Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳи Қонуни асосӣ дар Русия чиро иваз хоҳад кард?


Рӯзи 1-уми июл дар Русия ва намояндагиҳои расмиаш дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, раъйпурсӣ ё референдум барои ворид кардани тақрибан 200 ислоҳ ба Қонуни асосӣ идома кард. Ин тағйиротро порлумон, президент ва Додгоҳи қонуни асосии Русия қабул кардаанд, аммо Владимир Путин ваъда додааст, тарҳ танҳо баъд аз ризояти мардум ба иҷро медарояд.

Бо сабаби пандемияи коронавирус ва роҳ надодан ба таҷаммӯи зиёди мардум овоздиҳӣ дар Русия рӯзи 25-уми июн оғоз ёфта, як ҳафта идома кард.

Кремлин гуфтааст, овоздиҳӣ барои суботу амнияти кишвар зарур аст, дар ҳоле ки ба бовари мухолифон ҳадафи асосӣ дароз кардани муҳлати президенти 67-сола аст.

Дар як муроҷиати телевизиониаш ба мардум Путин аз сокинони Русия хост, ба ҷонибдории тағйирот ба Конститутсия овоз диҳанд.

Ҷунбиши "Голос" дар изҳороте дар бораи мавридҳои зиёди қонуншиканӣ, аз ҷумла раъйдиҳии такрорӣ гузориш дод. Дар яке аз нуқтаҳои овоздиҳӣ дар Санкт-Петербург маъмури полис ба хабарнигори "Медиазона" Давид Френкел ҳамла карда, дасти ӯро шикастааст.

Яке аз пурбаҳстарин ислоҳ – ба ҳеч баробар шудани муҳлати президентии гузаштаи Владимир Путин аст. Ин банди тағйирот дар аввал набуд. Онро рӯзи 10-уми марти имсол бо пешниҳоди вакили Думаи давлатӣ аз ҳизби “Русияи воҳид”, нахустин зани кайҳоннавард Валентина Терешкова, ворид карданд.

Дар сурати қабули он Путин ҳақ пайдо мекунад, ки ду муҳлати дигар, яъне то соли 2036, дар қудрат бимонад.

Мухолифони Путин ислоҳоти ёдшударо "кудатои конститутсионӣ" номидаанд. Путин ҳафтаи гузашта эълон кард, ки ҳанӯз тасмим нагирифтааст, аммо агар ислоҳоти Қонуни асосӣ аз сӯи мардум пуштибонӣ шавад, пешниҳоди номзадии худро дар интихоботи оянда рад намекунад.

Владимир Путин дар солҳои 2000 ва 2004 барои ду давра раиси ҷумҳур интихоб шуд. Ӯ дар соли 2012, пас аз чаҳор соли як "қалъабандӣ"-и мансаби президентӣ бо рафиқаш Дмитрий Медведев, ба курсии президентӣ баргашт.

Давраи президентии Путини 67-сола дар соли 2024 ба охир мерасад ва бино бар Қонуни асосии Русия вай дигар ҳақ дошта наметавонист, номзади раёсатҷумҳурӣ шавад. Вале тағйире, ки ба ин қонун ворид карда шуд, акнун барояш имкон хоҳад дод, аз соли 2024 сар карда боз ду давраи дигар президенти Русия бошад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG