Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футбол: 5 голи Руcия ба дарвозаи Арабистони Саудӣ. АКС


Бозии шавқовару пуршиддат бо пирӯзии мизбонон – футболбозони Русия – бо ҳисоби бузурги 5:0 ба поён расид.

Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия 14-уми июн шуруъ шуд. Маросими кушоиши мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2018 пеш аз бозӣ миёни тимҳои мунтахаби миллии Русия ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Маскав, дар варзишгоҳи “Лужники”, ки барои тамошогарон наздики 85 ҳазор ҷойгоҳ дорад, доир гардид.

Бозии шавқовару пуршиддат бо пирӯзии мизбонон – футболбозони Русия – бо ҳисоби бузурги 5:0 ба поён расид.​

Мусобиқотро ба унвони мизбони сабқат президенти Русия Владимир Путин ҳусни оғоз бахшид. Ӯ зимни суханрониаш ба ҳамаи 32 дастаи мунтахаби ширкатдори мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон муваффақият орзу кард. Ӯ гуфт, баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол барои ҳифзи сулҳ дар ҷаҳон хидмат мекунад.

Юрий Газинский нахустин голи бозии аввали ҷомро зад
Юрий Газинский нахустин голи бозии аввали ҷомро зад

Президенти Федератсиони байналмилалии футбол (FIFA) Ҷани Инфантинно изҳор намуд, ки дар моҳи наздик футбол қалби Русия ва баъдан кулли ҷаҳонро тасхир месозад.

Ҷараёни кушоиш ва бозии нахустини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018-ро дар қатори раҳбарони дигар кишварҳо, инчунин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам тамошо кард.

Ба иттилои расмӣ, дар ифтитоҳи мусобиқот раҳбарони тахминан 20 давлат, асосан ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин ширкат доштанд. Дар миёни онҳо - президентони Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Кирғизистон - Сооронбой Ҷеенбеков, Озарбойҷон - Илҳом Алиев ва ҳамсараш Меҳрубон Алиева, раиси ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ва ҳамсараш Светлана Медведева ва дигарон ҳузур доштанд.

Баъди анҷоми маросими кушоиши мусобиқот нахустин бозии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 миёни тимҳои миллии Русия ва Арабистони Саудӣ баргузор шуд. Ин бозии шавқовару пуршиддат бо пирӯзии мизбонон – футболбозони Русия – бо ҳисоби бузурги 5:0 ба поён расид.

Ҳисобро дар дақиқаи 12-ум нимҳимоятгари мунтахабаи Русия Юрий Газинский боз кард. Ӯ тӯби ҳавододаи ҳамдастааш Александр Головинро аз ҷаримагоҳ бо зарбаи сар ба дарвозаи меҳмонон зад. Ин аввалин голи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 ба шумор меравад.

Голи дувумро нимҳимоятгар Денис Черишев дар дақиқаи 43-юми бозӣ ба ҳадаф расонд. Ӯ дар дақиқаи 24-ум, баъди он ба майдон баромад, ки ҳамдастааш Алан Дзагоев ҷароҳат бардошт ва майдонро тарк кард.

Голи севумро ҳамлагар Артём Дзюба дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 71-ум, бо кӯмаки нимҳимоятгар Александр Головин ба самар расонд. Ӯ як дақиқа пеш Фёдор Смоловро иваз карда буд.

Дар дақиқаҳои охири бозӣ Денис Черишев голи чорум ва Александр Головин голи панҷумро ба самар расонданд. Денис Черишев, ки ду гол зад, бозигари беҳтарини ин дидор эътироф шуд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон барои аввалин бор дар Русия баргузор шудааст. Бозиҳои марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия - Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Сочи, Екатеринбург, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Волгоград, Нижний Новгород ва Калининград -- то 15-уми июл идома хоҳад кард.

Дар Ҷоми ҷаҳон-2018 боз 63 бозӣ доир мешавад: дар сабқати гурӯҳӣ – 47 бозӣ, дар ҳаштякфинал – 8 бозӣ, дар чорякфинал – 4 бозӣ, дар нимфинал – 2 бозӣ, барои ҷойи севум – 1 бозӣ ва финал – 1 бозӣ.

Бозиҳои марҳалаи пешакӣ то 28-уми июн идома меёбанд. Бозиҳои 1/8 ниҳоӣ аз 30-юми июн то 3-юми июл, бозиҳои чорякниҳоӣ 6-7-уми июл, бозиҳои ниманиҳоӣ 10-11-уми июл, бозӣ барои ҷойи севум 14-уми июл, бозии ниҳоӣ 15-уми июл баргузор мешаванд.

Маблағи ҷоизаҳои мусобиқот 400 миллион долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба Ҷоми ҷаҳон-2014 12 дарсад бештар аст (дар Бразилия 358 миллион доллар буд). Қаҳрамони ҷаҳон 38 миллион доллар мегирад.

Ба финалист 28 миллион доллар супурда мешавад. Барои ҷойи севум 24 миллион доллар муқаррар шудааст.

Ҳар як дастаи ширкаткунандаи қаҳрамонии ҷаҳон-2018 на кам аз 8 миллион доллар мегирад. Дастаҳои мунтахабе, ки ба нимфинал мебароянд, бо 22-миллиондолларӣ сарфароз мегарданд. Ба ширкаткунандагони даври чаҳорякфиналӣ 16-миллиондолларӣ, ҳаштякфиналӣ – 12-миллиондолларӣ супурда хоҳад шуд.

