Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пайи қазияи Ҳувайдо сардори пулиси Серпухово барканор шуд


Ҳувайдо Тиллозода

Як афсари баландпояи раёсати умури дохилии Маскав барои саҳлангорӣ ва роҳ додан ба таҷовузи ҷинсӣ ва қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтараки 5-солаи тоҷик аз мақомаш барканор шудааст.

Валерий Пучков, сардори Раёсати минтақавии Серпухово, ки ҷиноят дар қаламрави зери назорати онҳо сурат гирифт, барои он аз мақомаш барканор шуд, ки иттилоот дар бораи рафтори шубҳабарангези муттаҳам ба қатли Ҳувайдоро тафтиш накардаанд.

Дар раёсати мазкур рӯзи 2-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Валерий Пучков, полковники политсияро моҳи декабр “ба нафақа фиристоданд” ва ба ҷойи ӯ Александр Самохин таъйин шуд.

Ҳувайдо Тиллозода, сокини шаҳри Кӯлоб рӯзи 22-уми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва ҷасади ӯро як рӯз баъд дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.

Баъди ин Александр Сёмин, як ҷавони 27-солаи рус бо иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ва қатли Ҳувайдо дастгир шуд. Ба гуфтаи муфаттишон, дар хонаи ин ҷавон, ки дар ҳамсоягӣ бо хонаводаи Ҳувайдо истиқомат дошт, изи пойи кӯдак ва нақши ангуштонашро пайдо кардаанд.

Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод ва баъди он чаҳор афсари пулиси Маскав аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Ин мусибат ба сари мо омад, ба сари дигарон наояд, ин одам ҷазояшро бигирад

Баъд аз чанд рӯзи фоҷиа мақомоти Русия гуфтанд, ки барои саҳлангорӣ дар иҷрои вазифа муовини сардори раёсати минтақавии пулиси Серпухово ва ду афсари дигарро барои саҳлангорӣ дар иҷрои вазифа аз мақомҳояшон сабукдӯш карда шуданд.

Мақомот гуфтанд, ки масъалаи фаъолияти Валерий Пучков, ки дар рухсатӣ буд, баъди баргаштан ба кор ҳал мешавад ва ғолибан ӯро ҳам аз мақомаш барканор мекунанд.

Барканории 5 нафар барои нотавонӣ дар пешгирии ҷиноят

Валерий Пучков, ки собиқаи 25-солаи корӣ дар ниҳодҳои вазорати умури дохилии Русияро дорад, моҳи августи соли 2016 сардори Раёсати минтақавии пулиси Серпухово таъйин шуда буд.

Бо барканории ӯ дар маҷмӯъ 5 афсари пулиси Маскав барои саҳлангорӣ ва нотавонӣ дар пешгирии қатли тифли 5-солаи тоҷик аз мақомҳояшон сабукдӯш шуданд.

Расонаҳои Русия баъди ин фоҷиа гузориш доданд, ки аҳолии маҳаллае, ки Ҳувайдо онҷо зиндагӣ мекард, дар гузашта ба нозирони минтақавии милиса дар бораи рафтори шубҳабарангез шикоят кардаанд.

Онҳо гуфтаанд, ки Александр Сёмин, бо шалвори нимапоён як духтаракеро таъқиб кардааст, вале нозирони милиса ин рафтори ӯро нодида гирифтаанд ва ҳеҷ чорае ҳам нисбати ӯ наандешидаанд.

Хабари барканориро шунидам, вале...

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо, ки ҳоло дар шаҳри Маскав қарор дорад, рӯзи 2-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “хабари барканории Валерий Пучковро шунидааст, вале ин хабар духтари номуродашро дигар барнамегардонад.”

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муҳокимаи Александр Сёмин, моҳи декабри соли гузашта ба таъхир андохта шуд, рӯзи 10-уми январ баргузор мешавад.

“Ба ман аз додситонӣ нома омад, ки муҳокима рӯзи 10-уми январ сурат мегирад ва ман бо вакилонам дар ин мурофиа ширкат мекунам” – гуфт, Абдусалом Саидов ба Радиои Озодӣ.

Вай афзуд, азбаски хешовандони Александр Сёмин саъй доранд, ки ӯро бемории равонӣ нишон дода аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кунанд, ӯ Дагир Хасавов - вакили дифоъи шинохта ва раҳбари созмони "Драконта"-ро

ҳам киро кардааст. Айни замон ду вакили дифои дигари рус аз ҳаққи Абдусалом Саидов дар додгоҳ ҳимоят мекунанд.

Падари Ҳувайдо Тиллозода ҳамчунин ба Радиои Озодӣ гуфт, айни замон ҳеҷ ҷое кор карда намекунад ва фақат аз паси қазияи Ҳувайдо аст. Ба гуфтаи ӯ, додситонии кулли Тоҷикистон ҳам аз додситонии Русия хостааст, дар таҳқиқи одилонаи қазия кумак кунад.

Абдусалом Саидов мегӯяд, талош мекунад, то гунаҳкор ҷазои сазовор бигирад ва чунин фоҷиаҳо дигар такрор нашаванд. Ӯ гуфт: “Ин мусибат ба сари мо омад, ба сари дигарон наояд, ин одам ҷазояшро бигирад ва барои дигарон ҳам панду насиҳат шавад.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG