Ӯ рӯзи 19-уми сентябр дар нишасти хабарии муштарак бо Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти Худгардони Фаластин, гуфт, “имрӯз хатари бештар шудани таниш дар Лубнон ба як тарзи хатарнок дар роҳ аст.”
Дар Лубнон рӯзҳои 17 ва 18-уми сентябр дастгоҳҳои иртиботӣ таркида, боис ба марги даҳҳо кас ва захмӣ шудани ҳазорҳо нафар гардид.
Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, аксар захмиёну кушташудаҳо узви “Ҳизбуллоҳ” ҳастанд. Гурӯҳи мусаллаҳе, ки Амрико созмони террористӣ медонад ва он дар ҳоли ҷанг бо Исроил қарор дорад.
Исроил даст доштанашро дар таркишҳо дар Лубнон тасдиқ накардааст.
“Мо бояд бори дигар ба худдорӣ, коҳиши таниш ва ҳамзистии осоиштаи байни кишварҳо даъват кунем,” – гуфтааст сарвазири Испания.