Бар асоси қуръакашӣ 32 дастаи ширкаткунандаи мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 ба ҳашт гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Ду дастаи мунтахаб – Исландия ва Панама – барои аввалин бор дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон иштирок мекунанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018

Таркиби гурӯҳҳо:

гурӯҳи А: Русия, Арабистони Саудӣ, Миср, Уругвай; гурӯҳи В: Португалия, Испания, Марокаш, Эрон; гурӯҳи С: Фаронса, Австралия, Перу, Дания; гурӯҳи D: Аргентина, Исландия, Хорватия, Нигерия; гурӯҳи Е: Бразилия, Швейтсария, Коста-Рика, Сербия; гурӯҳи F: Олмон, Мексика, Шведсия, Кореяи Ҷанубӣ; гурӯҳи G: Белгия, Панама, Тунис, Англия; гурӯҳи H: Полша, Сенегал, Колумбия, Ҷопон.

Ҷадвали бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2018

Бозии №2. 15 июн. 17.00. Екатеринбург. Миср – Уругвай

Бозии №3. 15 июн. 23.00. Сочи. Португалия – Испания

Бозии №4. 15 июн. 20.00. Санкт-Петербург. Марокаш – Эрон

Бозии №5. 16 июн. 15.00. Қазон. Фаронса – Австралия

Бозии №6. 16 июн. 21.00. Саранск. Перу – Дания

Бозии №7. 16 июн. 18.00. Москва. "Спартак". Аргентина – Исландия Бозии №8. 16 июн. 24.00. Калининград. Хорватия – Нигерия

Бозии №9. 17 июн. 23.00. Ростови соҳили Дон. Бразилия – Швейтсария Бозии №10. 17 июн. 17.00. Самара. Коста-Рика – Сербия

Бозии №11. 17 июн. 20.00. Москва. "Лужники". Олмон – Мексика

Бозии №12. 18 июн. 17.00. Нижний Новгород. Шведсия – Корея

Бозии №13. 18 июн. 20.00. Сочи. Белгия – Панама

Бозии №14. 18 июн. 23.00. Волгоград. Тунис – Англия

Бозии №15. 19 июн. 20.00. Москва. "Спартак". Полша – Сенегал

Бозии №16. 19 июн. 17.00. Саранск. Колумбия – Ҷопон

Бозии №17. 19 июн. 23.00. Санкт-Петербург. Русия – Миср

Бозии №18. 20 июн. 20.00. Ростови соҳили Дон. Уругвай – Арабистони Саудӣ

Бозии №19. 20 июн. 17.00. Москва. "Лужники". Португалия – Марокаш Бозии №20. 20 июн. 23.00. Қазон. Эрон – Испания

Бозии №21. 21 июн. 20.00. Екатеринбург. Фаронса – Перу

Бозии №22. 21 июн. 17.00. Самара. Дания – Австралия

Бозии №23. 21 июн. 23.00. Нижний Новгород. Аргентина – Хорватия Бозии №24. 22 июн. 20.00. Волгоград. Нигерия – Исландия

Бозии №25. 22 июн. 17.00. Санкт-Петербург. Бразилия – Коста-Рика Бозии №26. 22 июн. 23.00. Калининград. Сербия – Швейтсария

Бозии №27. 23 июн. 23.00. Сочи. Олмон – Шведсия

Бозии №28. 23 июн. 20.00. Ростови соҳили Дон. Корея – Мексика

Бозии №29. 23 июн. 17.00. Москва. "Спартак". Белгия – Тунис

Бозии №30. 24 июн. 17.00. Нижний Новгород. Англия – Панама

Бозии №31. 24 июн. 23.00. Қазон. Полша – Колумбия

Бозии №32. 24 июн. 20.00. Екатеринбург. Ҷопон – Сенегал

Бозии №33. 25 июн. 19.00. Самара. Уругвай – Русия

Бозии №34. 25 июн. 19.00. Волгоград. Арабистони Саудӣ – Миср

Бозии №35. 25 июн. 23.00. Саранск. Эрон – Португалия

Бозии №36. 25 июн. 23.00. Калининград. Испания – Марокаш

Бозии №37. 26 июн. 19.00. Москва. "Лужники". Дания – Фаронса

Бозии №38. 26 июн. 19.00. Сочи. Австралия – Перу

Бозии №39. 26 июн. 23.00. Санкт-Петербург. Нигерия – Аргентина

Бозии №40. 26 июн. 23.00. Ростови соҳили Дон. Исландия – Хорватия

Бозии №41. 27 июн. 23.00. Москва. "Спартак". Сербия – Бразилия

Бозии №42. 27 июн. 23.00. Нижний Новгород. Швейтсария – Коста-Рика

Бозии №43. 27 июн. 19.00. Қазон. Корея – Олмон

Бозии №44. 27 июн. 19.00. Екатеринбург. Мексика – Шведсия

Бозии №45. 28 июн. 23.00. Калининград. Англия – Белгия

Бозии №46. 28 июн. 23.00. Саранск. Панама – Тунис

Бозии №47. 28 июн. 19.00. Волгоград. Ҷопон – Полша

Бозии №48. 28 июн. 19.00. Самара. Сенегал – Колумбия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG