Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Қиёмиддини Ғозӣ аз вазъи саломатии ӯ нигаронанд. ВИДЕО


Саид Қиёмиддини Ғозӣ. Ин акс аз бойгонии хонаводагии рёҳонии зиндонист, ки наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд.

Наздикони Саид Қиёмиддини Ғозӣ, воизи маъруф дар солҳои навадум, шикоят доранд, ки мақомот баъди эълони ҳукми Додгоҳи олӣ иҷозаи мулоқот бо ин руҳонии зиндониро надодаанд. Саид Қиёмиддини Ғозӣ моҳи ноябри соли гузашта боздошт ва моҳи майи имсол бо се ҷурм, аз ҷумла хиёнат ба давлат, ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Наздикони Саид Қиёмиддини Ғозӣ аз вазъи саломатии ӯ нигаронанд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:18 0:00

Чаҳор рӯз дар беҳушӣ ба сар бурдааст. Имрӯз андаке ба худ омада, гап задааст. Табибон гуфтанд, ки ғизо ҳам мехӯрад ва барояш хомшӯрбо бурдем.

Хонаводаи руҳонӣ: "Ӯ чаҳор рӯз дар кома буд"

Хонаводаи ин руҳонӣ иддао доранд, ки ӯ баъди интиқол ёфтан аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба СИЗО-и Вазорати адлия дар оғози моҳи июн дучори кома шудааст. Иддаое, ки мақомоти зиндон тасдиқ ё рад намекунанд.

Бибимаъмура Қосимова ва Раҷабгул Мусулмонова, модару ҳамсари Саидқиёмиддини Ғозӣ, рӯзи 12-уми июн ба дафтари Радиои Озодӣ омада гуфтанд, феълан ӯ дар бемористони назди зиндони «Кирпичний»-и шаҳри Ваҳдат бистарист.

“Чаҳор рӯз дар беҳушӣ ба сар бурдааст. Имрӯз андаке ба худ омада, гап задааст. Табибон гуфтанд, ки ғизо ҳам мехӯрад ва барояш хомшӯрбо бурдем. Бисёр умед доштем, ки ба хотири дилпур шудани мо нишонаш медиҳанд, аммо гуфтанд, ҳоло мумкин нест”, - нақл кард Раҷабгул Мусулмонова.

Муовин: Ҳар касе набошад, таҳти муроқибат аст

Мақомоти расмӣ хабари бемории Саид Қиёмиддини Ғозиро шарҳ намедиҳанд. Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия, ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар боздоштгоҳ ҳамаи онҳое, ки ба сар мебаранд, хоҳ Қиёмиддини Ғозӣ аст ё нафари дигар, таҳти муроқибат ҳастанд. Вазъи тандурустии онҳо таҳти назорати ҷиддӣ аст. Ҷои нигаронӣ нест.”

Раҷабгул Мусулмонова
Раҷабгул Мусулмонова

Ҳамсари Саид Қиёмиддини Ғозӣ мегӯяд, руҳонии 66-сола бемории дилу қанд ва фишори хун дошт ва аз ин сабаб аз вазъи саломати ӯ дар ташвишанд. Вай бо такя ба қавли пизишкон гуфт, шавҳараш дар боздоштгоҳ бар асари фишори баланд аз ҳуш рафтааст.

“Дар мулоқот бо мо масъули беморхонаи назди маҳбаси «Кирпичний» Абдуҷаббор Турсунзодаи Турсун гуфт, ки Қиёмиддин на бар асари латту кӯб ё зӯроварӣ, балки аз фишорбаландӣ беҳуш шудааст. Вақте ӯро ба беморхона бурдаанд, вазъаш беҳад сангин будаст», - афзуд ӯ.

"Хидматҳояшро ба назар гиред, бибахшед"

Бибимаъмура Қосимоваи 95-сола, модари Саидқиёмиддини Ғозӣ низ гуфт, пизишкон ба онҳо як рӯйхати доруро додаанд, то барои табобати писараш дастрас кунанд. Ӯ гуфт, “вақте дар СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд, мерафтем ва мулоқот мекардем. Вазъияташ хуб буд ва шикоят надошт. Аз президенти ҷумҳурӣ мехоҳам, писарамро бибахшад ва хидматҳои барои ватан кардаашро ба назар гирад.”

Бибимаъмура Қосимова
Бибимаъмура Қосимова

Додгоҳи олии Тоҷикистон Саид Қиёмиддини Ғозӣ (Қиёмиддин Ғозиев), рӯҳонии шинохта ва воизи маъруф дар аввали солҳои 90-умро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ", "хиёнат ба давлат" ва "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ" муҷрим шинохтааст. Ҳанӯз маълум нест, Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар мурофиаҳои додгоҳӣ ба ин иттиҳомот эътироф кардааст ё не.

Президент: Худаш иқрор аст, ки...

Аммо пеш аз он, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҳузури руҳониён Саид Қиёмиддини Ғозиро «ба ном генерал» ва «яке аз сабабгори бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум» ном бурд. Ӯ гуфт, «ҷайбҳо пури доллари кишвари дар нохунак дӯсти мо. Боз барои ҳамон амалҳои нопоки худ. Худаш иқрор аст, ки ҳамин қадар сол мазҳаби шиаро қабул кардааст ва пурра бо супориши сохтори ҷосусии он кишвар зидди миллати тоҷик кор кардааст».

Саид Қиёмиддин Ғозӣ моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боздошт ва дар як шароити мармуз ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ин рӯҳонии 66-сола ҳамакнун давраи ҷазояшро дар маҳбаси низомаш сангин сипарӣ хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG