Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мулло-табибҳо" зери назари "дурбин"-и мақомот дар соли 2015


Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, ки соли 2015 низ назорат аз рӯи "муллоҳо"-и ба истилоҳ шаҳватталаб зиёд мешавад ва онҳо зери зарабини мақомот қарор мегиранд.

Ба гуфтаи додситонӣ, “мулло-табиб”-ҳое, ки дар соли 2014 ба домани занони корафтода дастдарозӣ карданд, ҳамагӣ аз вилояти Хатлон буданд.

Анвар Назарзода, ноиби додситони вилояти Хатлон рӯзи ҷумъаи 9 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз чанд нафари муттаҳами дастдарозӣ ба номуси занон ном бурд ва гуфт, додситони вилояти Хатлон соли 2014 алайҳи ҳафт нафар аз сокинони вилоят, ки бо ном "табиб” будаанд, парвандаи ҷиноӣ боз кард ва се нафари онҳоро ба миқдори 1600 сомонӣ ҷарима кард. Парвандаи чаҳор тани дигар дар ҳоли баррасӣ аст.

Анвар Назарзода мегӯяд, ки ин “табибҳо” тибқи моддаҳои 170, қисми 2, 247, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне қаллобӣ ва бисёрзанӣ муттаҳам дониста шудаанд ва парвандаҳои онҳо мавриди барасии додгоҳҳо қарор дорад. Оқои Назарзода аз шаҳрвандон Н.Солеҳов, Г.Холов, Н.Иброҳимов ва М.Иброҳимов ҳамчун муттаҳамони қазияҳои дастдарозӣ ба занҳо, ном бурд.

Аксари сокинони вилояти Хатлон, ки мо мавзӯи навори "муллоҳо-табибҳо"-ро бо онҳо матраҳ кардем, мегӯяд, дар ҳоле, ки ин афрод тибқи қонун ҷазо мегиранд, намоиши саҳнаҳои фаҳш ва иқрори гуноҳ кардани онҳо дар мазҳари ом зарур набуд. Онҳо ин наворҳо дур аз чаҳорчӯби ахлоқ ва барои як ҷомеъаи суннатӣ, “бешармона” арзёбӣ карданд.

Аммо Сироҷиддин Нурзода, додситони вилояти Хатлон дар нишасти хабарияш рӯзи 8 январ гуфт, ки навори саҳнаҳои шаҳвонӣ бо ширкати “муллоҳо”, ки умдатан дар интернет пахш мешавад, ҳеҷ рабте ба мақомоти Тоҷикистон надоранд. Телевизионҳо танҳо наворҳоеро пахш карданд, ки дар доираи одобу ахлоқ буданд ва нусхаҳои асили онҳо дар телевизионҳо пахш нашудаанд:

“Ҳолатҳое, ки дар вилоят ошкор карда шуда буд, чандон фаҳш набуд, дар телевизион қисми пурааш намоиш дода нашудааст, худи мо қисми пурраи ин наворҳоро тамошо карда будем.”

Агарчӣ додситони вилояти Хатлон ҷаноби Нурзода гуфт, ки ин филмҳо хусусияти ғайриахлоқи надоранд, аммо сокинони вилояти Хатлон борҳо шоҳиди он шудаанд, ки дар телевизионҳо дар ҳузури кӯдакони ноболиғашон наворҳои фаҳши “муллоҳоро” дида телевизионҳоро хомӯш кардаанд.

Қамариддин Афзалӣ, раҳбари бахши ҲНИТ дар Хатлон.
Қамариддин Афзалӣ, раҳбари бахши ҲНИТ дар Хатлон.

Қамариддин Афзалӣ, раиси ҲНИТ дар вилояти Хатлон мегӯяд, “наворҳое, ки тариқи телевизион ба намош гузошта шудаанд метавон гуфт, ки дар фарҳангии миллӣ ва тоҷикӣ намеғунҷад, чун ин амалҳои зишт набояд ба телевизион роҳ меёфт, агар ҷиноят аст, бояд тибқи қонун ҷазо мегирифт. Чун ба намоиш гузоштанашон ба фикри банда, ин як ғарази махсусе сурат гирифтааст.”

Дар тӯли соли гузашта шабакаҳои телевизиони давлатӣ наворҳоеро дар бораи ҳаракатҳои шаҳвонии “мулло-табибҳо” нашр карданд ва онҳоро ба Ҳизби наҳзати исломӣ рабт доданд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аъзои ҳизб будани ин афродро рад кард ва гуфт, ҳукумат аз нуфузи ҲНИТ метарсад ва ин амалро ба хотири бадном кардаи як ҳизби рақиб анҷом медиҳад.

Ровиёни наворҳои саҳнаҳои фаҳш бо иштироки ин афроди гӯё "мулло", ки “Телевизиони нури наҳзат” онҳоро намояндагони ҲНИТ муаррифӣ мекунанд, иддао доранд, ки ин шабака моли хадамоти амнияти дохили ҳизб буда, ба хотири тоза кардани сафҳои ҳизб аз афроди бадахлоқ ташкил шудааст. Вале масъулони ҲНИТ нашри ин наворҳои пур аз фаҳшро идомаи маъракаи бадномсозии ҳизбу ҳаводоронаш аз сӯи мақомот меноманд.

XS
SM
MD
LG