Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 соли зиндон - барои қатли навраси тоҷик


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи вилояти Ростови Русия як сокини маҳаллиро бо ҷурми куштори навраси 17-солаи тоҷик дар заминаи адовати қавмӣ ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳайъати мушовараи парвандаҳои ҷиноии додгоҳи вилояти Ростови Русия рӯзи 2 сентябр Андрей Гулевич, як сокини 20-солаи шаҳри Ростовро бо ҷурми куштори бераҳмонаи як шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистон дар заминаи адовати қавмӣ, таҳрики адовати қавмиву нажодӣ ва нашри маводи порнографӣ ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Андрей Гулевич, бино ба ҳукми додгоҳ, рӯзи 2 октябри соли 2014 дар маҳаллаи Темерники шаҳри Ростов бо як навраси 17-сола аз Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо ду духтари ҳамсабақаш сайругашт мекард, вориди муноқиша шуда, ӯро дар заминаи адовати қавмӣ чанд корд задааст. Ин навраси тоҷик бар асари захмҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд.

Ибтидо алайҳи Гулевич бо иттиҳоми куштор дар заминаи авбошӣ парвандаи ҷиноӣ кушоданд, вале баъдан табиати қавмгароёна доштани ин куштор маълум шуд. Галина Гагалаева, сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Ростов рӯзи 3 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди ба “куштор дар заминаи адовати қавмӣ” тағйир ёфтани иттиҳоми зидди Андрей Гулевич тафтиши парвандаро дафтари марказии Кумитаи тафтишоти Русия бар дӯш гирифт.

Кумитаи тафтишоти Русия дар шарҳи ин қазия менависад, ки навраси тоҷик рӯзи 2 октябри соли 2014 тасодуфан дар маҳалле бо қотилаш рӯбарӯ шуд, ки як гурӯҳ онҷо мехостанд кадом маросими қадимаи славяниро иҷро кунанд. Гулевич ва шариконаш билофосила ба ин наврас дарафтоданд, ки “ин мусулмон дар инҷо чӣ кор мекунад?” Андрей Гулевич, бино ба гузориши сомонаи марказии Кумитаи тафтишоти Русия, “бо изҳори норозигӣ аз ҳузури навраси тоҷик дар ин маҳал ва бо намоиши ошкори дидгоҳи қавмгароёнаи худ ба ҷойҳои мухталифи бадани ин ноболиғ чандин зарбаи корд зад, ки дар натиҷа ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ҷон бохт.”

Дар ҳукми додгоҳ ҳамчунин гуфта мешавад, ки Андрей Гулевич дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет, аз ҷумла дар “ВКонтакте” матолиби қавмгароёна ва ҳатто видеои порнографии алоқаи ҷинсӣ бо кӯдакон (педофилия)-ро нашр мекард, ки ин боиси ба айбномаи ӯ афзуда шудани ду иттиҳоми дигар – таҳрик ба адовати қавмию нажодӣ ва таблиғи порнография шудааст.

Додгоҳи вилояти Ростов Гулевичро бар асоси 3 банди Кодекси ҷиноии Русия - банди «л»-и қисми дуюми моддаи 105 (куштор дар заминаи адовати қавмӣ), моддаи 282(таҳрики адоват ё душманӣ дар заминаи қавмию нажодӣ ва паст задани шаъну шарафи инсонӣ) ва моддаи 242 (нашри ғайриқонунии мавод бо тасвири порнографии ноболиғон) – гунаҳкор шинохт. Андрей Гулевич акнун бо ҳукми додгоҳ 15 соли ояндаро бояд дар маҳбаси низомаш шадид сипарӣ кунад.

Дар якуним моҳи охир ин алакай сеюмин мавриди аз сӯи додгоҳҳои Русия маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шудани афродест, ки дар куштори шаҳрвандони Тоҷикистон дар заминаи адовати қавмӣ гунакҳкор шинохта шуданд.

Василий Федорович
Василий Федорович

Рӯзи 18 июл додгоҳи вилояти Свердловски Русия блогнависи сокини шаҳри Екатеринбург Василий Федоровичро бо ҷурмҳои сангине, чун куштор, одамрабоӣ, таҳрики адоват ва бандитизм ба 22 соли зиндон маҳкум кард. Аъзои дигари ин гурӯҳи ҷиноӣ ба мӯҳлати аз 6 сол то ҳукми умрбод маҳкум шуданд. Дар маҷмӯъ ин банда ба 41 куштор ва даҳҳо мавриди ҳамлаву ғоратгарӣ, дуздӣ ва таҷовуз ба номус гумонбар мешуд, вале тафтишот аз 41 куштор танҳо 14 қатлашро тавонист собит кунад. Яке аз қурбониёни ҳамлаҳои ин гурӯҳ, ки дар заминаи адовати қавмӣ кушта шуд, шаҳрванди Тоҷикистон Вахшунвар Шайдоев будааст.

Тавре айбдоркунандаи давлатӣ дар ҷараёни мурофиа гуфтааст, дар моҳи январи соли 2012 яке аз аъзои бандаи Поташников – Федорович бо номи Роман Киряков кистень (як навъи гурз, ки як тарафаш занҷир ва нӯгаш кӯраҳои оҳанини теғдор дорад) сохтааст ва аьзои банда хостаанд, ки ин силоҳи навро дар ягон раҳгузар биозмоянд. Аз бахти бадаш Вахшунвар Шайдоев дар кӯчаи Билимбаеви Екатеринбург аз пеши роҳи ин гурӯҳи ҷиноӣ мебарояд ва онҳо шаҳрванди тоҷикро то аз по афтоданаш бо ин гурз мекӯбанд ва сипас ба баданаш боз 5 корд мезананд. Киряковро додгоҳ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Салоҳиддин Азизов
Салоҳиддин Азизов

Ҳамин тавр, рӯзи 24 июл ​додгоҳи шаҳри Маскав Иля Горячев, раҳбари як созмони қавмгароро, ки дар 5 куштор, аз ҷумла дар қатли ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов гунаҳкор шинохта шуд, ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Салоҳиддини он замон 20-сола шаби 5 ба 6 декабри соли 2008, дар як ҷангалзор дар наздикии рустои Жабкино ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ҳамлагарон сари ӯро бурида, баъди чанд рӯз дар назди идораи ҳукумати як минтақаи шаҳри Маскав партофтанд ва бо ирсоли паёмҳои электронӣ ба созмонҳои ҳуқуқи башар куштори ваҳшиёнаи ин муҳоҷири тоҷикро рамзи муборизаи худ алайҳи “ишғоли Русия аз сӯи мардуми ғайр” номиданд.

XS
SM
MD
LG