Дар чанд ҷумла
"Саломатияш бад аст, ёрӣ намегирад." 16 шикоят аз шиканҷа дар Тоҷикистон
Созмони IPHR, Ҳамкории Байнулмилалӣ Барои Ҳуқуқи Башар, мегӯяд, Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон соли 2023 дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ дар боздоштгоҳу зиндонҳои кишвар 16 шикоят гирифт. Аз ин теъдод панҷ шикоят аз занон ва ду шикоят аз ноболиғон будааст.
Ба навиштаи Ҳамкории Байнулмилалӣ Барои Ҳуқуқи Башар (IPHR), дар соли 2023 панҷ афсари ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон ба гуноҳи “шиканҷа” ба мӯҳлатҳои дароз ба зиндон маҳкум шудаанд. Ин омор 26-уми июн, дар Рӯзи байнулмилалии ёрӣ ба қурбониёни шиканҷа, нашр шуд.
Созмони ҳомии ҳуқуқ гуфт, дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ шиканҷаи боздоштшудаҳову зиндониҳо ҳамоно “мушкили сартосарӣ” мемонад ва ба вижа нисбат ба онҳое раво дониста мешавад, ки бо ангезаҳои сиёсӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
“Бо вуҷуди чанд иқдоми мусбат, ки барои мубориза бо шиканҷа ҳадди ақал дар рӯйи коғаз дар саросари минтақа гирифта шудааст, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар татбиқи муассир ва пайвастаи ин чораҳо кӯшиш намекунанд,” – гуфта шудааст дар изҳорот.
Ҳомиёни ҳуқуқ дар ҳамин рӯз аз сарнавишти ҳуқуқдони зиндонӣ Манучеҳр Холиқназаров изҳори нигаронӣ кардаанд. Вай соли 2022, дар пайи эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дастгир ва ба 16 сол зиндон маҳкум гардид.
“Дар ҳоле ки саломати ӯ дар пушти панҷара торафт бад мешавад, мақомот аз таъмини ӯ бо хадамоти зарурии пизишкӣ худдорӣ мекунанд,” – омадааст дар изҳорот.
Дар баёния, инчунин, аз бозгардондани маҷбурии мухолифону мунтақидони ҳукумат изҳори нигаронӣ шудааст, ки ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, бо хатари шиканҷа рӯбарӯ ҳастанд:
“Истирдоди фаъолон аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, ба мисли Олмон, мояи нигаронии вижа аст. Иттиҳоди Аврупо дар чанд маврид дархости истирдоди танқидгарони ҳукуматро қонеъ кардаанд, ҳарчанд онҳо бо хатари воқеии шиканҷа, бадрафторӣ, мурофиаҳои ноодилона ва ҳукмҳои тӯлонии зиндон рӯбарӯ мешаванд. Ин поймоли мустақими ӯҳдадориҳои онҳо (кишварҳои Иттиҳоди Аврупо) дар заминаи ҳифзи ҳуқуқи инсон аст.”
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Қоҳир Расулзода ва Содир Ҷабборов дар Бишкек аз чӣ гуфтанд?
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, бо Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, ки кишвараш дар як ҳафтаи охир шоҳиди баъзе дигаргунӣ дар сохтори амниятӣ ва боздошту истеъфои чанд мансабдори баландпоя аст, ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардааст.
Дидору гуфтугӯйи онҳо рӯзи 13-уми феврал дар Бишкек гузашт. Ҷое, ки Расулзода барои ширкат дар Шӯрои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон рафтааст.
"Зарурати муттаҳид намудани талошҳо барои мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории созмонёфта" аз ҷумлаи мавзъуҳои суҳбати ҷонибҳо будааст.
Тоҷикистону Қирғизистон 1006 километр марз дошта, барои таъйини хати он муддатҳо баҳсу задухӯрд доштанд. Танҳо дар солҳои 2021 ва 2022 аз ду ҷониб даҳҳо кас куштаву захмӣ ва даҳҳо хона сӯхтаву вайрон шудааст.
Ду кишвар моҳи марти соли 2025 созиши ба гуфтаашон таърихии ҳалли низоъро имзо карданд. Аз он ба баъд гузаргоҳҳои марзӣ боз ва додугирифт афзоиш ёфт.
Раиси Девони вазирони Қирғизистон Одилбек Қосималиев гуфтааст, соли гузашта Тоҷикистону Қирғизистон ба 36 миллион доллар додугирифт карданд, ки дар муқоиса ба соли 2024 қариб бисту чор маротиба бештар аст. Ду кишвар ният доранд, гардиши молро то 500 миллион доллар бирасонанд.
Қамчибек Тошиев баъди барканорияш ба Бишкек баргашт
Қамчибек Тошиев баъд аз се рӯзи барканорияш аз мақоми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон шаби 13-уми феврал ба Бишкек баргашт. Тарафдоронаш мегӯянд, шояд ӯ нишасти хабарие барпо кардаву ба саволҳо дар бораи таҳаввулоти охирин посух диҳад.
Тошиев дар Олмон буд ва ҳамроҳонаш гуфтанд, ӯ дар ин кишвари аврупоӣ табобат мегирифт.
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, рӯзи 10-уми феврал фармони аз мақоми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ озод кардани ин ҳампаймонашро имзо кард. Вай гуфт, қарори барканории Тошиев бо мақсади “пешгирӣ аз ҷудоиандозӣ дар ҷомеа ва миёни сохторҳои ҳукуматӣ” қабул шуд.
Худи Ҷабборов, ки бори аввал ин мавзуъро рӯзи ҷумъа барои нашрияи Kabar.kg шарҳ дод, гуфт, пеш аз қабули ин қарор бо Тошиев телефонӣ гап зада, сипас онро имзо намуд. Вале Тошиев дар изҳороте аз Олмон барканориашро як қарори “ногаҳонӣ” номида буд.
Дар пайи ин, се муовини Тошиев ҳам аз мақом маҳрум шуда, дар Кумитаи амният дигаргунии сохторӣ сурат гирифт. Рӯзи панҷшанбе раиси порлумон Нурланбек Турғунбек уулу, ки ӯро як шахси наздик ба Тошиев меномиданд, аз мақомаш канор рафт.
Содир Ҷабборов гуфт, баъзе аз одамон “пушти номи Тошиев пинҳон шуда” ба сиёсатмадорон, ходимони иҷтимоӣ ва рӯшанфикрон занг задаву “ба тарафдорӣ аз генерал” даъват кардаанд.
Аз 75 имзогузори нома ба президенти Қирғизистон дар бораи барпо кардани интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ панҷ нафар дастгир шудаанд. Ин панҷ нафарро, ки дар байни онҳо собиқ муовини нахуствазир, муовини пешини вазири умури дохилӣ, вакили собиқ ва дигарҳо ҳастанд, дар талоши ташкили бетартибиҳои оммавӣ гумонбар медонанд.
Баъзе аз коршиносон мегӯянд, ки давоми панҷ соли гузашта Ҷабборов ва Тошиев як навъ тавозуни нерӯ дар қудрат ва раҳбарии кишварро таъмин мекарданд.
Парванда ба зидди модар. Ҷузъиёти марги се узви як хонадон дар Исфара
Додситони вилояти Суғд баъди беш аз ду моҳ ҷузъиёти марги Искандар Шафеиён (Маликӣ) ва ҳамсару як фарзандашро дар шаҳри Исфара шарҳ дод. Ҳусейн Давлатзода рӯзи 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, онҳо аз заҳролудшавӣ аз газ ҷон додаанд.
"Искандар Шафеиён, ҳамсараш Муаттархон Муҳаммадиева ва фарзанди ноболиғашон Сумаяхон Искандарзода шаби 7 ба 8-уми декабри соли 2025 ба ҳалокат расида, ноболиғ Рухшона Искандарзода дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ карда шуд," -- афзуд ӯ.
Пештар баъзе аз ҳамсоягон сабаби марги се узви ин хонадонро хӯроки заҳролуд гуфта буданд. Дертар бархе аз пайвандони ҳамсари Искандар Шафеиён (Маликӣ) бо фиристодани чанд аксу навор изҳор доштанд, ки "ҳолатҳои шубҳаовар дар марги онҳо ва бемор шудани кӯдакон вуҷуд дорад".
Додситони вилояти Суғд рӯзи ҷумъа гуфт, дар ҳоли ҳозир нисбат ба модари Искандар Шафеиён (Маликӣ) танҳо барои даъват накардани "Ёрии таъҷилӣ" ва "дар хатар гузоштани ҳаёти наздикон" парванда боз шудааст.
"Ҳикмат Шодиева, модари марҳум Шафеиён, дар хонаи писараш қарор дошта, ба беморон ягон ёрӣ нарасондаст. Бинобар ин, 23-юми январи соли 2026 нисбат ба ӯ бо моддаи 127, қисми 3, банди А-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз карда шуд," – гуфт Ҳусейн Давлатзода. Ин банди қонун аз 2 то 7 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Назари Ҳикмат Шодиева ба иттиҳом маълум нест. Кӯшишҳои мо барои тамос бо модари Искандар Шафеиён (Маликӣ), ки шоҳиди ҳодиса дониста мешавад, то ин дам натиҷа надод.
Искандар Шафеиён (Маликӣ) солҳои дароз дар идораҳои давлатии вилояти Суғд кор кардааст. Вазифаи охиринаш мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи ҳукумати Исфара буд. Ӯ тақрибан ду сол пеш аз ин вазифа ронда шуд ва тибқи иттилои дарёфтӣ соҳибкорӣ мекард.
Шафеиён ҳангоми муноқишаи шаби 28 ба 29-уми январи соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сахт захмӣ шуда буд.
922 млн. сомонии дигар. Сабаби раҳоии Исматулло Абдуллозодаро гуфтанд
Раиси Оҷонси мубориза бо фасод ё коррупсия гуфт, ба номи хешу табораш будани бахше аз дороиҳои Исматулло Абдулллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, барқарории зиёни молиро мушкил гардонд ва бино бар ин ӯро аз ҳабс раҳо карданд. Ӯ ба тасарруфи миллионҳо доллар пули давлат гумонзад аст, вале худаш то ҳанӯз дар ин бора ҳарф назадааст.
Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон, рӯзи 13-уми феврал гуфт, Абдулллозода то ҳол 94,3 миллион сомонӣ зарарро ҷуброн карда, бештар аз 922 миллион сомонии дигар мондааст.
Вай афзуд, раҳоии Исматулло Абдулллозода аз ҳабси пешакӣ бо гирифтани забонхату набаромадан аз ҷойи истиқомат ва фурӯши амволу барқарории зарар рабт дорад.
"Амволе, ки мақомоти тафтишотӣ пешниҳоду ошкор карданд, ба ҳабс гузоштем. Аксарият ба номи худаш, ба номи хешутаборонаш ба расмият дароварда шудаанд. Ҳангоми фурӯхтан фарзандонаш ҳамин имкониятро пайдо накарданд, лозим шуморидем чораи пешгирияшро иваз кунем," -- афзуд раиси Оҷонсӣ.
Ба қавли ӯ, ҳоло таҳқиқи парвандаи Исматулло Абдулллозода ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд. Ба иттилои Оҷонси мубориза бо коррупсия, дар пайванд ба қазияи раиси пешини Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, парвандаи 20 тани дигарро марҳила ба марҳила ба додгоҳ фиристодаанд.
Рӯзи 12-уми феврал дар нишсти хабарии Додгоҳи олӣ гуфтанд, 14 нафари онҳо бо пардохти 217 миллион сомонӣ ҷуброни зарар озод шуданд.
Исматулло Абдулллозода, ки яке аз наздикони Ҳасан Асадуллозода, бародарарӯси президенти Тоҷикистон ном бурда мешавад, 9 сол раиси Фурудгоҳи Душанбе буд. Ӯро моҳи майи соли 2025 аз мақомаш барканор ва дастгир карданд.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон он рӯз навишт, ки Абдуллозода ва муовинони ӯ "дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон аз вазифаҳо озод карда шуданд". Оҷонси мубориза бо коррупсия чанд моҳ баъд гуфт, Абдуллозода ва чанд зердасти собиқаш ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар, гумонзад ҳастанд.
Сулаймон Султонзода, раиси оҷонс гуфта буд, ки 961 миллион сомониро худи Исматулло Абдуллозода тасарруф кардааст.” Ба қавли ӯ: “Ин кор тавассути истифодаи ширкатҳои якрӯза, нақдикунонӣ ва тасарруфи маблағҳои фурудгоҳ бо баҳонаи харид ва таъмини молу маводи зарурӣ сурат гирифтааст.”
Ба иттилои расмӣ, алайҳи ин афрод бо ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон” (аз пардохти ҷарима то шаш сол зиндон) ва “сохтакории такрорӣ бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи одамон” (аз панҷ то ҳафт сол зиндон) айбнома эълон шуд.
Раҳоии Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, ҳамроҳи чанде аз зердастони собиқаш баҳсҳоеро дар ҷоемаи Тоҷикистон, аз ҷумла миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Бархе онро иҷрои одилонаи қонун ва баъзеи дигар бесобиқа ва зидди усули адлия номиданд.
Додугирифти Тоҷикистон бо Чин 844 миллион доллар зиёд шудааст
Додугирифти мол миёни Тоҷикистон ва Чин дар як соли гузашта ба 2 миллиарду беш аз 800 миллион доллар баробар шудааст, ки нисбат ба як сол пештар 844 миллион доллар зиёдтар будааст.
Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Чин ҳамоно аз рӯи гардиши молу маҳсулот бо Тоҷикистон миёни кишварҳо дар ҷойи аввал қарор дорад.
Тибқи омори ин ниҳод, соли 2025 аз Тоҷикистон ба Чин ба 523 миллион доллар маҳсулот содир шудааст. Аммо маҳсулоти воридотӣ хеле зиёдтар, беш аз 2 миллиарду 325 миллион доллар.
Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, рӯзи 12- уми феврал ба хабарнигорон гуфт, воридот аз Чин бештар аз ҳисоби мошинҳои барқӣ ё электромобилҳо афзоиш ёфт.
Бахши асосии электромобилҳо ҳоло ба Тоҷикистон аз ин кишвар оварда мешавад.
Тоҷикистон бештар маъдану консентрати металҳои гаронбаҳо ва сурбро ба Чин мефурӯхтаст.
Солҳои охир ин кишвар ба яке аз сармоягузорони бузурги иқтисоди Тоҷикистон табдил шудааст. Бахши асосии қарзии хориҷии кишвар ҳам аз Чин аст.
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии "Толибон"
Саъдӣ Шарифӣ, cафири Тоҷикистон, дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати "Толибон" дидору гуфтугӯ кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" рӯзи 12-уми феврал гуфт, дар ин дидор Амирхон Муттақӣ бар таҳкими равобити дуҷониба, аз ҷумла густариши муносибатҳои дипломатӣ ва рафтуомади ҳайатҳои ду кишвар таъкид кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Муттақӣ гуфтааст, "касе наметавонад ба равобити дӯстона миёни ду кишвар халал расонад".
Манбаъ аз қавли Саъдӣ Шарифӣ навишт, ки ӯ дар ин дидор дар бораи таҳаввулоти охирин ва созишҳои қаблии миёни Кобул ва Душанбе гуфтааст, Тоҷикистон дар марзи муштараки ду кишвар барнома ва тарҳҳои муҳими иқтисодӣ дорад ва хоҳони густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳамкорӣ бо Афғонистон аст. Дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаи тақвияти ҳамкориҳои марзиву амниятиро матраҳ шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар бораи ин мулоқот хабаре нашр накардааст.
Дидору гуфтугӯйи сафири Тоҷикистон дар Кобул дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз замони ба қудрат баргаштани "Толибон" дар Афғонистон дар баробари ин гурӯҳ мавқеъгирии шадид дошт ва дар моҳҳои охир ин робитаҳо рӯ ба гармӣ овардааст.
Дар Қазоқистон фаъолияти Нурлан Сабуровро месанҷанд
Додситонии кулли Қазоқистон нақша дорад, фаъолияти ҳаҷвнигори маъруф Нурлан Сабуровро бар асоси моддаи “зархаридӣ” бисанҷад. Сабаб эҳтимоли даст доштани ӯ дар таъминот ё маблағгузории низомиёни Русия гуфта мешавад.
Дар ин бора Галимҷон Койгелдиев, муовини додситони кулли Қазоқистон, хабар додааст. Бар асоси қонун дар Қазоқистон, маблағгузорӣ ба низоъҳои мусаллаҳона манъ аст ва барои ин амал аз 7 то 12 сол зиндон пешбинӣ мешавад.
Бино ба иттилои расонаҳо, ба санҷиши додситонӣ як навиштаи раҳбари шаҳри Истра аз тобистони соли гузашта дар Телеграм сабаб шуд. Вай гуфтааст, Сабуров ба майдони ҷанг 10 мототсикл фиристод.
Мақомоти интизомии Русия ҳаҷвнигори қазоқ Нурлан Сабуровро 50 сол аз ҳаққи даромадан ба ин кишвар маҳрум карданд. Як манбаи хабаргузории расмии “РИА Новости” гуфтааст, далели чунин қарор ба танқиди Сабуров аз ҷанги Русия дар Украина ва ҳам вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират ва молиёт рабт дорад.
Сабурови 34-сола, ки шаҳрванди Қазоқистон аст, шаби 6-уми феврал бо ҳавопаймои Fly Dubai ба Маскав расид, вале ӯро хориҷ карданд. Ҳаҷвнигор ба Қазоқистон баргаштааст.
Ҳафт созмонро дар Тоҷикистон бо қарори додгоҳ барҳам додаанд
Кори ҳафт созмони иҷтимоӣ дар Тоҷикистон соли 2025 бо қарори додгоҳ қатъ карда шудааст.
Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 12-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, "ин созмонҳо аз доираи оинномаашон берун фаъолият карданд."
"Масалан, аз Вазорати маориф иҷозатнома надорад, фаъолияти таълимӣ бурдааст. Ё бе иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ дар бахши тиббӣ кор кардааст. Мақсади мо ҳамин аст, ки созмонҳо дар доираи оинномаашон бояд фаъолият кунанд," – шарҳ дод ӯ.
Ҳафт созмони иҷтимоӣ, ки бо қарори додгоҳ барҳам дода шудаанд, Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, "Маъюбон, мо метавонем”, Меҳри модар”, “Ассосиатсияи дӯстодорони табиати Суғд”, “Чорбоғи Азиз”, “Федератсияи истифодабарандагони об” ва ва “Шӯрои рушди шаҳри Панҷакент” ҳастанд.
Як намояндаи Маркази таҳқиқоти журналистӣ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, “баъзе аз камбудҳои хурду резаро асос карда, онро барҳам доданд”. Вай афзуд, мақомот дар бораи рафъи камбудҳо ба онҳо ҳеч огоҳинома надода буданд.
Дар Вазорати адлия гуфтанд, ки дар соли гузашта 78 созмони дигари иҷтимоӣ “бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла душвории молӣ” худро барҳам додаанд.
Ба иттилои расмӣ, дар умум дар Тоҷикистон 1700 созмони иҷтимоӣ фаъол ҳастанд.
Вазъи созмонҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ аз соли 2015, пас аз ислоҳи қонунгузорӣ, бад шуд ва бино ба омори расмӣ дар се соли охир беш аз ҳазор созмони иҷтимоӣ барҳам дода шудаанд.
Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон хостааст, барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ шароити беҳтар ва “сабти такрории созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро, ки маҷбур ба қатъи фаъолият шудаанд, фароҳам оварад”.
Аъзои як оила дар Душанбе духтари 21-солаи худро меҷӯянд
Як хонавода дар шаҳри Душанбе беш аз даҳ рӯз боз наметавонанд духтари 21-солаи худро пайдо кунанд.
Ба гуфтаи наздикон, Таҳмина Шарифова, донишҷӯйи коллеҷ ё омӯзишгоҳи тиббӣ дар пойтахт рӯзи дуюми феврал баъди бозгашт аз дарс бедарак шудааст.
Ба нақли падараш, “ӯ бегоҳи он рӯз аз хона ба мағоза рафт ва бо ҳамин нопадид шуд.
Зангҳои пайиҳами телефонии волидон беҷавоб монда, пас аз соати даҳи шаб телефон комилан хомӯш шудааст. Ҷустуҷӯҳои наздикон ва мақомоти интизомӣ то имрӯз натиҷа надодаанд.
Наздикони Таҳмина, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ ва наздик ба рӯдхонаи Душанбе зиндагӣ доранд, мегӯянд, дарёву кӯлҳоро ҷустуҷӯ ва ҳама хешу наздиконро пурсуҷӯ кардаанд, аммо аз ӯ нишоне нест.
Вазири адлия нагуфт, ки дар Боздоштгоҳи Хуҷанд чӣ гузашт
Вазири адлияи Тоҷикистон тирпарониро дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд, ки ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ чанд кушта дошт, шарҳ надод.
Музаффар Ашӯриён рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ ва дар посух ба пурсиши батакрори хабарнигори Радиои Озодӣ бе тасдиқ ё инкори ҳодиса гуфт, посухи ин суол дар салоҳияти онҳо нест.
"Инро аз ман напурсед. Аз шумо хоҳиш кардам. Ба суолатон ҷавоб намедиҳем," -- гуфт Музаффар Ашӯриён дар нишасти матбуотӣ. Ин дар ҳолест, ки зиндону боздоштгоҳҳо дар Тоҷикистон тобеи Вазорати адлия аст.
Чанд ҳамсуҳбати огоҳи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки рӯзи 31-уми январи имсол дар як тирпаронӣ дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд камаш се зиндонӣ ва як нигаҳбон кушта шудаанд.
Як манбаи наздик ба Идораи тандурустӣ дар вилояти Суғд низ бо шарти фош нашудани ному мақомаш гуфт, "аз боздоштгоҳ се маҳбуси кушташуда ва як захмиро оварданд." Вай дар бораи нигаҳбон чизе нагуфт.
Дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон ҳаст. Мақомоти Тоҷикистон дар суҳбатҳои худ аз беҳтар шудани шароити боздоштгоҳу зиндонҳо суҳбат мекунанд. Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар соли 2024 "аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон" мушкили ҷиддӣ номид.
Дар солҳои охир дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат (2018, 2019 ва 2025) чанд ошӯб ё исён рух дода, зиёда аз 50 кас кушта шуданд. Мақомот ҳамвора ошӯбро кори дасти ифротгароёни исломӣ донистаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ бадрафтории мақомот бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро аз сабабҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурданд.
Аз тоҷирони тоҷик хостаанд, ба наврасон "энергетик" нафурӯшанд
Оҷонси "Тоҷикстандарт" аз тоҷирон талаб кардааст, ки дигар ба кӯдакону наврасон нӯшокиҳои нерӯбахш ё ба истилоҳ "энергетик" нафурӯшанд.
Ба иттилои мақомот, тибқи муқаррарот харидории ин навъи нӯшокиҳо танҳо барои шахсони аз 18-сола боло иҷозат аст.
Масъулин аз афзоиши истифодаи нӯшокиҳои нерӯбахш махсусан миёни ҷавонон ва наврасон нигаронӣ кардаанд.
Ин нӯшокиҳо аксаран барои рафъи хастагӣ ва гирифтани нерӯ истифода мешавад.
Аммо ба таъкиди муттахассисон, истифодаи он фақат барои калонсолон ва рӯзе як бор мумкин буда, барои наврасон зарари ҷиддӣ доштааст.
Хабаргузории давлатии "Ховар" бо такя ба "Тоҷикстандарт" гуфтааст, санҷиши муттахассисон дар яке аз корхонаҳое, ки ба тавлиди нӯшокиҳои нерӯбахш машғул аст, маълум кардааст, ки дар таҳияи он оддитарин қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намешавад.
Ҳалокати мактабхони 9-сола дар Шуғнон дар пайи ҳамлаи як гург
Дар пайи ҳамлаи гург дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯдаки тақрибан 9-сола фавтидааст.
Бино ба иттилои мақомот, ҳодиса рӯзи 9-уми феврал дар деҳаи Шазуди Ҷамоати Ванқалъа рӯй дод.
Гурги гурусна дар роҳ ба мактаб ба як хонандаи синфи се ҳуҷум кардааст.
Ҷузъиёти бештари ҳодиса маълум нест.
Сомонаи Pamir Inside, ки ҳодисаҳои ВМКБ-ро бозтоб медиҳад, рӯзи 11-уми феврал навишт, ки дар пайи ҳамлаи гург ба хонанда, раиси вилоят ба раҳбарони ноҳияҳо дастур додааст, ки дар минтақаҳои куҳӣ мактаббачаҳо бо роҳнамоии калонсолон ба мактаб бурда шаванд.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки дар сурати мушоҳидаи гургон дар наздикии хонаҳои худ фавран ба милиса хабар диҳанд.
Дар фасли сармо хатари ҳамлаи гургу ҷонварони дигари ваҳшӣ ба сокинон дар Бадахшон зиёд мешавад.
Дар гузашта низ дар ин минтақа дар пайи ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ маргу мири сокинон сабт шуда буд.
Ба навиштаи Pamir Inside, солҳои ахир шумори гургон дар Вилояти Бадахшон зиёд шудааст.
Дар зимистон даррандаҳо аз гуруснагӣ маҷбур мешаванд ба маҳаллаҳои аҳолинишин ворид шаванд.
Рухшона ва Улфатхоним. Вазъи ду бонуи тоҷик дар зиндон
Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кард, ки хабарнигори зиндонӣ Рухшона Ҳакимоваро аз маҳбас раҳо кунад. Даъвати ин созмон дар солгарди эълони ҳукми ӯ, ки ҳомиёни ҳуқуқ дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд, нашр шуд.
Жанна Кавелйе, мудири дафтари Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар як паёми видеоӣ аз Порис ба Радиои Озодӣ гуфт: "Рухшонаро барои пурсише дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон ҷазо доданд. Барои пурсише, ки ҳеч гоҳ нашр нашудааст. Ин ҳукм худсарона аст ва паёми хашине ба ҳар нафарест, ки аз пайи таҳқиқот ё савол додан мешавад. Гузоришгарони Бидуни Марз ҳукми Рухшона Ҳакимоваро ба шиддат маҳкум ва даъвати худро барои озодии фаврӣ ва беқайду шарти Рухшона такрор мекунад. Ҷустуҷӯи иттилоъ хиёнат нест ва ҳеч нафар набояд барои ин ҳабс шавад.”
Рухшона Ҳакимоваи 32-сола рӯзи 5-уми феврали соли 2025 дар доираи парвандаи ба ном "кӯшиши табаддулот" дар қатори ҳашт сиёсатмадору мақомдори собиқ, ки ҳама аз 8 то 27 сол ҳабс шуданд, пушти панҷара рафт. Ҳакимова худро бегуноҳ меномад. Пайвандонаш моҳи декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ аз шароити зиндон шикоят надорад ва аҳволаш хуб аст. Дар маҳфилҳои зиндон ширкат мекунад ва забони англисӣ меомӯзад.
Улфатхоним Мамадшоева чӣ ҳол дорад?
Дар нишасти хабарии ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ки 9-уми феврал дар Душанбе барпо шуд, аз мақомот вазъи саломати Улфатхоним Мамадшоева, як бонуи дигари маҳбусро пурсиданд, ки ҳомиёни ҳуқуқ бовар доранд, парвандааш на ҷиноӣ, балки сиёсист.
Як масъули ин идора гуфт, бо Рухшона Ҳакимова ва Улфатхоним Мамадшоева “шахсан” суҳбат кардааст ва “онҳо шикояти хосе надоштанд, Улфатхоним ҳатто гуфт, ки ман ба занони дигар дарсҳои забони англисӣ ташкил кардаам”. Ин намоянда бобати талаби даҳҳо созмони ҷаҳонӣ, ки Рухшона ва Улфатхоним озод карда шаванд, чизе нагуфт.
