Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намози панҷвақта ба ҷои се дуои хоси муборак


Маркази исмоилиҳо дар Душанбе
Маркази исмоилиҳо дар Душанбе

Рӯҳониёни Бадахшон мегӯянд, масъалаи ба равияҳои дигар монанд кардан ва ба намози панҷвақта гузаштани пайравони мазҳаби Исмоилия мавриди омӯзиш қарор дорад.

Бархе аз пайравони мазҳаби исмоилӣ дар Тоҷикистон ба гузоштани намози панҷвақта оғоз кардаанд. Пайравони Исмоилия, ки аксаран дар вилояти мухтори Бадахшони Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, маъмулан намози панҷвақтаро дар се вақт ва бо номи “дуои хоси муборак” анҷом медиҳанд.

Сардорбек Азорабеков, мудири раёсати кумитаи кор бо дин ва танзими расму анъанаҳои вилояти Бадахшон рӯзи 12-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, ҳоло намозгузории панҷвақта миёни ҷавонони пайрави мазҳаби исмоилӣ мушоҳида мешавад, ки ин ҳеҷ ихтилофе бо дину мазҳаб надорад. Ӯ мегӯяд, бо чунин шева намозгузорӣ бештар ба муттаҳиди далолат мекунад.

Ӯ гуфт: “Дин озод аст ва баъзе бачаҳои мо ҳам ба намозгузории панҷвақта гузоштан оғоз кардаанд, ки ба мазҳаби мо мухолифат надорад. Танҳо мо тарғибу ташвиқ мекунем, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил нашаванд. Шукри Худо, ки то ҳол ягон ҷавони пайрави исмоилӣ шомили чунин гурӯҳҳо нашудааст. Ин ҷавонон худашон интихоб кардаанд, ки панҷ вақт намоз мехонанд. Ин рафтори онҳо ҳеҷ мухолифате ба мазҳаб надорад.”

Оғохони 4
Оғохони 4

Гузоштани намози панҷвақта аз ҷониби пайравони мазҳаби исмоилӣ дар ҳолест, ки ба гуфтаи пайравони ин мазҳаб ҳанӯз соли 2008 Имом Оғохони чор зимни ирсоли як мактуб ба пайравони худ ба эҳтимоли тағйир дар шеваи ибодат таъкид кардааст.

Ҷамшед Мамадбеков, як рӯҳонии пайрави мазҳаби исмоилӣ рӯзи 12-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло маълум нест, ки кай шеваи ибодати пайравони ин мазҳаб дигар мешавад, аммо воқеан, чунин як тасмиме вуҷуд дорад.

Ӯ гуфт: “Маълум нест, ки кай намози панҷвақта аз ҷониби Имомҳозир иршод мешавад. Ҳоло исмоилиён се вақт дуои муборак мехонанд. Дар он таълиқа омада буд, ки тарзи ибодат ба ибодате, ки ба аксари мусалмонон монандӣ дорад, бояд монанд карда шавад. Аз соли 2008 то ҳол рӯи ин таълиқа кор мешавад, ки ба кадом шакл пайравони ҷараёни исмоилӣ намози панҷгона гузоранд: Ба тарзи шофеъӣ, ҳанафӣ ё ҳанбалӣ. Ҳоло ин маълум нест, аммо бар асоси ин салиқа бояд дар оянда пайравони мазҳаби исмоилӣ ба гузоштани намози панҷвақта гузаранд. Ин шакле, ки се вақт мехонанд дуоҳои хоси исмоилиҳост. Ин дуои мубораки хоси ҷамоатист. Худи намоз дар мо низ панҷгона ҳаст, аммо бо дарназардошти вуҷуди ҷамъи салотайн дар се вақт хонда мешавад.”

Дар Ислом чанд равияе ҳаст, ки намози бомдодро алоҳида, вале намозҳои пешину асрро якҷо ва ҳамин тавр, шому хуфтанро ҳамроҳ адо мекунанд ва дар маҷмӯъ, дар рӯз 3 дафъа намоз мегузоранд.

Дар Тоҷикистон беш аз 90 дарсади мардумашро мусалмонҳо ва аксари мусалмонҳоро пайравони равияи ҳанафии мазҳаби суннӣ ташкил медиҳанд.

Аз се ба панҷ вақт намоз гузаштани шуморе аз пайравони мазҳаби исмоилиро бархе аз рӯҳониёни суннии ҳанафимазҳаб низ истиқбол мекунанд.

Умар Ашӯров, як рӯҳонии ҳанафимазҳаб мегӯяд, солҳост дар Тоҷикистон пайравони мазҳаби ҳанафӣ ва пайравони мазҳаби исмоилӣ зиндагии бидуни ихтилофу низоъ доранд. Ӯ мегӯяд, дар сурати панҷвақт ибодат кардани пайравони Исмоилия онҳо бо пайравони мазҳаби ҳанафӣ боз ҳам наздиктар хоҳанд шуд: “Онҳо китоби Қуръонро муқаддас мешуморанд ва ҳазрати Муҳаммад(с)-ро Паёмбари барҳақ медонанд. Инҳо асли Ислом ҳастанд ва дигар ихтилофҳое, ки ҳастанд, онҳо ҷузъианд. Аз ин рӯ, мо бо пайравони ин мазҳаб бародар ҳастем ва то ҳол ҳеҷ мушкиле дар зиндагии якҷоя надоштем. ”

Бадахшон
Бадахшон

Исмоилиҳои Бадахшон ба мисли исмоилиҳои дигари дунё ба Имом Оғохон эътиқод доранд ва ба ҳар амри ӯ итоат мекунанд. Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ ё Оғохони 4, ки тақрибан 60 сол боз имоми исмоилиҳост, дар Бадахшон аз обрӯи беандозае бархӯрдор аст. Мардум мегӯянд, агар кӯмаки ӯ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон намебуд, шояд қаҳтӣ боиси ҳалокати ҳазорон нафар мешуд.

Айни ҳол дар олам тақрибан 20 миллион нафар аз Исмоилия пайравӣ мекунанд. Онҳоро дар Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои Халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин ИМА, Канада, Бритониё ва Фаронса метавон вохӯрд. Яке аз бузургтарин ҷамъияти исмоилиҳо дар олам – тақрибан 150 ҳазор нафар - дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ба сар мебарад.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе бо кумаки Оғохон Маркази исмоилиҳо қомат афрохт.

XS
SM
MD
LG