Тундравҳои Эрон ба муқовимат бо Ғарб бартарӣ медиҳанд, сиёсате, ки дар давраи Аҳмадинажод аксари вақт бо пуштибонии раҳбари олӣ амалӣ мешуд.
XS
SM
MD
LG