Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба наздикони паноҳандаи тоҷик иҷозаи тарки Тоҷикистон надоданд


Гулиҷамиламо Худойдодова ва наберааш Фотима Давлатова
Гулиҷамиламо Худойдодова ва наберааш Фотима Давлатова

Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтаанд, ки хешовандони Шабнам Худойдодова, як фаъоли ҷамъиятиро, дар Лаҳистон паноҳанда аст, ба сабаби камбудӣ дар санадҳояшон аз ҳавопаймо хориҷ карданд ва иҷоза надоданд, ки ба шаҳри Алмаато парвоз кунанд.

Гулиҷамиламо Худойдодоваи 65-сола ва Фотима Давлатоваи 10-сола сокинони шаҳри Кӯлобро рӯзи 4-уми август ба ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Алмаато роҳ надодаанд.

Худи Гулиҷамиламо рӯзи 5-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар фурудгоҳи Душанбе баъди супурдани бору иҷрои тамоми муқаррарот онҳоро дар гузаргоҳи марзӣ нигаҳ доштанд ва гуфтанд, ки наметавонанд, ба ҳавопаймо савор шаванд.

“Ягон чизи мо хато надошт, ҳамаро гузаштем, вале дар охир духтарак ба компютераш нигоҳ кард ва паспорти моро гирифт, ба як утоқи хурд бурд ва онҷо раисаш будаст. Вай омад гуфт, ки шумо рафта наметавонед” - гуфт, Гулиҷамиламо Худойдодова.

Паспорти моро гирифт, ба як утоқи хурд бурд ва онҷо раисаш будаст. Вай омад гуфт, ки шумо рафта наметавонед

Дар санади расмие, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон дар фурудгоҳ сабт карда ва нусхаи онро ба дасти модари Шабнам Худойдодова додаанд, омадааст, ки мусофирон ба сабаби онки дар “рӯйхати афроди мавриди ҷустӯҷу қарор доранд” аз ҳавопаймо барканор карда шуданд.

Дар ин санад, ҳамчунин омадааст, ки ба мусофирон “сабабҳои ба убури давлатӣ иҷозат дода нашудан ва аз хатсайр барканор шуданаш фаҳмонида, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар ҳуҷҷатҳояш ҷойдошта тавсия дода шуд.” Санадҳоро Шабнам Худойдодова дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт.

Рӯйхати сиёҳи идораи амнияти Кулоб

Ба қавли хонум Гулиҷамиламо, ба онҳо возеҳ нагуфтанд, ки камбудиҳо ва ё нуқсон дар санадҳо кадомҳоянд, вале гуфт, ӯ “амнияти Кӯлоб маро дар рӯйхати сиёҳ ворид кардааст, барои ҳамин”. Айни санадро ба Фотимаи 11-сола додаанд, ҳарчанд зери он имзои Гулиҷамиламо Худойдодова ҳаст, ки набераашро ҳамроҳӣ мекунад ва масъули имзо ба ҷойи фарди ноболиғ аст.

Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, назари мақомотро дар бораи сабабҳои роҳ надодани хешовандони Шабнам Худойдодова ба ҳавопаймо бигирад. Вале то кунун модари Шабнам Худойдодова дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекард ва ба қавли худаш мақомоти амниятӣ ҳам ба ӯ занг мезаданд ва ё ба идораи амният даъват мекарданд.

Шабнам Худойдодова
Шабнам Худойдодова

Шабнам Худойдодова мегӯяд, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон ба модараш фишор оварда, ба ӯ мегуфтаанд, ки фарзандаш бадхоҳи Тоҷикистон аст. “Ҳар вақт хоҳанд ба хона мераванд ва масалан мегӯянд, ки духтараш террорист аст, духтарат бомба дорад, духтарат меояд ва Тоҷикистонро метарконад.”

Гулиҷамиламо Худойдодова гуфт, дар воқеъ ӯро борҳо ба идораи амният даъват кардаанд, вале баъзе аз даъватҳояшонро рад карда ва гуфтааст, ки “лозим бошад, худатон биёед” ва бо ҳамин дигар тамос намегирифтаанд.

Шабнам Худойдодова, ки модару духтари 11-солаашро барои дидорбинӣ ба Лаҳистон даъват кардааст, мегӯяд, ки ҳеҷ кас бар асоси қонун ҳақ надорад, садди роҳи модару духтари ӯ шавад.

"Ман дигар узви гурӯҳе нестам"

Шабнам Худойдодоваро, ки ду сол пеш узви Гурӯҳи 24, як созмони мамнӯ дар Тоҷикистон буд, ба “таъсиси гуруҳи ифротӣ” муттаҳам мекунанд. Ӯро соли 2016 дар Ҷумҳурии Белорус бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир карданд, вале баъдан бо мусоидати Созмони Милал аз боздошт раҳо шуд ва ба Лаҳистон рафт ва дар онҷо паноҳандагии сиёсӣ гирифт. Худаш мегуфт, ки ӯро барои андешаҳои сиёсӣ ва интиқодаш аз сиёсатҳои давлати Тоҷикистон таъқиб мекунанд. Номи Шабнам Худойдодова ҳанӯз дар як феҳрасти Бонки миллӣ ҳаст, ки муомилоти пулӣ бо онҳо ҳамчун "ифротгароён" мамнӯъ шудааст.

Худи ӯ рӯзи 5-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, дигар ба ҳеҷ гурӯҳи сиёсӣ дар хориҷ, аз ҷумла Гурӯҳи 24 ва Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ иртибот надорад ва ҳоло дарси ҳуқуқ мехонад ва мехоҳад, дар оянда аз ҳуқуқи дигарон ҳам ҳимоят кунад.

Қазияҳои ҳиҷолатовар барои Тоҷикистон?

Роҳ надодани наздикони Шабнам Худойдодова ба ҳавопаймо баъди он сурат мегирад, ки мақомоти Тоҷикистон дар ниҳоят ба келин ва набераи бемори Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати ислом иҷоза доданд, ба назди падараш ба хориҷ ва барои муолиҷа биравад.

Бо модари Иброҳим Тиллозода, набераи 4-солаи Муҳиддин Кабирӣ, ки саратони узви таносул дорад, ҳафтаи гузашта муяссар шуд, санадҳои расмиашро бигирад ва бе мамониат ба Туркия сафар кунад.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегуянд, ки мақомоти Тоҷикистон ғайриқонунӣ намегузоранд, хешовандони афроди мухолиф ба давлат аз ҷумла аъзои Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ба хориҷ ба хориҷ бираванду ба аъзои оилаашон бипайванданд, то аз ин роҳ ба онҳо фишор биёранд, ки интиқоди давлатро бас кунанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин иддаоҳо асос надоранд.

XS
SM
MD
LG