Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи падари гумонбар дар куштори фарзанд ба додгоҳ рафт. ВИДЕО


Додситонии ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 11 июл парвандаи мардеро, ки дар куштори фарзанди сесола ва маҷрӯҳ кардани се нафари дигар гумонбар мешавад, ба додгоҳ фиристод. Волидон пофишорӣ доранд, ки писарашон бемори равонӣ аст.

Парвандаи Сорбон Салимовро қарор аст додгоҳи минтақаи Кӯлоб аз рӯи иттиҳоми куштор (моддаи 104, қисми 2, бандҳои а, б, в) баррасӣ кунад. Парвандаи Салимов дар ҳоле ба додгоҳ меравад, ки волидонаш

Ҳоло агар нафаре аз наздикони ягон мансабдори баландпоя мешуд, кайҳо фарзандашро дар бемористон бурда буд, аммо аз сабаби одамони камбизоат будани мо, то ҳол ба бемории фарзандамон бовар надоранд

пофишорӣ мекунанд, ки фарзанди 31-солаи онҳо чандин сол аст дучори мушкили равонӣ мебошад. Мушкиле, ки ба гуфтаи онҳо, дар артиш пайдо шуд ва баъдан боиси фоҷеа дар зиндагии Сорбон гардид. Ба қавли волидон, тафтишот ҳамоно ин воқеиятро эътироф намекунад.

Сорбон Салимов, як сокини деҳаи Тудабоёни ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 20-март боздошт ва дар куштори духтари сесолаву захмӣ кардани ҳамсару духтари дуюм ва ҳамсояаш муттаҳам шуд. Ба қавли наздиконаш, Сорбон дар муддати дар боздошт буданаш панҷ нафарро латукӯб карда баъди ин ба утоқи якнафараи нигаҳдошт интиқол ёфт.

Латукӯби панҷ ҳамҳуҷра дар боздоштгоҳ

Қодир Салимов, падари Сорбон Салимов, ки интизори шурӯи мурофиаи додгоҳӣ аст, рӯзи 10-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳатто баъди се моҳи пеш дар боздоштгоҳ латукӯб кардани панҷ нафар мақомоти тафтишотӣ вазъи равонии ӯро ҷиддӣ нагирифтанд, дар ҳоле, ки бояд ба бемористони амрози рӯҳӣ интиқол меёфт.

“Ташхис кардаанд, ки бемориаш тӯлонимуддат рӯ мезанад, аз ин рӯ гуфтанд, ки бояд дар боздоштгоҳ нигоҳ доранд. Се моҳ пеш панҷ ҳамҳуҷраашро дар боздошгоҳ латукуб кард ва ӯро 15 рӯз дар ҳуҷраи алоҳида нигоҳ доштанд.

Қодир Салимов
Қодир Салимов

Боз кошуқро гирифта нугашро тез карда, мехостааст ба гардани худ занад, вале каси дигар аз дасташ гирифтааст. То ҳол ба бемор будани ӯ бовар надоранд ва бо ин ҳама кораш дар бошдотгоҳ нигоҳ медоранд. Худо накунад, дар ҳамон зиндон ягон касро қасд накунад”, - гуфт падари Сорбон Салимов.

Қодир Салимов гуфт, ки вазъи сиҳҳатии арӯси хонадону набера ва ҳамсояаш рӯ ба беҳбуд овардааст.

Вале масъулини боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Кӯлоб иддаои падарро рад карда гуфтанд, ки ҳодисаи латукӯб воқеият надорад. Дар як сӯҳбати мухтасар бо хабарнигори Радиои Озодӣ як масъули ин боздоштгоҳ ба шарти набурдани номаш гуфт, ки авзои Сорбон Салимов “ҷо ба ҷо” буда, “ба касе қасд накардааст ва дар ҳуҷраи умумӣ нигоҳ дошта мешавад”.

Чаро Сорбон духтари 3-солаашро кушт

Чаро Сорбон духтари 3-солаашро кушт
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:09 0:00

"Понздаҳуми апрел буд..."

Ин ҳам дар ҳолест, ки як боздоштшудаи собиқ, ки ҳамроҳи Сорбон Салимов ду моҳро дар як ҳуҷраи зиндон пушти сар кардааст, вазъи мушавваши рӯҳии ӯро тасдиқ кард.

Абдукарим Ҳабибов, нафаре, ки бо Сорбон Салимов дар боздошгоҳ як ҷо ду моҳро сипарӣ кардааст, рӯзи 11 июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳуҷраи онҳо панҷ нафар буд ва Сорбонро оварданду онҳо шаш нафар шуданд. Ҳабибов гуфт, ки рӯзе дар ҳуҷраи боздоштгоҳ даъво шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҷанг баъди он сар шуд, ки як ҳамҳуҷраашон доим пой мекӯбид. Абдукарим Ҳабибов гуфт:

“Понздаҳуми апрел буд. Мо ҳама дар ҳуҷра будем. Хайр, одами девона - девона ҳаст. Як ҳамҳуҷраамон пой мекӯбид. Ду-се маротиба гуфт “накун”, қарор нагирифт. Бо ҳамин хесту зад ӯро. Мо чанд нафари дигар халос мекунем гуфтем, ки моро низ зад. Ҳамон замон маъмурони боздоштгоҳ омада Сорбонро ба якҳуҷрагӣ бурданд”, - гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Зуҳури мушкили рӯҳӣ дар артиш

Сорбон Салимови 31-сола рӯзи 19-уми марти имсол духтараш Момагули сесоларо бо зарби бел кушт. Вай ҳамон рӯз духтари дигараш Раҷабгул, ҳамсараш Боғигул ва зани ҳамсояро низ сахт маҷрӯҳ кард. Баъди ин ҳодиса кормадони пулис Сорбонро дастгир карда, аз сӯи додситони ноҳияи Ҳамадонӣ нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Баъди ин фоҷеа ва интиқоли Сорбон ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Кӯлоб волидайни ӯ гуфтанд, ки сабаби сар задани фоҷеа бемории рӯҳии Сорбон буд, ки дар артиш ба он гирифтор шуд. Сорбон Салимов солҳои 2009-2011 дар воҳиди низомии 051052 хидмат карда, ба қавли волидонаш, баъди 1 соли 8 моҳи хидмат ба ин ҳол гирифтор шудааст.

Пас аз бозгашт аз арртиш ва муоинаи тиббӣ, табибони вилояти Хатлон хулоса додаанд, ки ӯ гирифтори “маҷзубияти параноидӣ бо раванди хуруҷманд» аст, ки як мушкили равонӣ ба ҳисоб меравад. Бо машварати табибон, Сорбон Салимов таҳти назорати маркази равонпизишкии Кӯлоб қарор дошт. Дар робита бо вазъи рӯҳии Салимов баъди бозгашташ аз артиш ҳанӯз мақомоти масъул шарҳе намедиҳанд ва худи қисми ҳарбӣ ҳам ба ин қазия вокуниш накардааст.

Мавҷигул Раҳимова
Мавҷигул Раҳимова

Баъди ин ҳодиса, волидони Сорбон Салимов бо ирсоли даҳҳо мактуб ба дастгоҳи иҷроияи президент ва додситони кулл хостанд, ки вазъи писарашонро мувофиқ ба ҳолати равониаш баррасӣ кунанду ба беморхонаи рӯҳӣ фиристанд. Мавҷигул Раҳимова, модари Сорбон Салимов рӯзи 10 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло агар нафаре аз наздикони ягон мансабдори баландпоя мешуд, кайҳо фарзандашро дар бемористон бурда буд, аммо аз сабаби одамони камбизоат будани мо, то ҳол ба бемории фарзандамон бовар надоранд”.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG