Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел ва лағзиши замин дар Непал. 160 тан ҷон бохтанд ва 400 сайёҳ нопадид ҳастанд

Бар асари вуқӯи як сели тарсовар дар рӯзи 26 август дар наздикии марзи Тибет ва Непал, дастикам 160 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин дар ҳоле аст, ки соатҳо баъд аз ҳодиса, ҳарӯз аз сарнавишти беш аз 400 сайёҳ маълумоте дар даст нест.

Бисёре аз биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ дар минтақа, зери ҳаҷми зиёде аз гилу лойе, ки аз атрофи дарёи миёни Чин ва Непал ҷорӣ шуда буд, мондаанд.

Расонаҳои давлатии Чин аз "талафоти густурда" аз лағзиши замин дар як минтақаи тиҷории Тибет хабар додаанд. Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин ҳам фармони амалиёти ҷустуҷӯ бо истифода аз "ҳама имкониятҳо"-ро содир кард.

Раҳбари Чин таъкид кардааст, ки фавритарин чораи лозим, "ҷустуҷӯи дақиқ ва густурда барои наҷоти қурбониён ва табобати ҳарчӣ зудтари захмиҳо барои коҳиши шумори талафот аст".

Пулиси Непал ҳам зимни эълони ҷон бохтани дастикам 160 тан, таъйид кард, ки беш аз дувоздаҳ соат пас аз ҳодиса, ҳанӯз аз сарнавишти 403 сайёҳ, аз ҷумла, 341 ҷаҳонгарди хориҷӣ маълумоте дар даст нест.

Непал. 26 август, 2026.
Непал. 26 август, 2026.

Тибқи иттилои Созмони сайёҳии Непал, 142 шаҳрванди Ҳинд ва шуморе аз шаҳрвандони Амрико, Бритониё, Австралия, Ҳолланд, Португалия, Кореяи Ҷанубӣ, Африқои Ҷанубӣ ва Малайзия дар миёни сайёҳони нопадидшуда ҳастанд.

Дар наворҳое, ки аз сӯи пулиси Непал нашр шуд, дида мешавад, селобе, ки аз дарё ҷорӣ шудаааст, дар масири худ хонаҳо ва биноҳои дигарро нобуд мекунад.

Як сухангӯи пулис дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Франс пресс", бо таъкиди ин, ки ҳанӯз мизони воқеии хисорот маълум нест, тасдиқ кард, ки аз сокинони минтақа хоста шудааст, аз наздикии дарё ба ҷойи дуртар бираванд.

Артиши Непал ҳам аз ирсоли чархболҳо ва ҷобаҷойии нерӯҳои зудамал дар минтақа хабар дод. Ба гуфтаи мақомот, чанд нерӯгоҳи обӣ ва офтобӣ осеб дидаанд ва чандин шоҳроҳи ин кишвар ҳам баста шудаанд.

Сел дар Непал. 26 август, 2026.
Сел дар Непал. 26 август, 2026.

Коршиносони маҳаллӣ дар бораи эҳтимоли зиёди сар задани селхезии дигар ҳам ҳушдор додаанд. Сездаҳ моҳ пеш, дар пайи лағзиши замин дар ҳамин минтақа 17 тан ба ҳалокат расиданд.

Бориши боронҳои мавсимӣ дар тобистон ҳар сол боиси сар задани селобҳои маргбор ва лағзиши замин дар минтақаҳои ҷануб ва ҷануб-шарқи Осиё мешавад.

Ба гуфтаи донишмандон, тағйироти иқлимӣ боиси афзоиши шумори чунин ҳодиса дар минтақа шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG