Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 6 намуд медал гирифтааст, аз он ҷумла дар ММА (Mixed Martial Arts) – ҳунарҳои размии омехта - 2 нишони тило ва 7 биринҷӣ, таеквондо WT - 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ, ҷудо – 1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ, бокс - 3 медали биринҷӣ, кураш ва гуштии озод - яктоӣ медали биринҷӣ.
Рӯйхати варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои III осиёии наврасон дар Баҳрайн бо медалҳо мукофотонида шуданд:
ММА (Mixed Martial Arts)
Писарон
Тило: Файзиддин Халилов – то 55 кг; Умарҷони Умед – то 70 кг.
Биринҷӣ: Умар Шарифов – то 50 кг; Муҳаммад Саидзода – то 60 кг;
Осими Бекмуродзода – то 60 кг; Абубакр Баҳромов – то 75 кг; Мусо Иброҳимзода – то 80 кг;
Духтарон
Биринҷӣ: Меҳрона Қаландарбекова – то 55 кг; Марҳабо Бобоева – то 60 кг.
Таеквондо WT
Писарон
Нуқра: Ҷонибек Неъматов – то 73 кг.
Биринҷӣ: Абдуҷаъфари Баҳодур – то 55 кг.
Бокс
Писарон
Биринҷӣ: Дамир Назаров – то 46 кг; Абубакр Азизов – то 60 кг.
Духтарон
Биринҷӣ: Фурӯғ Сарҳадзода – то 60 кг.
Ҷудо
Писарон
Нуқра: Юсуф Замонов – то 50 кг;
Биринҷӣ: Юсуф Искандарзода – то 66 кг.
Духтарон
Биринҷӣ: Зуҳал Ҷумъаева – то 52 кг.
Кураш
Писарон
Биринҷӣ: Абубакр Тураев - то 65 кг.
Гуштии озод
Писарон
Биринҷӣ: Алиризо Баҳромов - то 80 кг.
Дар ҳамин ҳол дар дар Бозиҳои III осиёии наврасон дар Баҳрайн дар ҳисоби медалҳо Чин бо 122 медал (54 тило, 42 нуқра ва 26 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст.
Узбекистон бо 57 медал (24 тило, 10 нуқра ва 23 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм, Қазоқистон бо 70 медал (18 тило, 21 нуқра ва 31 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм, Эрон бо 54 медал (17 тило, 11 нуқра ва 26 биринҷӣ) дар ҷойи чорум ва Тайланд бо 40 медал (13 тило, 14 нуқра ва 13 биринҷӣ) дар ҷойи панҷум мебошанд.
Дар умум то ҳоло варзишгарони 36 кишвар медал гирифтаанд, аз он ҷумла намояндагони 27 кишвар барандагони нишони тило гардидаанд.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ғайр аз Узбекистону Қазоқистон, Тоҷикистон бо 19 медал (2 тило, 2 нуқра ва 15 биринҷӣ) дар ҷойи 18-ум, Туркманистон бо 2 медал (1 тило ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи 25-ум Қирғизистон бо 18 медал (7 нуқра ва 11 биринҷӣ) дар ҷойи 28-ум, Афғонистон бо 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи 30-юм қарор доранд.
Дар Бозиҳои III осиёии наврасон дар Баҳрайн, ки беш аз чор ҳазор варзишгари наврас аз 45 кишвари қора барои 259 маҷмуи медалҳо дар 26 намуди варзиш мубориза бурданд, 31-уми октябр ба поён мерасанд.
Дар ин Бозиҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 65 варзишгар дохиланд, ки дар 12 намуд: бадминтон, бокс, варзиши сабук, варзиши электронӣ, гуштии озод ва юнону румӣ, кураш, муай-тай, ММА (ҳунарҳои размии омехта), таеквондо WT, ҷудо, ҷиу-ҷитсу ва шиноварӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Ёдовар мешавем, дар нахустин Бозиҳои осиёии наврасон, ки соли 2009-ум дар Сингапур баргузор шуданд, танҳо ду варзишгари тоҷик – даванда Даврон Атобоев ва шиновар Ҳакими Муҳаммад - ширкат варзида, бе медал монданд.
Дар Бозиҳои II осиёии наврасон соли 2013-ум дар шаҳри Нанҷинги Чин аз байни 9 варзишгари тоҷик ду нафар медал ба даст оварданд. Зоир Шералиев дар гурзандозӣ медали нуқра ва Фаррухи Салим дар гуштии ҷудо дар вазни то 81 килограмм нишони биринҷӣ гирифтанд.
Гуфтугӯ