Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил таҳти фишорҳои дохилӣ ва байнулмилалӣ аст то барои озодии гаравгонҳо оташбасро дар Ғазза қабул кунад. Вале ҳамзамон бо ин фишорҳо, артиши Исроил тарҳи худ барои ишғоли шаҳри Ғаззаро пеш мебарад. Созмони Милал бори аввал дар Ғазза расман қаҳтӣ эълом кард.
Бенни Гантс, роҳбари мухолифон ва вазири пешини дифои Исроил рӯзи 23-юми август пешниҳод кард, ки як "давлати муваққати шашҳафтаина барои озодии гаравгонҳо" ташкил шавад. Роҳбари мухолифони Нетаняҳу бори дигар ҳушдор дод, ки ҳаёти гаравгонҳои боқимонда дар хатар аст.
Бенни Гантс ҳамчунин гуфтааст, дар сурати рад шудани тарҳи "давлати муваққат" ҷомеаи Исроил хоҳад донист, ки мухолифон "тамоми талоши худро барои наҷоти гаравгонҳо" анҷом додаанд.
Хонаводаҳо мегӯянд, ки ҳудуди 50 гаравгон ҳанӯз ҳам дар Навори Ғазза нигаҳдорӣ мешаванд ва танҳо 20 нафарашон зиндаанд. Хонаводаи гаравгонҳо низ аз давлат хостаанд, ки барои озодии азизонашон ҳарчи зудтар бо гуруҳи “Ҳамос” тавофуқ кунад. Пайвандони асирон тарс доранд, ки бо оғози амалиёти нави артиши Исроил дар Ғазза, имкони расидан ба тавофуқ аз байн меравад.
Музокираи ғайримустақими Исроил ва “Ҳамос” барои озодии гаравгонҳо ва поёни ҷанг, ки моҳҳо боз идома дорад, то кунун ба натиҷае нарасидааст.
Гуруҳи “Ҳамос”, ки дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гуруҳи террористӣ шинохта шудааст, ҳафтаи гузашта эълом кард, ки тарҳи пешниҳодкардаи Миср ва Қатарро барои оташбас “пазируфтааст.” Ин тарҳ оташбаси 60 рӯза, озодии 15 гаравгони исроилӣ дар баробари раҳоии зиндониёни фаластиниро пешбинӣ мекунад.
Бо вуҷуди фишорҳо бар давлати Бенямин Нетаняҳу, неруҳои Исроил ба наздикии шаҳри Ғазза расидаанд. Шоҳидон рӯзи шанбеи 23-юми август аз ҳузури неруҳои Исроил дар ғарби шаҳри Ғазза хабар додаанд.
Кобинаи Исроил ҳафтаи гузашта тарҳи ишғоли шаҳри Ғаззаро қабул кард. Шаҳри Ғазза ҳудуди як миллион ҷамъият дорад ва ба гуфтаи артиши Исроил маркази аслии ҳузури неруҳои “Ҳамос” аст.
Исроил Катс, вазири дифои Исроил 22-юми август таҳдид кард, ки агар “Ҳамос” силоҳашро ба замин нагузорад ва гаравгонҳоро озод накунад, шаҳри Ғаззаро низ мисли дигар бахшҳои ин борика нобуд хоҳанд кард.
Амалиёти артиши Исроил дар Ғазза дар шароите пеш меравад, ки Созмони Милал рӯзи ҷумъаи 22-юми август нахустин бор дар Навори Ғазза қаҳтӣ эълом кард.
Наворҳои нашршуда аз ошхонаҳои хайрия дар Ғазза нишон медиҳад, ки мардум, аз ҷумла кӯдакон барои ёфтани ғизои андаке талош доранд.
Ба гузориши Созмони Милал, ҳудуди ним миллион сокини Ғазза ба қаҳтӣ гирифтор шудаанд ва то поёни сентябр ду бахши дигари ин минтақа низ гирифторӣ қаҳтӣ хоҳанд шуд. Исроил ин гузоришро “дуруғи маҳз” хонд. Аммо мақомҳои Созмони Милал давлати Нетаняҳуро ба “инкори фоҷеаи ба вуҷуд овардаашон” муттаҳам карданд.
Ҳамзамон бо идомаи бомборони сангини артиши Исроил, сокинони Ғазза аз вайронии комили маҳаллаҳо, камбуди шадиди ғизо ва мавҷи нави оворагӣ хабар медиҳанд.
Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ, танҳо дар як рӯз ҳазорон хонавода аз шаҳри Ғазза гурехтаанд. Вазорати беҳдошти Ғазза эълом кардааст, ки шумори кушташудаҳо дар ин борика аз 62 ҳазор нафар гузаштааст. Омор дар ҳоле эълон шуд, ки фишорҳои байнулмилалӣ барои таваққуфи ҷанг ва озодии гаравгонҳо ҳамчунон бепосух мондааст.
Рӯзи якшанбеи 24-уми август ҳазорон нафар дар шаҳрҳои Австралия роҳпаймоӣ карда, хостори поёни “наслкушӣ дар Ғазза” ва таҳрими Исроил шудаанд.
Ин эътироз пас аз он баргузор шуд, ки ҳукумати Австралия тасмим гирифт кишвари Фаластинро ба расмият шиносад. Ин иқдом робитаи Австралия ва Исроилро тира кардааст.