Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корманд: "Гуфт, ҳуқуқатро дар як ҷоят мезанам". Раҳбар: "Не, фақат насиҳат кардам" ВИДЕО


Ҳамагирӣ ё пандемияи коронавирус, бино бар эъломияҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ба муносибати байни одамон асабоният ва шиддат ворид кардааст. Коргарон дар Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз пеш аз он низ бадсуханӣ ва хушунати лафзии роҳбарон ба равише табдил ёфта буд, аммо дар заминаи мушкилоти ахири иқтисодӣ густариш пайдо кардааст.

БАҲСИ ҶАМШЕД САТТОРОВ ВА ЭРКАМО МИРЗОЕВА

Ҷамшед Сатторов, омӯзгори Мактаби мусиқии ба номи Фозил Солиҳов дар шаҳри Ваҳдат, мегӯяд, аз муносибати, ба қавли ӯ, "дағалона"-и мудири шуъбаи фарҳанги шаҳр нигарон аст. "Пас аз як шикоятам дар мавриди маош, таҳдид кард, ки аз кор меронад ва дашному ҳақорат дод", -- иддао кард ӯ.

Эркамо Мирзоева, мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Ваҳдат, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддаои Сатторовро беасос донист ва гуфт, "ӯро танҳо насиҳат кардааст".

Ҷамшед Сатторов 20-уми ноябр гуфт, “қисме аз маблағи рухсатиро надоданд. Баъди он ки ба шуъбаи молия муроҷиат кардам, пурра доданд, вале раиси шуъбаи фарҳанг гуфт, бори дигар ба ягон ҷо шикоят мекунед, тиёқамро дар ... мезанам. Гуфтам, чаро чунин мегӯед? Гуфт, бирав, таксӣ рон, ин ҷо ҷойи ту нест.”

Вай мегӯяд, ҳамаи ҳақоратҳои мудири шуъбаи фарҳангро ба забон оварда наметавонад, аммо агар мақомот ба ин масъала таваҷҷуҳ кунанд, омода аст, дашном додани ӯро исбот кунад. Ин омӯзгор таъкид намуд, дар мавриди дағалгуфтории Эркамо Мирзоева ба ҳукумати шаҳри Ваҳдат низ шикоят кардааст, “вале то ҳол натиҷае нест”.

ҲАҚОРАТ Ё НАСИҲАТ?

Чанде аз омӯзгорони Мактаби мусиқии шаҳри Ваҳдат нахостанд, дар бораи муносибати мудири шуъбаи фарҳанг ба Радиои Озодӣ ҳамсуҳбат шаванд. Баъзе аз онҳо бо эҳтиёт мегуфтанд, “дар ин бора аз дигарон пурсед, чизе гуфта наметавонем”.

Эркамо Мирзоева, мудири шуъбаи фарҳанги Ваҳдат, рӯзи 20-уми ноябр ба Радиои озодӣ гуфт, дар рухсатии меҳнатӣ аст ва бино бар ин наметавонад бештар суҳбат кунад. Вай гуфт, дар ҳаққи ягон омӯзгор ё зертобеаш дашном надодааст.

Мирзоева мегӯяд, воқеан, Ҷамшед Сатторовро насиҳат кардааст, аммо на барои маош, балки дар мавриди сохтмони бинои нави мактаби мусиқӣ. Сатторов мегӯяд, ба кӯчонидани мактаб ба бинои нав розӣ нест, чун барои хонандаҳо бисёр тангу хурд аст. “Вале дашному ҳақорати Мирзоева на дар пайи чунин мухолифат, балки сари пардохти маош буд”, -- таъкид дорад ӯ.

Дар идораи фарҳанги шаҳри Ваҳдат гуфтанд, маоши омӯзгорони мактаби мусиқӣ пурра пардохт шудааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Шикояти омӯзгори мусиқӣ аз дағалгуфтории раҳбараш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

ДАҒАЛГУФТОРИИ РОҲБАРОН АЗ КУҶО МАНШАЪ МЕГИРАД?

Дар Тоҷикистон дағалгуфтории баъзе аз раҳбарон нисбат ба кормандон масъалаи нав набуда, дар гузашта низ борҳо садо додааст. Аз ҷумла, тобистони соли 2018 номи Сулаймон Вализода, раиси вақти ноҳияи Фархор, баъд аз нашри як навори аудиоӣ дар интернет расонаӣ шуд. Дар баъзе аз ҷойҳои навор “дашномҳои зиште, аз ҷумла ба номи модару хоҳари баъзе аз раисони ҷамоатҳо шунида мешуд”.

Он замон ноширони навор иддао карданд, ки садои Сулаймон Вализода дар як ҷаласаи ҳукумати ноҳияи Фархор аст, аммо худи Вализода ҳеч гоҳ эътироф накардааст, ки дар ҷараёни кор дашном медиҳад.

Баъзе аз равоншиносону ҷомеашиносон ба ин назаранд, ки муносибати дағалонаи баъзе аз роҳбарон нисбат ба зердастон сабабҳои гуногун дорад. Маҳмудшоҳ Кабиров, равоншиноси тоҷик, гуфт, афсурдагии раҳбарон метавонад, боис ба асабоният ва дар ниҳоят анҷоми муносибати дағалона шавад.

ТАЪСИРИ КОРОНАВИРУС?

Ӯ таъкид намуд, дар шароити пандемияи коронавирус чунин ҳолатҳоро бештар мушоҳида кардан мумкин аст: "Муносибатҳо дар ин давра бештар эҳсосӣ шуданд. Ин, албатта, дар давраи пандемия қарор доштани башарият аст, ки тамоми муносибатҳои иҷтимоӣ, равонӣ, иқтисодӣ, маънавии инсонҳоро як такон дод."

Кабиров таъкид кард, дар маҷмуъ падидае ба мисли дағалгуфтории баъзе аз раҳбарон нисбат ба зердастонашон танҳо ба замони пандемияи коронавирус маҳдуд намешавад. "Ин масъалаест, ки гоҳе раҳбарон ба хотири манфиат чунин мекунанд", -- афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки ҳуқуқдони тоҷик Шокирҷон Ҳакимов яке аз омилҳои дағалгуфтории раҳбаронро "ба назар нагирифтани сатҳи касбияту фарҳангу дониши онҳо ҳангоми таъин ба мақомҳои роҳбарӣ" номид. Ба қавли ӯ, "пеш аз таъини шахсоне ба мақоми раҳбарикунанда бояд бештар ба касбияту истеъдоди онҳо таваҷҷӯҳ шавад."

ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА: КАСЕ АЗ БАДГУФТОРӢ ШИКОЯТ НАКАРДААСТ

Рӯзи 23-юми ноябр дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон гуфтанд, арзу муроҷиати коргарони соҳаҳои гуногун ба ин ниҳод мерасад, ки бештари онҳо ба масъалаҳои музди маош рост меояд, на дағалгуфтории раҳбарон.

Алӣ Иброҳим Саидзода, як масъули ин ниҳод, ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол ягон шикоят дар мавриди дағалгуфтории раҳбаре нисбат ба корманд нарасидааст. Ӯ гуфт, дар сурати дастрас намудани чунин шикоят, мақомоти дигарро дар ҷараён мегузоранд ва ба арзи корманд расидагӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз ҷомеашиносон ва ҳуқуқдонҳои тоҷик мегӯянд, набудани адолати додгоҳӣ ва хавфи аз даст додани ҷойи кор боис ба он шудааст, ки дар аксар маврид корманд таҳқиру дашноми роҳбари худро ба қавле "фурӯ барад".

XS
SM
MD
LG