Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳпаймоии камранги "Полки ҷовидон" дар Душанбе


Имсол фақат инҳо ба роҳпаймоии "Полки ҷовидон" омаданд
Имсол фақат инҳо ба роҳпаймоии "Полки ҷовидон" омаданд

Имсол дар Рӯзи Ғалаба роҳпаймоии “Полки ҷовидон” бо ширкати хеле ками одамон баргузор шуд. Давоми ҳашт соли гузашта садҳо нафар дар ин маросим ширкат мекарданд. Аммо субҳи 9-уми майи имсол фақат ҳудуди 20-30 кас барои ширкат дар роҳпаймоии “Полки ҷовидон” омаданд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ мегӯянд, имсол ширкатдорони "Полки ҷовидон" дар назди Театри опера ва балети Душанбе ҷамъ шуда, ба сӯи Боғи Ғалаба раҳсипор шуданд.

Шавкат Мирзоев, як масъули Иттифоқи сарбозони интернатсионалист дар Тоҷикистон субҳи 9-уми ба Радиои Озодӣ гуфт, қаблан аз хоҳишмандон даъват кардаанд, ки барои ширкат дар роҳпаймо ба назди Театри опера ва балет ҳозир шаванд.

Роҳпаймоии “Полки ҷовидон” солҳои гузашта бо ҳузури одамони зиёд ва намояндагони дипломатии Русия дар Тоҷикистон баргузор мешуд.

Имсол дар Русия ва Қирғизистон роҳпаймоии “Полки ҷовидон” баргузор намешавад. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, ин тасмим ба далели "таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти ҷамъиятӣ" гирифта шудааст. Дар Русия ҳам ин чорабиниро бо далелҳои амниятӣ манъ карданд.

Назарҳо ба роҳпаймоии “Полки ҷовидон” дар Тоҷикистон ва кишварҳои собиқ Шӯравӣ яксон нест. Ширкатдорони он бовар доранд, ки ин маърака барои пос доштани хотираи ширкатдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон кори хуб аст.

Вале мухолифони ин маърака бовар доранд, баргузории раҳпаймоӣ бо раҳбарии намояндагиҳои Русия ҳолати таблиғотӣ дошта, султаи Иттиҳоди Шӯравиро ёдовар мешавад ва истиқлоли давлатҳоро халалдор мекунад. Он ҳам дар пасманзари ҷанг дар Украина.

Аксҳо аз роҳпаймоии "Полки ҷовидон дар Душанбе. 9 майи 2024

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG