Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарпаноҳ барои занони осебпазир дар Хатлон


Дар минтақаи Қӯрғонтеппа паноҳгоҳи вижа дари худро ба рӯи заноне, ки аз хушунату зӯроварии хонаводаи шавҳар фирор карда ва бо фарзандони ноболиғашон ҷойи рафтан надоштаанд, боз кардааст.

Дар минтақаи Қӯрғонтеппа паноҳгоҳи вижа барои заноне, ки аз хушунату зӯроварии хонаводаи шавҳар ифтитоҳ гардид. Ба ин тартиб, талошҳои чандсолаи созмони иҷтимоии бӯҳронии занон мавсум ба "Ғамхорӣ" дар ҷануби Тоҷикистон барои таъсиси паноҳгоҳе барои занони хушунатдидаи минтақаи Қӯрғонтеппа амалӣ шуд.

Мавҷуда Шарипова, роҳбари маркази "Ғамхорӣ" рӯзи ҷумъаи 6 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бинои паноҳгоҳро соҳибкоре ба онҳо дода ва ғизои занон аз ҷониби созмони хайрхоҳи хориҷӣ "GOPA" таъмин мешавад. Дар гузашта ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа барои таъсиси паноҳгоҳ дар ҳумаи ин шаҳр 8 сотих заминро ҷудо карда, вале ба далоили мухталиф сохтмони он оғоз нашуд.

Мавҷуда Шарипова, роҳбари маркази "Ғамхорӣ"
Мавҷуда Шарипова, роҳбари маркази "Ғамхорӣ"

Паноҳгоҳи нав як ҳафта инҷониб 3 нафар занро бо фарзандони ноболиғашон пазируфтааст. Гуфта мешавад, бо амалӣ шудани барномаҳои имкони пазируфтани занони осебпазир дар ин паногоҳ бештар хоҳад шуд.

Мавҷуда Шарипова афзуд, ки онҳо пеш аз таъсиси ин маркази вижа, ҳолати баъд аз паноҳгоҳ баромадани занонро ба инобат гирифтаанд: "Мушкиле, ки баъди паноҳ бурдани занон дар паноҳгоҳ ба сарашон меояд, ҳаматарафа ба назар гирифта шудааст. Шарикони мо аз мақомот низ муаззаф шудаанд, ки бо мо кор мекунанд ва занҳоро баъди аз паноҳгоҳ рафтан назорат мекунанд. Дар паноҳгоҳ идораи маориф, ки шарики корӣ дар ин самт аст, таълиму тарбияи занони хушунатдидаро бар дӯш мегирад. Занони дар паноҳгоҳ буда онҳое ҳастанд, ки хушунат дидаанд ва аз ҷониби наздиконашон дастгирӣ намеёбанд. Онҳо дар ҳолати вазнини равонӣ қарор дошта метавонанд, ки ба худкушӣ даст зананд."

Занон дар паноҳгоҳ 15 рӯз ҳаққи зистро дошта, дар ин муддат мақомот ва идораи пулис бо хонаводаи онҳо, аз ҷумла шавҳар ва хусуру хушдоман кор мекунанд. Дар сурати ҳосил нашудани созиш миёни зану шавҳар муҳлати будубоши зан ва кӯдаконаш дар паноҳгоҳ тамдид мешавад.

Гулбаҳор Сафарзода, нозири оид ба зӯроварӣ дар оилаи Шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки онҳо амнияти занони паноҳгоҳро кафолат медиҳанд: "То замони ҳалли мушкилоти хонаводагӣ занон дар паноҳгоҳ мемонанд, ҳатто хешу табори онҳо суроғаи онҳоро намедонанд. Ҳадаф дур шудани занон аз зӯроварӣ буда, дар ин муддат бо хонаводаҳои онҳо кор мекунем. Ин паноҳгоҳ як роҳи ҷилавгирӣ аз худкушии занон буда, дар ин ҷо равоншиносон бо онҳо кор мекунанд."

Гулбаҳор Сафарзода
Гулбаҳор Сафарзода

Заноне, ки бо фарзандони ноболиғашон дар паноҳгоҳ ба сар мебаранд, дар ҳолати тарсу бими шавҳарони занозорашон қарор доранд ва аз суҳбат худдорӣ мекунанд.

Зани 40-солаи сокини ноҳияи Вахш, ки худро Майсарахон муаррифӣ кард, гуфт, ки бо 4 фарзанди ноболиғаш мавриди лату кӯби шавҳар ва хушунати равонии хушдоман қарор гирифта ва ҷойи рафтан надорад. То ҳал шудани мушкили хонаводагӣ ба сарпаноҳе ниёз дорад: "Ман бо фарзандонам ба хонаи падарам рафта наметавонам, он ҷо маро ҳамчун меҳмон истиқбол мегиранд. Бояд дар хонаи шавҳарам бошам, вале шавҳарам баъди майнӯшӣ табақу косаро ба сарам мезанад, ҳамарӯза ҳоламон ҳамин аст, илова бар ин наздикони шавҳар бо ман муносибати хуб надоранд."

Ин занон мегӯянд, ки ҳарчанд зиндагӣ дар паноҳгоҳ ғазаби шавҳарон ва хонаводаи онҳоро меорад, вале маҷбур ҳастанд, ки бо фарзандонашон аз хона ба сӯи пагоҳгоҳ фирор кунанд. Созмонҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ҳарҷанд мардҳо ба пагоҳгоҳ рафтани ҳамсарони худро хиёнат медонанд, вале бояд оҳиста-оҳиста одат кунанд ё хушунату зӯровариро аз хонавода решакан созанд.

Коршиносон бар ин боваранд, ки таъсиси паноҳгоҳ метавонад мизони худкушии занонро коҳиш диҳад, чун занон дар сурати надоштани ҷойи рафтан, баъди хушунату зӯроварӣ ба ҷони худ қасд мекардаанд.

Хушунати хонаводагӣ дар вилояти Хатлон аз мавзӯҳои доғе дар миёни занону духтарон мебошад, ки ҳудуди 10 созмони ҷамъиятӣ дар ҳамин самт кор мекунанд. Гуфта мешавад, ки дар се моҳи соли равон ҳудуди 1000 нафар зан аз мавориди хушунати равонию ҷисмонӣ ба ниҳодҳои зирабт муроҷиат кардаанд.

XS
SM
MD
LG