Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Путин чӣ мегӯяд?” – Суол ба довталабони тоҷики шаҳрвандии Русия


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия

Чаҳор муҳоҷири кории тоҷик дар як шаҳри Русия муҳтавои суханронии Владимир Путинро нафаҳмида, дар имтиҳони забони русӣ ноком шудаанд. Дониши забони русии ин муҳоҷирон ба хотири дарёфти осони шаҳрвандии Русия дар Донишгоҳи давлатии Череповетс санҷида шуд.

Русия аз аввали соли 2015 донистани забони русӣ, таърихи Русия ва нукоти асосии қонунгузории ин кишварро барои муҳоҷирон ҳатмӣ кард.

Яке аз бандҳои имтиҳон тамошои суханронии Владимир Путин ва нақли муҳтавои он буд. Аз 18 довталаби шаҳрвандии Русия дар ин имтиҳон танҳо 4 нафар ноком шудаанд, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Екатерина Кубишкина, сухангӯи раёсати Вазорати умури дохилии шаҳри Череповетс, рӯзи 6-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дархости ҳар нафар барои ба даст овардани шиносномаи Русия дар раёсати муҳоҷират баррасӣ мешавад. Ба гуфтаи Кубишкина, як марҳилаи ба даст овардани шаҳрвандӣ супурдани имтиҳон аз забони русӣ аст ва сари чанд вақт ин ниҳод дар бинои донишгоҳ чунин як имтиҳонро барои довталабони шаҳрвандии Русия доир мекунанд.

“Шаҳрвандони хориҷӣ тибқи қонуни нави шаҳрвандӣ дар сурати супурдани имтиҳони забон ва тасдиқи сатҳи хуби забони русӣ соҳиби мақоми ҳамватан (соотечественник)-ро мегиранд. Ин мақом ба онҳо имкон медиҳад, ки дар як муддати кӯтоҳ шаҳрванди Русия шаванд”, - афзуд ӯ.

Имтиҳони забони русӣ барои довталабони шаҳрвандии Русия. 1-уми декабри 2017
Имтиҳони забони русӣ барои довталабони шаҳрвандии Русия. 1-уми декабри 2017

Кубишкина афзуд, дар имтиҳони рӯзи 1-уми декабр 18 довталаб аз Арманистон, Озарбойҷон ва Узбакистону Тоҷикистон иштирок доштанд, вале натиҷа ин шуд, ки 4 шаҳрванди Тоҷикистон дар он ноком гаштанд.

Дар Донишгоҳи давлатии Череповетс имтиҳони муҳоҷирон аз се бахш иборат буд: Тамошои суханронии Путин ва нақли муҳтавои он, посух додан ба чанд суоли содда аз соҳаи кино ва ё адабиёти рус ва суолҳо аз таърихи Русия.

Имтиҳонгирандагон мегӯянд, ин бор нисбат ба довталабони шаҳрвандӣ чандон сахтгир набуданд ва аз онҳо танҳо хостанд, ки суханронии Владимир Путинро бо таваҷҷуҳ гӯш карда бигӯянд, ки раиси ҷумҳур дар бораӣ чӣ гап мезанад. Татяна Воробева, роҳбари шӯъбаи хадамоти хидматрасонии таълимии иловагӣ дар Донишгоҳи давлатии Череповетс, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, талаботи имтиҳони забони русӣ дар донишгоҳи МГМО-и Маскав таҳия шудааст ва дар тамоми донишгоҳҳо аз рӯи он шаҳрвандони хориҷиро имтиҳон мегиранд.

Ӯ гуфт, “ин суханронии Владимир Путин дар яке аз нишастҳо аст, ки як бахши имтиҳонро ташкил мекунад. Имтиҳонсупоранда онро шунида муҳтавояшро бояд нақл кунад ва ба чанд саволи муаллимон аз ин суханронӣ посух бигӯяд. Ин чандон талаби душворе нест, аммо дониши казоии забони русиро талаб мекунад”.

Воробева афзуд, имтиҳон аз ҳамаи довталабон тибқи меъёрҳои ягона гирифта мешавад ва устодон ба дониши ҳар як довталаб холисона баҳо медиҳанд. “Инки дар имтиҳони охир чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ноком шуданд, набояд ғараз ҷуст. Онҳо забони гуфтугӯиро то ҳадде балад буданд, аммо барои супурдани имтиҳон кофӣ набуд. Қаблан чандин шаҳрванди Тоҷикистон имтиҳонро супурда буданд ва баръакси онҳо шаҳрвандони кишварҳои дигар ноком шуда буданд”, - иброз дошт Воробева.

Зимнан, яке аз устодоне, ки дар ин имтиҳон иштирок дошт, гуфт, аз чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон яке ба супурдани имтиҳон наздик буд, аммо дар охир ному насаб ва номи падар (отчество)-и президент Путинро гуфта натавонист ва билохира ноком шуд.

Як муҳоҷири 32-солаи тоҷик аз ҷумлаи ширкатдорони ин имтиҳон буд ва аз нокомиаш хеле нораҳат аст. Ӯ дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ эътироф кард, ки даврони таҳсили ӯ дар мактаб ба солҳои нобасомони 90-ум рост омад ва имкони омӯзиши хуби забони русиро надошт. “Ман 10 сол боз дар Русия ҳастам ва озод бо русӣ муошират мекунам. Суханҳои Путинро фаҳмидам. Ҳар рӯз аз телевизион ҳам мебинам. Лекин дар фаҳмонданаш мушкилӣ кашидам”, - афзуд ин муҳоҷири тоҷик.

Русия аз аввали соли 2015 донистани забони русӣ, таърихи Русия ва нукоти асосии қонунгузории ин кишварро барои муҳоҷирон ҳатмӣ кард. Тибқи ин қонун, ҳар муҳоҷире, ки барои иҷозатномаи кор ё патент, барои иқомат (вид на жительство) ё будубоши муваққат дархост медиҳад, бояд ҳатман асноди расмӣ дар бораи донистани забони русӣ, таърихи Русия ва қонунҳои ин кишварро дошта бошад.

Истисно танҳо нафаронеанд, ки то 1-уми сентябри соли 1991, яъне қабл аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мактабро хатм кардаанд. Онҳое, ки баъд аз суқути СССР диплом гирифтаанд, бояд аз нав дар қаламрави Русия имтиҳон супоранд.

Аммо бархе аз донишмандон дар матбуоти Русия гуфта буданд, ки талаботи имтиҳон хеле сахт аст ва дар он саволҳое ҷой дода шудааст, ки ба онҳо аксар шаҳрвандони худи Русия посух гуфта наметавонанд.

XS
SM
MD
LG