Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаш сокини Ванҷ барои эътироз назди ШКД


Шаш сокини ноҳияи Ванҷ, ки рӯзи 7 август назди бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳия барои раҳоии чор гумонбар дар узвият ба ҷараёни мамнӯи "Салафия" даст ба эътироз зада буданд, боздошт шуданд.

Чанд бор гуфтам, ҳамин ришатонро тарошед, ки ба саратон бало меорад. Ҳукумат чизе гуфт, ҳамонро кунед. Гапро нагирифтанд

​Мақомот ин ҷавононро дар таҳрики сокинон барои гирди ҳам омадан назди бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ванҷ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам мекунанд. Ҷӯрахон Зикриёзода, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ванҷ рӯзи 9 август боздошти гурӯҳи ҷавононро тасдиқ кард, вале мавзуро шарҳи бештар надод.

Боздоштшудаҳо киҳо буданд?

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон рӯзи 9 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ин шаш нафар – Дидор Музофиров, Сорбон Сабзқадамов, Муҳаммад Фаёзов, Мақсад Бердиев, Насиб Муҳаббатов ва Шерафган Сафаров дар боздошт қарор доранд. Онҳо рӯзи 8 август, пас аз як рӯзи даст ба эътироз задан боздошт шуданд.

Маъмулан, дар чунин ҳолат, додгоҳҳои Тоҷикистон қазияро бар асоси моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, яъне “майдаавбошӣ” баррасӣ мекунанд. Ин модда муҷозотро ба андозаи то 500 сомонӣ ҷарима ё аз панҷ то понздаҳ рӯзи ҳабс дар назар мегирад.

Ба қавли мақомот, онҳо рӯзи 7 август аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия хостаанд чор сокини боздоштшударо раҳо кунанд. Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ванҷ рӯзи 7 август бародарон - Исмодддин ва Низомиддин Абдулмунтазировҳо, сокинони деҳаи Ҷангали Зугова ва Фаррухрӯз Мазорбунову Орзу Иматов - сокинони деҳаи Бовуди ноҳияи Ванҷро боздошт карданд.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, Фаррухрӯз Мазорбунов ва Орзу Иматов ҳамчун шоҳиди амалҳои бародарон даъват шуда буданд ва пас аз чанд соати пурсиш озод гардиданд. Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодии огоҳ аз қазия гуфт, "Шаш нафари боздоштшуда бегоҳи дирӯз дастгир гардиданд.

Онҳо худашон ва чанд сокинони ноҳияро ҷамъ карда, бо вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ба кори кормандони ШКД халал расониданд. Нисбаташон то рӯзи дигар айб эълон мешавад". Ду нафаре, ки дар узвият ба "Салафия" муттаҳам мешаванд, ҳоло ба Хоруғ интиқол дода шудаанд.

“Мегуфтам, ки риши дароз ба саратон бало меорад”

Асомиддин Абдулмунтазиров, падари ду ҷавоне, ки дар боздошт қарор доранд, рӯзи 9 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз хонааш дар Ванҷ гуфт, мақомот ҳанӯз шарҳ надоданд, ки писаронаш бо кадом ҷурм боздошт шуданд. Ба гуфтаи падар, Низомиддини 32-сола рӯзи 4 август аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия баргашта, Исомиддини 33-солааш дар Ванҷ қарор доштааст.

Ӯ гуфт, ки пас аз боздошти писаронаш манзили зисташ ҷустуҷӯ шуд ва аз он ҷо чанд китоб бо хати арабӣ пайдо ва мусодира шуд. Ӯ гуфт, фарзандонаш бегуноҳ ҳастанд ва аз рӯи иттилои ӯ, ҳеҷ хилофкорие накардаанд. Танҳо чанд бор аз фарзандонаш хостааст, ки ришҳояшонро тарошанд:

“Чанд бор гуфтам, ҳамин ришатонро тарошед, ки ба саратон бало меорад. Ҳукумат чизе гуфт, ҳамонро кунед. Гапро нагирифтанд. Риши дароз доштанд, лекин кори баде намекарданд. Вақти сӯҳбат ба муфаттишон борҳо пурсидам, ки гуноҳи писаронамро гӯед, чизе нагуфтанд. Намозашонро мехонданд ва пайи кори худашон буданд. Бо касе ҳам дар бораи дину диндорӣ сӯҳбат намекарданд”.

Ин мард мегӯяд, писари бузуругаш падари се ва хурдиаш ду кӯдаки хурдсол мебошанд. Ӯ умедворӣ кард, ки бегуноҳии писаронаш собит мешавад ва онҳо озод мегарданд.

Ду варзишгар дар миёни эътирозгарони боздоштшуда

Абдулмунтазиров гуфт, нафароне, ки бо гумони эътироз дар назди бинои ШКД боздошт шуданд, шинос ва бархеашон ҳамкорони писараш будаанд.

Ӯ гуфт, ин ҷавонон на барои эътироз, балки барои фаҳмидани воқеяит, ки чаро онҳо боздошт шудаанд, ба назди бинои ШКД ва шӯъбаи Кумитаи амният дар ноҳия рафтаанд. Шералӣ Нусратов, вакили маҳаллаи Убари Даргов, ки чанд тан аз эътирозгарон назди бинои ШКД сокинони ин маҳалла ҳастанд, рӯзи 9-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ду нафари боздоштшуда варзишгаранд.

Ӯ гуфт, Муҳаммад Фаёзов ва Мақсад Бердиев, ки номашон дар миёни эътирозгарон ҳаст, гӯштигир буда, дар мусобиқаҳои дохилӣ борҳо соҳиби ҷоиза гаштаанд. “Ҳоло аниқ намедонам, ки онҳо чӣ кор кардаанд. Шояд мақомот далел доранд, ки онҳоро боздошт намудаанд, вале ин ду ҷавон фаъол буданд. То ҷое онҳоро медонам, дар корҳои ҷамъиятӣ ва мусобиқаҳои гуштӣ фаъолона иштирок мекарданд. Соҳиби ҷоизаҳо низ ҳастанд.”

Як сокини дигари ноҳияи Ванҷ бидуни зикри номаш гуфт, ки агар ин гурӯҳи ҷавонон ба назди мақомот намерафтанд, эҳтимол Фаррухрӯз Мазорбунов ва Орзу Иматов, ду ҷавоне, ки ҳамроҳ бо Абдулмунтазиров боздошт шуда буданд, озод намешуданд.

Боздошти ду сокини Ванҷ бо гумони узвият дар равияи “Салафия” дар ҳолест, ки мақомот мегӯянд, дар вилояти Бадахшон аз ҳама бештар сокинони ин ноҳия ба сафи гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнӯи “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Тибқи иттилои расмӣ аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 50 нафар ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, ки бештари онҳо аз ноҳияи Ванҷ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG