Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Криштиану Роналду ба “Ювентус”-и Италия гузашт. ВИДЕО


Машҳуртарин ситораи футболи муосир Криштиану Роналдуи португалӣ ба дастаи “Ювентус”-и Италия гузашт. Барои даъвати ин футболбози 33-сола бошгоҳи “Ювентус” 100 миллион евро ба дастаи “Реал Мадрид”-и Испания пардохт намуд ва панҷ миллион еврои дигарро ҳамчун мукофот ё бонус пардохт мекунад.

Роналду тобистони соли 2009-ум аз бошгоҳи “Манчестер Юнайтед”-и Англия ба “Реал Мадрид” пайваста, давоми нуҳ сол дар ҳайати ин даста ҳунарнамоӣ кард. Роналду бо бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” чаҳор маротиба Ҷоми лигаи қаҳрамонҳои Аврупоро соҳиб шудааст.

Криштиану Роналду ба “Ювентус”-и Италия гузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

Ҷоизадори панҷкаратаи “Тӯби тиллоӣ” чанд вақти ахир аз муносибати раҳбарияти бошгоҳи “Реал мадрид”, бахусус президенти ин даста Флорентина Перес норозӣ буд. Ӯ дархост карда буд, ки бошгоҳ барояш шартномаи нав пешниҳод кунад, то ӯ дар қатори ду ҳарифи асосиаш Леонел Месси ва Неймар Юниор сердаромадтарин футболбози дунё шавад.

Паҳлӯи дигари моҷарои Криштиану Роналду бо раҳбарияти бошгоҳ ин буд, ки президенти “Реал Мадрид” ҳамеша барои ӯ ҷойгузин меҷуст ва таваҷҷӯҳи бештар ба ҳамлагари бразилии бошгоҳи "Пари Сен Ҷермен" Неймар дошт.

Давоми нуҳ соли ҳунарнамоиаш Роналду дар дастаи “Реал Мадрид” ба рамзи аслии ин бошгоҳ табдил ёфт ва ҳар мавсими варзиширо ба унвони беҳтарин ҳамлагари даста ба анҷом мерасонд.

XS
SM
MD
LG