Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маъюбон ҳам одаманд". Рӯзгори зане, ки 7 сол боз "сарпаноҳ" меҷӯяд. ВИДЕО


"Намехоҳам духтарам мисли ман дар интернат ба воя расад". Қиссаи як зани тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед

Як зани 34-сола дар Тоҷикистон мегӯяд, муроҷиатҳои батакрораш барои гирифтани сарпаноҳе дар пойтахт дастикам ҳафт сол боз беҷавоб мондааст.

Дар шаҳрдории Душанбе ба Шаҳноза Давлатмирова гуфтаанд, номаш дар навбати хона ҳаст ва ҳар вақте имкон даст дод, соҳиби манзил хоҳад шуд.

Ҳоло ӯ бо ягона духтараш ва бо 340 сомонӣ нафақаи маъюбӣ муваққатан дар бемористон зиндагӣ мекунад.

Шаҳноза Давлатмирова мегӯяд, пешниҳоди зистан дар хонаи пиронсолонро дар шаҳри Турсунзода рад кардааст, чун муҳити он ҷо барои кӯдак мусоид нест: “Вақте маро аз хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе берун карданд, як муддат дар хонаи пиронсолони Турсунзода зиста будам. Онҷо барои ман, ки ҷавон ҳастам, мувофиқ набуд. Агар дар он ҷо монам, духтарам чӣ кор мекунад? Маъюбон ҳам одам ҳастанд.”

Ӯ охири ҳафтаи гузашта дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, даҳ сол пеш издивоҷ карда, баъдан ҷудо шуд, аммо аз он никоҳ як духтар дорад, ки ҳоло дар синфи сеюми мактаб-интернат мехонад. “Талошам ин аст, ки бо пайдо кардани сарпаноҳе ягона фарзандамро худам бузург кунам ва хононаму соҳиби ҷойи кор ва зиндаги шоиста гардонам”, -- мегӯяд ӯ.

Давлатмирова маъюби модарзод аст ва аз даст маҳрум буда, дар дусолагӣ аз як пойи равон ҳам мондааст. Сабабаш, ба гуфтаи ӯ, ин будааст, ки “ҳангоми нодуруст гузаронидани сӯзандору пой дигар инкишоф наёфт”.

Аммо ин танҳо дарде нест, ки ӯ солҳо боз ба дӯши худ гирифта мегардад. “Волидон ҳангоми маъюбӣ аз ман даст кашидаанд ва ҳеч вақт касе ба суроғам наомад. Вақте дар синфи панҷум таҳсил мекардам, инро дарк кардам. Падар ё модари кӯдакон меомаданд, ҳама ба сӯйи онҳо медавид, вале касе ба хабаргирии ман намеомад. Гоҳи дигар ҳама мерафтанд, дар интернат танҳо мемондам, баъд муаллимон маро ба мисли фарзанд нигоҳ мекарданд”, -- нақл кард ӯ.

Ба гуфтаи Шаҳноза Давлатмирова, ӯ мактабро дар шаҳри Ҳисор хатм карда, баъдан ба омӯзишгоҳи маъюбон рафтааст: “Дигар ҷои зист надоштам ва маро ба хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе ҷой карданд. Дар онҷо бо мадади раҳбари собиқи он давраи омӯзишии дӯзандагӣ ва муҳосибиро гузаштам, аммо ба сабаби дарди пой дигар натавонистам кор кунам.”

Асадулло Зикрихудоев, роҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, мегӯяд, аз вазъияти Шаҳноза Давлатмирова огоҳ аст, аммо чорае ба ҷуз интизор будан надоранд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ин модари танҳо дар суръати пайдо кардани сарпаноҳе метавонад зиндагии худро бо ҳунари дӯзандагиву муҳосибӣ таъмин кунад.

“Ба сабаби он ки мақомоти давлатӣ манзил намесозанд ва он аз тарафи шахсони алоҳида бунёд мешавад, мо пешниҳод карда будем, ҳангоми тақсими қитъаи замин ба афроди ниёзманд, маъюбон низ ба назар гирифта шаванд”, -- афзуд ӯ.

Радиои Озодӣ ҳафт сол пеш низ ба сарнавишти Шаҳноза таваҷҷуҳ карда буд:

Шаҳноза Давлатмирова, қаҳрамони гузориши мо мегӯяд, “ҳадди ақал дар ягон хобгоҳ ҳам ҷой диҳанд, мо розӣ ҳастем. Вале намехоҳам дар хонаи пиронсолон бимонам”.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар даврони Шӯравии пешин барои бесарпаноҳ намондан аз сӯи давлат барои ин гурӯҳи осебпазир барномаҳои вижа амалӣ мешуд ва онҳо баъд аз берун шудан аз парваришгоҳ дар масъалаи шуғлу манзил имтиёзҳо доштанд. Аммо аксари хатмкардаҳои имрӯзаи мактаб-интернатҳо ва онҳое, ки бекас мондаанд, аз мушкили манзили зист азият мекашанд ва намедонанд, бо ин мушкили худ ба куҷо муроҷиат кунанд.

Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, мисли Шаҳноза Давлатмирова ҳудуди 160 ҳазор шахси дорои имкониятҳои маҳдуд ба сар мебаранд.

Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мегуянд, маъюбон аз имтиёзҳое, ки давлат муайян кардааст, бархурдор ҳастанд, аммо худи маъюбон имтиёзҳои пешбинишударо нокофӣ мешуморанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG