Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Тоҷикистон ҳавопаймову чархболҳои ҷангӣ медиҳад


Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу 30 ноябр баъд аз дидору гуфтугӯ бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо дар Маскав хабар дод, ки дар соли 2017 Русия ба Тоҷикистон миқдори зиёди ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомӣ тақдим мекунад.

Ба навиштаи хабаргузориҳои Русия, вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфтааст, “дар соли оянда марҳилаи муҳими ҳамкориҳои низомии миёни ду кишвар фаро мерасад ва мо миқдори зиёди техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомиро ба Тоҷикистон интиқол медиҳем”. Ба эътимоди вазири дифоъ, ин амр барои тақвияти субботу низом дар марзҳои ҷанубии Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ мусоидат хоҳад кард.

Ба таъкиди Сергей Шойгу, интиқоли ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомӣ бо дарназардошти таҳдидҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро аз Афғонистон, аз ҷумла баъд аз ҳузур пайдо кардани гурӯҳҳои марбут ба созмони “Давлати исломӣ” дар қаламрави Афғонистон муҳим аст.

Шералӣ Мирзо дар мулоқот бо Шойгу рӯзи чоршанбе гуфт, “марзҳои ҷанубии созмон пайваста таҳти назорати нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарор доранд”. Аммо ба таъкиди Сергей Шойгу, интиқоли ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомӣ бо дарназардошти таҳдидҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро аз Афғонистон, аз ҷумла баъд аз ҳузур пайдо кардани гурӯҳҳои марбут ба созмони “Давлати исломӣ” дар қаламрави Афғонистон муҳим аст.

Ба манбаъҳои нашрияи "Коммерсант" хабар додаанд, ки кӯмаки низомӣ ба Тоҷикистон инчунин воситаҳои мухобирот, силоҳи оташфишон, системаи мушакиро дар назар мегирад, ки дар ихтиёри нирӯҳои низомии Русия қарор дорад.

Вазири мудофиаи Русия афзудааст, ки кишвараш ҳамзамон ба омӯзиши афсарҳо барои артиши Тоҷикистон машғул мебошад. Ба гуфтаи Сергей Шойгу, “ҳоло беш аз ҳазор афсарони тоҷик омӯзиш ёфта ва ин раванд идома дорад. Мо дарк мекунем, ки мубориза бо терроризми байналмиллалӣ кори дастҷамъона мебошад ва Русия дар ин кор ҳамеша дар канори Тоҷикистон аст”.

Коршиносони рус таъкид мекунанд, ки мувофиқаи қаблӣ барои ироаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба Тоҷикистон ҳанӯз соли 2012 миёни ду кишвар ҳосил шуда буд ва Русия ӯҳдадор шуд, ки барои тақвияти иқтидори низомии Тоҷикистону Қирғизистон – ду кишвари мизбони пойгоҳи низомиаш 70 миллиард доллар масраф кунад. Дар баробари ҳавопаймоҳои ҷангӣ, таъмини ин кишварҳо бо силоҳу муҳимоти дигари ҷангӣ ҳам ваъда шудааст.​

Мақомоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба далели дар сафари Русия қарор доштани раҳбарият ва набудани иттилои дақиқ дар бораи ин тасмими Маскав, аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд. Вале Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо радиои Озодӣ гуфт, тасмими тақдими ҳавопаймоҳову чархболҳои низомии Русия ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бидуни ҳеҷ шарте анҷом дода мешавад. Вай афзуд:

"Эътои ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомии Русия ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созишномаи соли 2013 дар бораи бозсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сурат мегирад. Русия бо ин иқдоми худ ҳеҷ ҳадафи дигаре надорад. Ба иттилое, ки ман дорам, ин ҳавопаймоҳо ва чархболҳо нав хоҳанд буд".

Дар ҳоле, ки иттилои дақиқи марбут ба миқдори ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомии артиши Тоҷикистон аз назари мақомот махфӣ мебошад, пойгоҳи хабарии Aviation Week & Space Technology мушаххас кардааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ягон адад ҳавопаймои низомӣ дар ихтиёр надорад. Ба иттилои ин манбаъ, артиши тоҷик танҳо чаҳор чархболи Ми-24 ва 11 адад чархболи Ми-8/ Ми-17 ТМ дорад, ки зоҳиран бештар борбар дониста мешаванд. Бештари ин чархболҳо аз замони шӯравӣ ба мерос мондаанд ва фарсуда шудаанд.

