Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Мирзиёев: Эътилофи раҳбарони минтақаҳо таъсис шавад


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон

Узбакистон пешниҳод кард, ки Эътилофи раҳбарони минтақаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис шавад. Расонаҳои маҳаллии Узбакистон навиштанд, президент Шавкат Мирзиёев дар ин бора дар конфронси “Осиёи Марказӣ: як гузашта ва ояндаи умумӣ, ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор ва шукуфоии муштарак”, ки рӯзи 10-уми ноябр дар Самарқанд ифтитоҳ шуд, изҳори назар кардааст.

"Агар ёрӣ ҳам накунем, халал нарасонем"

Вақте мо на танҳо ба онҳо кумак, балки халал ҳам намерасонем, натиҷа чашмрас мешавад

“Имрӯз бояд ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳи зиёд ҷалб шавад. Дар ин робита, пешниҳод мекунам, ки Эътилофи роҳбарон, яъне, раҳбарони минтақа ва доираҳои тиҷории кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис шавад. Вақте мо бо минтақаҳо, бо роҳбарони онҳо ва доираҳои тиҷоратӣ гуфтугӯи мустақим баргузор мекунем, натиҷаовар хоҳад буд. Вақте мо на танҳо ба онҳо кумак, балки халал ҳам намерасонем - натиҷа чашмрас мешавад", - афзуд ӯ.

Мақбараи Амир Темур дар Самарқанд, соли 2016
Мақбараи Амир Темур дар Самарқанд, соли 2016

Ба қавли Мирзиёев, ин механизм бахши саноат, иқтидори зеҳнӣ ва сармоягузории минтақаро фаро гирифта, боис ба рушди тамоми Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Ба ҷуз ин, Шавкат Мирзиёев гуфт, аз ибтидои сол гардиши мол миёни Узбакистон ва кишварҳои минтақа ба ҳисоби миёни 20 дарсад бештар шудааст. Дар ҳамин ҳол, бино бар баҳогузории коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, ҳамкории самарабахши кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад, дар 10 сол Маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақаро ҳадди ақал 2 баробар бештар кунад.

Самарқанд - мизбони нишасти вазирони умури хориҷӣ

Дар нишасти Самарқанд вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақа, роҳбарони созмонҳои бонуфуз, амсоли СММ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА, СҲШ, ИДМ, намояндагони сафоратҳо, коршиносон, рӯзноманигорон - дар маҷмуъ беш аз 500 нафар иштирок мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи ҷумъа дар шаҳри Самарқанди Узбакистон мулоқоти вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо низ баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин нишаст вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов намояндагӣ мекунад.

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Дар ҳамоиши вазирони умури хориҷии Аврупову Осиёи Марказӣ масоили марбут ба ҳамкориҳои минтақавиву байналмилалӣ баррасӣ мешавад. Федерика Могеринӣ, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ки дар ин ҷаласа аз Брюссел намояндагӣ мекунад, дар остонаи нишаст гуфтааст, вазъи Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз масоили мавриди баррасӣ дар ҳамоиши Самарқанд хоҳад буд.

Аз баҳси Афғонистон то мушкили занон

Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, бар асоси стратегияи нави ин ниҳод барои Афғонистон, ки чанд ҳафта пеш қабул шудааст, Аврупо ва коршариконаш дар ҷомеаи байналмилалӣ барои солҳои 2017 то 2020 - 13,6 миллиард евроро ба хотири мусоидат дар ҳалли мушкилоти Афғонистон ихтисос медиҳанд. Стратегияи Аврупо барои Афғонистон бо ҳадафи истиқрори сулҳ ва субот дар ин кишвар ва минтақа, тақвияти қонунҳои демократӣ, мусоидат дар ҳалли мушилоти занон ва ҳуқуқи башар, кӯмак дар рушди иқтисодӣ ва ҳалли масъалаи муҳоҷират қабул шудааст.

Федерика Могеринӣ
Федерика Могеринӣ

Илова бар ин, дар мулоқоти вазирони умури хориҷии Аврупову Осиёи Маркзаӣ сӯҳбат аз дастрасӣ ба захираҳои об, тавсеаи имконоти ҳамкорӣ дар бахши иқтисоду тиҷорати минтақавӣ ва дигарҳо меравад. “Мушкилоти марбут ба ҳуқуқи башар ва волоияти қонун аз мавзӯъҳои мавриди баррасии мо аст. Иттиҳодияи Аврупо ҳамеша ба ҳайси ҳомии ҳуқуқи инсон ва рушди институтҳои демократӣ баромад кардааст. Мо омода ҳастем ҳамкоронамон дар Осиёи Марказиро барои дастёбӣ ба пешрафт дар ин бахш дастгирӣ кунем”, - гуфтааст Федерика Могеринӣ рӯзи 9-уми ноябр дар сӯҳбат бо нашрияи Газета.уз.

Масъалаи тақсими захираҳои оби минтақа

Нишасти Самарқанд дар асл музокироти 13-уми вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо мебошад. Мақомоти аврупоӣ мегӯянд, ин ҳамоиш назар ба мулоқоти дуҷониба имкониятҳои бештарро барои баррасиҳои бози масоили мавриди нигаронӣ ва ҳамкорӣ фароҳам меорад. “Масоиле, ки кишварҳо наметавонанд ба танҳоӣ ҳал кунанд, мисли тақсими захираҳои об ваё мубориза бо терроризму ифротгароӣ - аз ҳамон мавзӯъҳоест, ки бояд дар ин нишастҳо матраҳ шаванд”, - гуфтааст Могеринӣ.

Яке аз таҳаввулоти ахир дар заминаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ ин аст, ки Иттиҳодияи Аврупо ният дорад, мизони маблағгузорӣ ё кумак ба ОМ-ро то соли 2020 афзоиш диҳад. Невен Мимитса, вазири Иттиҳодияи Аврупо оид ба масъалаҳои рушду ҳамкориҳои байналмилалӣ дар изҳороти рӯзи 8 ноябри худ гуфтааст, ки "Иттиҳоди Аврупо барои устувории минтақа то соли 2020 дар ҳаҷми тахминан 1,2 миллиард евро кӯмак мекунад. Ҳамроҳ бо шарикони Осиёи Марказиамон, мо ташаббусҳо ва ислоҳотеро, ки ба ташкили ҷойҳои корӣ, рушди бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузорӣ, мудирияти хуб, идоракунии захираҳои обӣ, ривоҷи соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва идоракунии сарҳадот равона карда шуданд, дастгирӣ мекунем".

Ҳаҷми кумакҳои Иттиҳодияи Аврупо ба минтақа то имрӯз 230 миллион евроро ташкил додааст, ки дар маҷмӯъ 110 пружаи марбут ба мубориза бо офатҳои табиӣ, обхезӣ, зилзила ва барномаҳои дигар равона шудааст.

XS
SM
MD
LG