Мамадшоеваи 69-сола соли 2022 дар паи саркӯби эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо айбномаи ташкили тазоҳурот дар Хоруғу Рӯшон ва иттиҳомоти дигар ба 21 соли ҳабс маҳкум шуд. Ҳамагӣ чанд соат пеш аз дастгир шуданаш дар моҳи майи он сол худаш ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҷинояте накардааст ва ҳеч гуноҳ надорад. Мурофиа паси дарҳои баста гузашта, ягон далели боварбахши қонуншикании ӯ ба ҷомеа пешкаш нагардид.
Бино ба иттилои маҳдуд аз дохили зиндон, Мамадшоева аз фишорбаландӣ ва дарди чашм шикоят мекард ва мақомоти идораи зиндонҳо соли 2024 гуфтанд, ёрии зарурии тиббиро дастрас мекунанд. Аммо дар як соли гузашта 7 маҳбус дар Тоҷикистон ба иллати дастрас накардани кумаки тиббӣ даргузаштанд.
Дар зиндони занонаи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Норак ҷойгир аст, ҳоло 471 зан бо ҳукм ва айбномаҳои гуногун нигаҳдорӣ мешаванд.
Толибзода гуфт, Тоҷикистон барои халосии се бонк аз таҳрим талош дорад
Раиси Бонки миллӣ гуфт, Тоҷикистон барои аз феҳрасти таҳримҳо берун овардани "Спитамебонк", "Душанбе Сити" ва "Коммерсбонк" талош дорад. Ин таҳримҳоро Шӯрои Аврупо ҷорӣ кардааст ва дар пайванд ба ҷанги Русия дар Украина.
Фирдавс Толибзода рӯзи 11-уми феврал ҳангоми нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, барои поин овардани хавфҳо ва пешгирӣ аз таҳримҳо чанд дафъа бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо мулоқот карданд ва баррасии масъала идома дорад.
Ӯ афзуд, "мехоҳем ё намехоҳем, чунин таҳримҳо ба бонкҳо таъсир мегузоранд", вале дар бораи пайомади ин тасмим ҷузъиёт надод.
Таҳримҳои Шӯрои Аврупо алайҳи “Душанбе Сити”, “Спитаменбонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” рӯзи 12-уми ноябри соли 2025 ба иҷро даромад. Далели ин қарор “ёрӣ ба Русия” гуфта шуд, ки “вазъро дар Украина бесубот мекунад”.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори нигаронии амиқ намуд.
Томаш Востовски, мушовири роҳбурдӣ (стратегӣ) дар мавриди муқаррароти Иттиҳоди Аврупо, гуфт, “ширкатҳои тоҷикистонӣ ба феҳрасти сиёҳи таҳримҳо бо он асос ворид карда шуданд, ки дар амалиёти аз дидгоҳи Иттиҳоди Аврупо мамнӯи бонкӣ мусоидат кардаанд.”
Нетаняҳу барои мулоқот бо Трамп ба Вашингтон рафт
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил мегӯяд, ки музокираи Амрико бо Эрон дар садри гуфтугӯҳояш бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико қарор хоҳад дошт. Интизор меравад Нетаняҳу имрӯз, чоршанбеи 11 феврал бо Трамп дар Вашингтон дидор кунад.
Нахуствазири Исроил пеш аз сафар ба Амрико дар як паёми видеоӣ гуфт, ки мавзӯъҳое чун Ғазза ва минтақаи Ховари Миёна, бахше аз барномаи дидораш бо Трамп хоҳад, аммо авлавияти аслии гуфтугӯ дар бораи музокира бо Эрон аст.
Исроил хостори амалкарди сахттари Амрико дар баробари барномаи мушакҳои баллистикии Эрон аст.
Эрон густариши доманаи гуфтугӯҳояш бо Амрико фаротар аз барномаи ҳастаии худро рад кардааст.
Аммо Вашингтон мехоҳад барномаи мушакҳои баллистикии Эрон ва ҳимояти Теҳрон аз гурӯҳҳои ниманизомии минтақаӣ низ рӯи миз бошад.
Намояндагони Эрон ва Амрико рӯзи ҷумъаи гузашта дар Масқат, пойтахти Умон ба таври ғайримустақим музокира карданд.