Дар гузашта як манбаи радиои Озодӣ дар вазорати дифоъ гуфта буд, ки ҳама гуна кӯмакҳои низомии Русия моли шӯравӣ буда, аз назари истифодаву сифат дуруст ба кор намеравад. Александр Храмчихин, муовини мудири Донишкадаи пажӯҳишҳои сиёсӣ ва низомии Русия рӯзи 1 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин ҳарфҳоро тасдиқ кард ва гуфт, “Тоҷикистон набояд интизор бошад, ки Русия барояш ҳавопаймоҳои нав медиҳад”. Вай гуфт:

"Мусаллам аст, ки агар Тоҷикистон ҳавопаймоҳои нав мехоста бошад, бояд онро аз Русия харидорӣ кунад. Тоҷикистон чунин имкониятро надорад. Русия танҳо мехоҳад артиши Тоҷикистонро тақвият диҳад ва ба ин хотир ҳавопаймоҳову чархболҳои кӯҳнаи сохти шӯравиро медиҳад. Русия аз Тоҷикистон қарздор нест. Баръакс, вуҷуди Тоҷикистон ҳамчун кишвар аз Русия ва пойгоҳи низомиаш вобаста аст".

Дар ҳамин ҳол, Абдулғанӣ Мамадазимов, сиёсатшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки Русия мехоҳад аз фурудгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар канори Душанбе истифода кунад ва ба ин хотир барои моил кардани мақомоти тоҷик дар ин замина тасмим гирифтааст ба Душанбе ҳавомаймоҳову чархболҳои низомӣ тақдим кунад. Вай афзуд:

"Русия тӯли 25 сол ба Тоҷикистон ваъдаҳои низомӣ мекард, аммо асосан таҷҳизоти низомии фарсудаву кӯҳна медод. Солҳо ваъда медод, ки дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун саҳм мегирад. Душанбе интизор буд ва дар ниҳоят ахиран бо истифода аз зарфияти худ ба бунёди ин нерӯгоҳ шурӯъ кард. Москва дарк кард, ки мавқеи худ дар Тоҷикистонро аз даст медиҳад ва барои тақвияти ҳифзи марзҳои ҷанубии ИДМ тасмим гирифт ба Душанбе ҳавопаймоҳову чархболҳои кӯҳнаашро диҳад. Маскав дарк мекунад, ки аз Афғонистон ба ҳамаи кишварҳои ИДМ таҳдидҳо афзоиш ёфтааст".

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, ки даргириҳои солҳои ахир дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон собит кард, ки барои пирӯзӣ нақши нерӯҳои ҳавоӣ хеле муҳим аст. Ба ин далел онҳо бар ин назаранд, ки тақвияти нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон бо ҳавопаймоҳову чархболҳои низомӣ зарфияти артиши тоҷикро бештар мекунад.

Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стратегии (IISS), мақараш дар Лондон, моҳи феврал дар гузориши солонааш бо номи “Тавозуни низомӣ-2016” (The Military Balance 2016) артиши Тоҷикистонро аз нигоҳи имконоти низомӣ заиф ва дар амри муқобила бо чолишҳои амниятӣ ва низоъҳои дохилӣ хеле вобастаи нирӯҳои Русия ва Паймони амнияти дастаҷамъӣ номид.

Бино ба ин манбаъ, нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 8800 нафар, бо шумули 7300 аскару афсари артиш ва 1500 тан нирӯҳои ҳавоиву дифои зиддиҳавоӣ, ва 7500 нирӯи ниманизомӣ, бо шумули 3800 тан аз нирӯҳои дохилӣ, 1200 аскару афсари Горди миллӣ ва 2500 тан аз нирӯҳои кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иборат аст. Нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, бино ба ин манбаъ, 30 тонки Т-72, 7 тонки Т-62, 23 мошини зиреҳпӯши навъи БМП ва 23 БТР, як ҳавопаймои ТУ-134 ва се чархболи навъи МИ доранд.

XS
SM
MD
LG