Дар ин нишаст Александр Зуев, муовини дабири кулли СММ дар умури мубориза бо терроризм дар мавриди Афғонистон гуфт, ки "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон як таҳдиди ҷиддӣ барои минтақа ва фаротар аз минтақа ба шумор меравад.
"Дар Афғонистон, "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи ДОИШ як таҳдиди ҷиддӣ дар дохили кишвар ва фаротар дар минтақа ба шумор меравад. Бо онки ҳамлаҳои "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ коҳиш ёфтааст, аммо ин гурӯҳ ҳанӯз ҳам тавоноии онро дорад, ки аз роҳи ҷалб ва истихдоми онлайнӣ, ба суръат худро тақвият кунад".
Муовини дабири кулли СММ ба ҳамлаи террористии 19 январ дар шаҳри Кобул ишора кард, ки бар асари он ҳафт тан кушта ва шумори зиёде, аз ҷумла кӯдакон, захмӣ шуданд. Масъулияти ин ҳамларо "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифт.
Толибон иддао мекунанд, ки "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон саркӯб шуда ва дигар наметавонад барои ин кишвар мушкил эҷод кунад.
Александ Зуев рӯзи 4 феврал дар нишасти Шӯрои Амният гуфт, ки ин гурӯҳ ва шабакаҳои вобаста ба он дар баробари фишорҳои давомдори зиддитеррористӣ муқовимат мекунанд, ба ҷалби ҷанҷӯёни хориҷӣ идома медиҳанд ва аз технологияи муосир барои тақвияти фаъолиятҳои худ истифода мекунанд.
Зуев афзуд, ки ДОИШ аз тариқи кӯмакҳои молӣ, молиёти ғайриқонунӣ ва одамрабоӣ, худро таъмини молӣ мекунад.
Муовини дабири кулли СММ дар гузориши худ ба Шӯрои Амният гуфт, ки "Давлати исломӣ" ва гурӯҳҳои вобаста ба он талош мекунанд ҳузури худро дар бахшҳое аз Африқо, ба вижа ғарби Африқо ва минтақаи Соҳил, густариш диҳанд ва бо истифода аз манбаъҳо ва назорати қаламрав, минтақаро бесубот кунанд.
Александ Зуев ҳамчунин гуфт, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия фаъол аст ва бо анҷоми ҳамлаҳо ва талошҳои нав, суботи ҳокимияти маҳаллиро дар он кишварҳо барҳам мезанад. Зуев таъкид кард, ки вазъияти амниятӣ дар Сурия шикананда аст ва ДОИШ бо истифода аз холигоҳ дар қудрат, ба танишҳои қавмӣ доман мезанад.
Гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия аз сӯи Абубакр Ал-Бағдодӣ таъсис ёфт. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, аз замони зуҳури ДОИШ дар соли 2013 беш аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи созмонҳои тундрав пайвастаанд ва теъдоди зиёде аз онҳо кушта шуданд.
Гуфтугӯ