Мардуми шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон солҳост, ки аз камбуди оби пок танқисӣ мекашанд ва ин мушкилашон имсол бадтар шудааст.
Системаи обрасонии шаҳр, ки дар ҷангу бомбгузориҳо осеби зиёд дидааст, даҳсолаҳо боз таъмир нашудааст ва аз дасти Толибони ҳоким дар Афғонистон ҳам то кунун ҳеч чиз намеояд, то таъмини мардумро бо об беҳтар кунанд.
Ҳар ҳафта Бибиҷон, сокини Кобул қисме аз маоши ночизи шавҳарашро барои харидани об сарф мекунад. Обро онҳо аз мошинҳои боркаш бо нархи гарон мехаранд. Бибиҷон зани хонашин аст ва харҷи об як сарбории дигаре ба буҷаи оилаи ӯ мебошад.
“Даромади падари фарзандони ман ҳаррӯза аст. Рӯзе 100-120 афғонӣ мегирад, - мегӯяд Бибиҷон. - Ҳамарӯза маҳсулоти зарурӣ барои хонаро меорад, вақте гуфтам об надорем, дигар чизе намеораду, пул меорад, то об харем.”
Афзоиши босуръати аҳолӣ дар шаҳри Кобул, фарсудаву бекор шудани шабакаҳои обрасонӣ ва тағйирёбии иқлим сабаб шудааст, ки сокинон мисли Бибиҷон, маҷбуранд, баъзан миёни обу ғизо якеро интихоб кунанд.
Салим Амирӣ, ронандаи мошини обкашонӣ аст. Ӯ мегӯяд:
“Ҳар моҳ мо 32 зарф об мефурӯшем ва ба 50 оила оби нӯшокӣ тақсим мекунем.”
Пирмуҳаммад Муҳаммадӣ як тоҷир аст. Ӯ мегӯяд, дастрасӣ ба оби поки нӯшиданӣ як мушкили умдаи сокинони Кобул мебошад.
"Мо оби нӯшокиро аз мошинҳои обкаш мехарем, - гуфт Муҳаммадӣ. - Онҳо оби хубтар доранд, аз сад хона як хонае, ки об дорад, он ҳам оби шӯр аст, қобили истифода нест. Сирф ба шустан мешавад, барои нӯшидан не. Барои ҳамин аз обкашҳо мехарем".
Коршиносон муддатҳост, аз хатари беоб мондани Кобул ҳушдор медиҳанд. Ҳукумати Толибон тарҳҳоеро дар мавриди коркарди об ва сохтани обанборҳои хурд дар кишвар ба роҳ мондааст, аммо мушкили молӣ ва набуди имкониятҳои фаннӣ иҷрои корҳои бештарро номумкин кардааст.
Ба гуфтаи масъулини шабакаи обрасонии шаҳр, ки даҳсолаҳо пеш сохта шудааст, онҳо тавони таъмини пурраи сокинонро бо об надорад.
Шафиулла Зоҳидӣ, раҳбари идораи шабакаҳои оби шаҳри Кобул мегӯяд:
“Хадамоте, ки мо барои сокиноин Кобул пешниҳод мекунем, тақрибан 20 дар сади талаботи умумиро фаро мегирад. 80 дар сади аҳолии боқимонда ба об ниёз доранд. Барои ҳалли мушкили онҳо бояд хидматрасонии шабонарӯзӣ ба роҳ монда шавад.”
Вазорати захираҳои обу энержӣ мехоҳад оби рӯдхонаи Панҷшерро ба пойтахт интиқол диҳад, аммо барои ин то 400 миллион доллар зарур аст. Тарҳи сохтмони сарбанд дар наздикии Кобул метавонист мушкилро кам кунад, аммо баъди омадани Толибон аз кор монд.
Дар ҳоли ҳозир асосан оби ошомидании Кобул аз манобеи зеризаминӣ гирифта мешавад, ки бино ба гузориши созмони Mercy Corps, 80 дар сади он ифлос аст.
Чанде пеш Кумитаи байналмиаллии Салиби Сурх яке аз ду истгоҳи бузурги обрасонии шаҳрро бо чаҳор лӯлаи нави обкашонӣ таъмин кард. Пештар он ҷо фақат як лӯла буд.
Бараҳ Афеҳ, як масъули Салиби Сурх оид ба обрасонӣ ва муҳити зист дар Кобул гуфт:
«Дастрасӣ ба об воқеан барои ҳама бисёр муҳим аст, махсусан барои Афғонистон, ки чаҳор даҳсола боз аз ҷанг ранҷ мекашад. Мо тамоми корро мекунем, ки азобу азияти мардум кам шаваду онҳо ба оби босифат ва ҳама хидматрасониҳо дастрасӣ дошта бошанд.”
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, Афғонистон яке аз кишварҳоест, ки аз паёмадҳои тағйирёбии иқлим шадидан ранҷ мекашад. Қабули қонуну қоидаҳои маҳдудкунанда, махсусан дар нисбати занон, яке аз сабабҳои қатъи кору тарҳҳои зиёди созмонҳои ҷаҳонӣ дар ин кишвар шуд. Толибон борҳо хостанд, лоиҳаҳои вобаста ба обу иқлим дубора ба роҳ монда шаванд.
Гуфтугӯ