Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандагони мусофирбарҳои Кӯлоб корпартоӣ карданд.ВИДЕО


Рӯзи 3 март микроавтобусҳои хатсайрҳои № 2 ва № 3-и шаҳри Кӯлоб корпартоӣ карда аз мақомоти маҳаллӣ талаб карданд, ки самти ҳаракати онҳоро тағйир надиҳанд
Рӯзи 3 март микроавтобусҳои хатсайрҳои № 2 ва № 3-и шаҳри Кӯлоб корпартоӣ карда аз мақомоти маҳаллӣ талаб карданд, ки самти ҳаракати онҳоро тағйир надиҳанд

Даҳҳо ронанда дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 3-уми март ба нишони эътироз аз тағйир додани самти ҳаракати мусофирбарҳояшон корпартоӣ карданд. Мақомоти шаҳр амр додаанд, ки мусофиркашонии микроавтобусҳои хатсайрҳои № 2 ва № 3, ки қаблан аз назди бозори марказии Кӯлоб мегузаштанд, дигар аз ин роҳ наоянд.

Ронандаҳо, ки аксарашон танҳо аз ҳисоби ронандагӣ рӯзии оилаҳояшонро таъмин мекунанд, мегӯянд, дар роҳи нав мусофир кам аст ва онҳо зиёни молӣ мебинанд. Бобоҷон Шарифов, ронандаи мусофирбаре, ки дар миёни мардум бо номи «Тангем» маъруф аст, яке аз норозиҳо аст.

Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт. “Чӣ кор кунам? Инаш аз банк қарздор аст. Ин қадар мардум чӣ кор мекунанд?"

Роҳкиро дар ин хатсайрҳо як сомонӣ аст. Агар мусофиркаше қарор кунад, ки аз маркази шаҳр – самти маъмулии ҳаракат гузарад, аз ҷониби нозири роҳ ҷарима мешавад. Дар хатсайри нав, ки дур аз роҳи бозори марказӣ, яъне макони серодами шаҳр аст, рӯзи 3-уми март ҳамагӣ се мусофирбар ҳаракат мекард.

Шарифхон Сабзалиев, ронандаи дигар мегӯяд, мусофирон ҳам ба масири пешинаи ҳаракат одат карда буданд ва вақте мебинанд, ки роҳ тағйир ёфтааст, аз ронандаҳо нороҳат мешаванд. Ӯ гуфт:

“Мусофиронро ба пеши заправка мебарем, мегӯянд, чаро ба ин тараф меоред, Мегӯем, моро ҷарима мекунанд. Мефарояду дашном медиҳанд, дарро пӯшида мераванд, ҳамаи гапро мегӯянд. Танҳо мо ронандаҳое ҳастем, ки барои 10 километр роҳ танҳо 1 сомонӣ мегирем”.

Субҳи 3-юми март дар кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб "тангем"- ҳо кам буданд. Сокинон ҳам ҳайрон мондаанд, ки чӣ кор кунанд. Абдураҳим Давлатов, яке аз онҳо мегӯяд: “Ман ба тарафи беморхона рафтанӣ будам. Пеш бо 1 сомонӣ мерафтам, ҳоло бо 20 сомонӣ ҳам рафта наметавонам. Таксиҳо қимат мегиранд. Аз як тараф то 15-20 сомонӣ мегиранд ва аз он тараф бо ҳамин маблағ меоранд.”

Ронандагони "тангем"- ҳо дар Кӯлоб корпартоӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Ширинмоҳ Одинаева сокини дигари Кӯлоб ӯст. Ӯ низ гуфт, ки як соат дар интизори мусофирбар дар кӯча мондааст: “Як соат шуд, дар ҳамин ҷо мошин интизорем. Касалӣ дорем. Ин чӣ гап аст? Ин чӣ шаҳрдорӣ аст, ки роҳи техникаҳоро бастед?”

Сокини дигар Тағай Набиев мегӯяд, ҳоли афроди маъюб ҳам бад шуд: “Мо, маъюб, ба инҷо пиёда меоем. Чаро дар шаҳр мошин нест? Чӣ гап аст, ки дар шаҳр мошин нест? Ин худаш чӣ гап аст, ки мо, одамҳои кӯр, то ҳаминҷо пиёда омадем?”

Рӯзи 3 март масъулони Бозрасии автомобилии Кӯлоб ҳозир нашуданд вазъро шарҳ диҳанд. Мақомоти шаҳри Кӯлоб гуфтаанд, ки тасмими тағйири самти ҳаракати мусофирбарҳо барои пешгирӣ аз тамбашавии мошинҳо дар назди бозорро гирифта шудааст. Онҳо мегӯянд, ҷамъ шудани мусофиркашҳои хурди чинӣ ё худ «тангемҳо» дар назди бозор сабаби бесарусомонӣ дар ҳаракат ва таҳти хатар мондани зиндагии раҳгузарон мешавад.

Саидмурод Исмоилзода, муовини раиси шаҳрдори Кӯлоб дар посух ба саволи Радиои Озодӣ гуфт: “Ин барои танзим аст». Ба савол дар бораи ин ки «ин фармони милиса аст ё ҳукумати шаҳр?», ӯ кӯтоҳ гуфт: «Ин қарори раиси шаҳр барои ба танзим даровардан аст” ва дигар аз ин зиёд шарҳ надод.

Вале ронандаҳо мегӯянд, то замоне, ки ин масъала ҳалли худро наёбад, ба кор барнамегарданд. Сокинон ҳам назди роҳ интизори мусофирбари дастрасу арзонанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG