Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ Арабистони Саудиро аз ғазаби Худо ҳушдор дод


Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон дар вокуниш ба эъдоми Шайх Нимр Боқир Ан-Нимр, рӯҳонии саршиноси шиа дар Арабистони Саудӣ гуфт, ки "бидуни шак дасти итиқоми илоҳӣ гиребони сиёсатмадорони саудиро хоҳад гирифт"

Раҳбари мазҳабии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ рӯзи 3 январ дар робита ба эъдоми рӯҳонии шиа Нимр Ан-Нимр Арабистони Саъудиро аз ғазаби Худо ҳушдор дод. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки Ар-Риёз баъд аз ҳамлаи эътирозгарон ба сафорати Арабистони Саъудӣ дар Теҳрон, мақомоти Эронро дар пуштибонии терроризм айбдор намуд.

Пас аз ба дор овехтани рӯҳонии маъруфи шиа дар Арабистони Саудӣ, шаби гузашта дар назди сафорати ин кишвар дар Теҳрон ҳамоиши эътирозӣ баргузор шуд. Ба гуфтаи пулис, шуморе аз эътирозгарон ба бинои сафорат ворид шудаанд. Арабистони Саудӣ рӯзи шанбеи 2-юми январ Шайх Нимр Боқир Ан-Нимр, рӯҳонии саршиноси шиа ва аз мухолифони ҳукумати он кишварро ҳамроҳ бо 46 тани дигар ба иттиҳоми даст доштан дар амалҳои террористӣ, ба дор овехт.

Рӯҳонии саршиноси шиа дар Арабистони Саудӣ эъдом шуд

Эъдом ё ба дор овехтани Шайх Нимр вокунишҳои густурдаро дар миёни мақомоти сиёсӣ ва мазҳабии Эрон ба вуҷуд овард ва ҳамоишҳои эътирозӣ дар Теҳрон ва Машҳад дар назди сафорат ва консулгарии Арабистони Саудӣ баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Ҳусайн Соҷидӣ, раиси пулиси Теҳрон гуфтааст, ки ҳудуди соати 22:20-и шанбешаб шуморе аз "нерӯҳои худсар" дар баробари сафорати Арабистони Саудӣ ҷамъ омада ва чанд лаҳза баъд ба сӯи бинои сафорат санг ва коктейли Молотов партоб карданд. Раиси пулиси шаҳри Теҳрон ҳамчунин гуфтааст, ки ҳамлаварон бо дохил шудан ба бинои сафорати Арабистони Саудӣ, ба сохтмони ин сафоратхона зиён ворид кардаанд.

Вай гуфтааст, ки "шумораи каме" вориди сафорат шуданд ва кормандони пулис онҳоро аз онҷо берун карданд. Вай дар идома гуфтааст, ки шуморе аз "нерӯҳои худсари ҳамлакунанда" ба сафорат, боздошт шудаанд. Ба гуфтаи раиси пулиси Теҳрон, дар ҳоли ҳозир вазъ дар атрофи сафорати Арабистони Саудӣ дар Теҳрон ором аст.

ҲАМЛА БА КОНСУЛГАРИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР МАШҲАД

Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, эътирозгарон дар шаҳри Машҳад бо партоби санг ва маводи оташангез, ба консулгарии Арабистони Саудӣ ҳамла кардаанд.

Ба гузории хабаргузории "Меҳр", бо вуҷуди эҷоди деворҳои ҳифозатӣ аз сӯи нерӯҳои амниятӣ барои пешгирӣ аз наздик шудани эътирозгарон ба наздики консулгарӣ, мардуми ба шӯромада ба бинои консулгарӣ ҳамла карданд ва парчами Арабистони Саудиро поин андохтанд.

Ин гузориш мегӯяд, ки бинобар ҳамлаи эътирозгарон бо маводи оташбарангез, балкони яке аз табақаҳои ин консулгарӣ оташ гирифт ва шишаҳои ин бино бинобар партоби санг, шикастаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ рӯзи шанбе бо даъват кардани сафири Эрон дар Риёз ба вазорати умури хориҷӣ, Эронро масъули таъмини амнияти сафорат ва консулгарии ин кишвар дар Теҳрон ва Машҳад дониста буд.

Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ дар ёддоште ба сафири Эрон эълом карда буд, ки ҳукумати Эрон бар пояи қонунҳои байналмилалӣ масъули таъмини амнияти сафорат ва консулгарии ин кишвар дар Теҳрон ва Машҳад аст ва ҳамчунин Эрон дар амри ҳифзи ҷони коркунони сафорат ва консулгарӣ дар баробари ҳаргуна амалҳои хушунатомез масъул мебошад.

Ин дар ҳолест, ки сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон хостори пешгирӣ аз ҳаргуна таҷаммӯъ дар баробари намояндагиҳои дипломатии Арабистони Саудӣ дар Теҳрон ва Машҳад шудааст. Ҳусайн Ҷобир Ансорӣ гуфтааст, ки "вазорати умури хориҷӣ бо дарки эҳсосоти поки мардуми мусалмони кишварамон хостори ҷилавгирӣ аз ҳар гуна таҷаммӯъ дар назди ниҳодҳои дипломатии Арабистони Саудӣ аст."

XS
SM
MD
LG