Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти тими занонаи Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA аз Эрон

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии Юсуф Рабиев дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои занона (CAFA U-20 Women's Championship 2026) аз тими Эрон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Дар бозии бонувони футболбози зери 20-солаи Тоҷикистону Эрон, ки 21-уми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, ҳисобро дар дақиқаи 3-юм бозигари мунтахаби Тоҷикистон Нозия Узоқова кушод. Пас аз ҳашт дақиқа ҳамдастааш Маҳиноз Нурова голи дувуми Тоҷикистонро ба самар расонд.

Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 49-ум, ҳамлагари тими Эрон Меҳросо Барорӣ дарвозабони мизбонон Фараҳноз Холдороваро маҷбур кард, ки тӯбро аз тӯри дарвоза бигирад. Ясна Ҷаъфарниё дар дақиқаи 56-ум аз пеналти ҳисобро баробар кард – 2:2. Голи севум ва пирӯзиовари эрониҳоро Марям Халилӣ дар дақиқаи 59-ум ба самар расонда, беҳтарин бозигари ин дидор дониста шуд.

Дар бозии ифтитоҳии мусобиқа 21-уми июл дар Ҳисор мунтахаби Узбекистон тими Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро дар ин бозӣ дар дақиқаи 12-ум Шаҳзода Алихонова зад.

Пас аз натиҷагирии даври якуми мусобиқа дар ҷадвал тимҳои Эрону Узбекистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд. Дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон бидуни имтиёз мутаносибан дар зинаҳои севуму чаҳорум қарор доранд.

Дар даври дувуми мусобиқа, ки 23-юми июл доир мегардад, тимҳои Эрону Узбекистон ва Қирғизистону Тоҷикистон бо ҳам рақобат мекунанд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2026 миёни дастаҳои мунтахаби занона (U-20), ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор то 26-уми июл идома меёбад, дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок доранд.

Бозиҳо аз рӯйи низоми даврӣ дар як марҳала барпо гардида, ҳар як даста се вохӯрӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки бештар аз ҳама имтиёз мегирад, соҳиби Ҷоми CAFA-2026 мешавад.

Барои дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) ин мусобиқа яке аз марҳалаҳои муҳими омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 ба ҳисоб меравад, ки аз 28-уми август то 5-уми сентябри соли оянда доир хоҳад шуд.

Ҷоми CAFA-2026 миёни занон (U-20)

Даври якум

21-уми июл (сешанбе)

Узбекистон – Қирғизистон – 1:0

Тоҷикистон – Эрон – 2:3

Даври дувум

23-юми июл (панҷшанбе)

Эрон- Узбекистон, 19:00

Қирғизистон - Тоҷикистон, 22:45

Даври севум

26-ум июл (якшанбе)

Қирғизистон -Эрон, 19:00

Тоҷикистон - Узбекистон, 22:45

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG