Ҳарчанд дар бозорҳои кишвар деҳқонеро ёфтан хеле мушкил аст, ки маҳсулоти худро аз дасти якум ба сокинон расонад, аммо баъзе фурӯшандаҳои алафҳои баҳорӣ мегӯянд, худашон аз кӯҳистон ин алафҳоро ба бозор оварда мефурӯшанд.
Як фурӯшанда, ки худро Салима муаррифӣ кард, гуфт, ки алафҳои оширо аз сокинони деҳоти Ромит яклухт мехарад ва дар бозор оварда бо зам кардани чанд смоние мефурӯшад. Ба гуфтаи холаи Салима, ғайр аз харҷи роҳ аз фурӯши он даромади хуб ҳам ба даст меорад.
Аммо чанд қадам дуртар чукриву рошак ва алафҳои ошӣ дар растаҳои сабзавотфурӯшии бозор дар баробари дигар маҳсулот гаронтар фурӯхта мешавад. Ба таври мисол, як бастаи алафи ошӣ ё худ сияҳалаф 5 сомонӣ, як кило чукрӣ 30 сомонӣ ва рошак ҳам 4-6 сомонӣ барои ҳар донае фурӯхта мешавад. Ин тоҷирон мегӯянд, онҳо аз дигар сокинон ин алафҳоро мехаранд ва гаронтар мефурӯшанд. Дар чанд лаҳзае, ки дар назди ин фурӯшандаҳо будем мушоҳида шуд, ки аз ин растаҳо шахсони ба назар доро гузар мекунанд ва ба ҳар қимате, ки набошад онро мехаранд.
Нархи аз ҳама арзони алафи баҳорӣ, шибит аст, ки дар гузаргоҳи назди бозор дар назди як духтарчаи тахминан 14-15-сола дидем. Як бастаи шибит дар инҷо ба қимати 1 сомонӣ фурӯхта мешавад. Аммо ин «тоҷири баҳорӣ» ҳозир нашуд бо мо сӯҳбат кунад, ки ин алафҳоро аз куҷо дастрас мекунад ва аз даромади он чи қадар фоида мебинад.
Бозори гарми алафҳои баҳорӣ
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад