Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии парокандаи “Полки ҷовидон” дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон Рӯзи Ғалабаро таҷлил карданд.
Дар Тоҷикистон Рӯзи Ғалабаро таҷлил карданд.

Роҳпаймоии “Полки ҷовидон”, яке аз маъракаҳои асосии Рӯзи Ғалаба имсол дар Душанбе пуршукӯҳ баргузор нашуд. Як қисми ширкатдорон маъракаро дар дохили пойгоҳи 201-уми Русия ва гурӯҳи хурде онро дар “Боғи Ғалаба” гузаронданд.

Солҳои пеш ин маърака бо ширкати садҳо нафар дар наздики “Боғи Ғалаба” баргузор мешуд.

Юрий Агарков, сокини Душанбе, 9-уми май бо ҳамсар ва писараш барои таҷлил аз Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ба пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Душанбе омадаанд. Гузаштагони онҳо дар ин ҷанг иштирок кардаанд.

Агарков ғалаба дар ҷангро барои Тоҷикистон ва Русия “иди муқаддас” медонад. “Бояд хотири қаҳрамонҳоямонро пос дорем. Мехоҳам фарзандонам ҳам дар ин маърака ширкат карда, корномаи гузаштагонашонро фаромӯш накунанд,”-мегӯяд, ин ҳамсуҳбати мо.

Даҳҳо нафар барои ширкат дар роҳпаймоии “Полки ҷовидон” ба ин пойгоҳ омада буданд. Як масъули Шӯрои собиқадорон ба мо гуфт, шаҳрдори Душанбе имсол баргузории роҳпаймоии бузург дар назди Боғи Ғалабаро “мувофиқи мақсад” надонист. Нахуст ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷоза доданд, ки вориди пойгоҳ шуда, роҳпаймоиро сабт кунанд. Вале баъдан бо дахолати кормандони Сафорати Русия аз хабарнигорони Озодӣ талаб карданд, пойгоҳро тарк кунанд.

Ин 8-умин роҳпаймоии “Полки ҷовидон” мебошад. Солҳои гузашта ин маърака дар "Боғи Ғалаба"-и Душанбе бо ширкати садҳо нафар баргузор мешуд. Аммо имсол теъдоди ширкатдорони роҳпаймоӣ дар "Боғи Ғалаба" хеле кам буд. Зоҳиран дар миёни созмондиҳандагони маърака тавофуқи назар набуд.

Видеоро инҷо бинед:

Таҷлили Рӯзи ғалаба дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Дониш Худойдодов, сокини шаҳри Панҷакент барои ширкат дар роҳпаймоии “Полки ҷовидон” ба Душанбе омадааст. Мегӯяд, барои гузарондани маърака ба пойгоҳи 201 нарафтанд. Ӯ гуфт: “Мо дар инҷо худамон ташкил кардем, барои поси хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ.”

Назарҳо ба роҳпаймоии “Полки абадӣ” дар Тоҷикистон ва кишварҳои собиқ Шӯравӣ яксон нест. Ширкатдорони он аз ҷумла Алишер Боқиев бовар доранд, ки ин маърака барои пос доштани хотираи ширкатдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон кори хуб аст. Боқиев рӯзи 9-уми май либос ва медалҳои бобояшро пӯшида ба Боғи Ғалаба омадааст.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, “одамон бояд қаҳрамонҳои худро ёд кунанд. Онҳо ҷангиданд ва дар тамоми дунё сулҳро барқарор карданд. Дигар чизе, ки одамон фикр мекунанд аллакай дуввумдараҷа аст.”

Вале мухолифони ин маърака бовар доранд, баргузории раҳпаймоӣ бо раҳбарии намояндагиҳои Русия ҳолати таблиғотӣ дошта, султаи Иттиҳоди Шӯравиро ёдовар мешавад ва истиқлоли давлатҳоро халалдор мекунад. Он ҳам дар пасманзари ҷанг дар Украина. Дар баъзе аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ ба ин раҳпаймоӣ иҷозат намедиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи роҳпаймоии “Полки ҷовидон” расман изҳори назар намекунанд. Пештар баъзе масъулин гуфта буданд, аксу портретҳои шахсони фавтидаро ба даст гирифтану ба хиёбон баромадан хилофи арзишҳои исломист. Вале сарфи назар аз танқидҳо ин раҳпаймоӣ чанд сол аст баргузор мешавад, ҳарчанд имсол он таҳти таъсири манфии ҳамлаи Русия ба Украина мондааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG