Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Валиаҳди Саудӣ Эронро масъули ҳамла ба киштиҳои нафткаш номид


Муҳаммад бин Салмон.
Муҳаммад бин Салмон.

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Шоҳи Арабистони Саудӣ рақиби кишвараш Эронро ба ҳамла ба ду киштии нафткаш дар Халиҷи Умон муттаҳам кард. Ӯ гуфт, кишвараш “ба ҳар таҳдид ба зидди мардум ва манофеаш муқобила мекунад.” Эрон ин иддаҳоро рад кардааст.

Муҳаммад бин Салмон дар мусоҳибае, ки рӯзномаи арабизабони Аш-Шарқ Ал-Авсат рӯзи 16-уми июн нашр кард, гуфтааст, “Режими Эрон ба сафари нахуствазири Ҷопон ба Теҳрон эҳтиром нагузошт ва дар посух ба талошҳои ӯ ба ду киштии нафткаш, ки якеаш ҷопонӣ буд, ҳамла кард.” Дар ин мусоҳиба омадааст: “Мо ҷанг намехоҳем, вале ба ҳар таҳдид ба мардуми мо, истиқлоли мо, тамомияти арзии мо ва манофеи ҳаётии мо муқобила мекунем.” Ба қавли Муҳаммад бин Салмон, ин ҳодиса аз ҷомеаи байналмилалӣ тақозо мекунад, ки барои муқобила бо таҳдидҳо “мавқеи қотеона” бигирад.

Баъди ҳамла ба киштиҳои нафткаш дар Халиҷи Форс, танишҳо дар минтақа дигарбор авҷ гирифтанд. Амрикову муттаҳидаш дар Ховари Миёна Арабистони Саудӣ гуфтанд, ки ҳамлаҳо кори дасти Эрон аст. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 14-уми июн гуфт, ҳамлаҳо ба ду киштии нафткаш дар Халиҷи Умонро Эрон анҷом додааст. Ҳодиса замоне рух дод, ки Шинзо Абе нахуствазири Ҷопон дар Теҳрон қарор дошт.

Вазорати дифои Амрико бо нашри видеои тирае иддао кард, ки қаиқи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон минаи нотаркида ва насбшуда дар бадани киштиро баъд аз таркиш мегирад. Як моҳ пештар аз ин ҳодиса чаҳор киштии дигар дар наздикии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ шоҳиди ҳамла шуданд ва Амрикову Арабистони Саудӣ дар он замон ҳам Эронро муттаҳам карданд. Эрон ҳамаи ин иттиҳомотро рад кардааст. Вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи 16-уми июн Роберт Макайр, сафири Бритониёро ба вазорат даъват кардааст, чун ӯ гуфтааст, ки бо Амрико дар бораи ҳамлаи Эрон ба киштиҳои нафткаш дар рӯзи 13-уми июн ҳамназар аст.

Хабаргузории ИРНА навиштааст, Маҳмуд Боримонӣ, як дипломати вазорат ба Роберт Макайр, барои “пайравии кӯркӯрона ва шитобкоронаи Бритониё” ба Амрико ва иттиҳомот ба зидди Эрон эътироз кардааст. Аммо сафири Бритониё дар Твиттер навишт, ки ба вазорат даъват нашудааст ва худаш тақозои мулоқот карда ва иҷоза гирифтааст. Ба қавли ӯ: “Албатта агар маро расман даъват мекарданд, мисли тамоми сафирон посух медодам.”

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар Твиттер навишт, ки “Вашингтон бе як тикка далел ва шавоҳиди ҷузъӣ ба зидди Эрон тӯҳмат задааст.” Эрон дар гузашта гуфтааст, дар сурати ҳаргуна ҳамлаи Амрико, гулӯгоҳи Ҳурмуз, яке аз роҳҳои асосии таъмини бозорҳои ҷаҳонӣ бо нафтро мебандад. Дар сурати баста шудани ин гулӯгоҳ роҳи киштиҳои нафткаш баста мешавад ва ғолибан қимати нафт дар ҷаҳон бисёр боло меравад.

Шайх Абдулло ал Наҳён, вазири умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи 16-уми июн аз қудратҳои ҷаҳонӣ тақозо кард, ки “амнияти баҳрнавардии байналмилалӣ ва дастрасӣ ба нафтро” таъмин кунанд. Ӯ ҳангоми суханронӣ дар Булғористон ҳамчунин хостори коҳиши таниш дар минтақа шуд.

XS
SM
MD
LG