Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабистони Саудӣ: "Агар Эрон бомбаи атомӣ бисозад, мо ҳам хоҳем сохт"


Валиаҳди Арабистони Саудӣ дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии CBS, ки як қисмати он рӯзи панҷшанбеи 15-уми март нашр шуд, гуфт, "агар Эрон бомбаи атомӣ бисозад, мо ҳам хоҳем сохт". Муҳаммад бин Салмон дар ин мусоҳиба бо CBS суханони пешини худ дар бораи раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон Саид Алии Хоманаиро такрор намуд ва ӯро бо Гитлер муқоиса кард.

Ба гузориши хабаргузориҳо, Муҳаммад бин Салмон дар бахше аз мусоҳиба бо шабакаи хабарии CBS, ки рӯзи якшанбеи 18-уми март ба таври комил пахш хоҳад шуд, гуфт, "Арабистони Саудӣ дар пайи сохтани бомбаи атомӣ нест, вале агар Эрон бомбаи атомӣ бисозад, бидуни шак мо низ ба суръат ин корро хоҳем кард."

Ҳукумати Арабистони Саудӣ аз созиши ҳастаии ҷомеаи байналмилалӣ бо Эрон интиқод кардааст.

Арабистони Саудӣ дар чанд даҳаи гузашта бо Эрон дар рақобат мебошад ва ду кишвар дар ҷангҳои кишварҳои Ховари Миёна аз ҷумла дар Ироқ, Сурия, Лубнон ва Яман аз гурӯҳҳои ба ҳамдигар мухолиф, ҳимоят мекунанд. Эрон ва Арабистони Саудӣ дар ҳоли ҳозир бо ҳам муносибатҳои дипломатӣ надоранд.

Муҳаммад бин Салмон, ки айни ҳол вазири дифои Арабистони Саудӣ низ ҳаст, соли гузашта гуфт, ин кишвар замонат медиҳад, ки рӯёрӯии низомии баъдӣ байни ду кишвар "дар Эрон иттифоқ хоҳад афтод". Дар муқобил мақомоти эронӣ таҳдид карданд, ки бо ҳамла ба тамоми хоки Арабистони Саудӣ ба ҷуз шаҳрҳои муқаддаси Макка ва Мадина, вокуниш нишон хоҳанд дод.

Ҳукумати Арабистони Саудӣ аз созиши ҳастаии ҷомеаи байналмилалӣ бо Эрон интиқод кардааст. Бар пояи ин созишнома, дар ивази маҳдуд шудани барномаи ҳастаии Эрон, аксари таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи ин кишвар бекор шуд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико низ аз мухолифони сарсахти созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон аст.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, Арабистони Саудӣ дар чаҳорчӯбаи тарҳҳои нави он кишвар барои коҳиши вобастагӣ ба нафт, дар назар дорад ба зудӣ реакторҳои атомӣ бисозад. Бузургтарани тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳон гуфтааст, ки ҳадаф аз барномаи ҳастаии он кишвар сулҳомез аст.

Ширкатҳои русӣ, фаронсавӣ, чинӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва амрикоӣ барои ба даст овардани қарордодҳои чандин миллиарддолларии сохтмони реакторҳои ҳастаии Арабистони Саудӣ эъломи омодагӣ кардаанд ва рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG