Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Судон: Президент дар ҳабс, вазъият таҳти назари артиш аст. ВИДЕО


Авод ибни Авф, вазири дифои Судон

Вазири дифои Судон гуфт, ки президент Умар ал-Башир барканор ва ба ҳабс гирифта шуд. Ин таҳаввулот дар паи чор моҳи эътирозҳои мардуми норозӣ аз ҳукумати Умар ал-Башир рух медиҳад, ки 30 соли охир дар сари қудрат буд.

Зимни суханронӣ дар телевизион рӯзи 11 апрел Авод ибни Авф гуфт, ки Башир боздошт шуд ва дар “як макони амн” нигаҳдорӣ мешавад. Ӯ гуфт, ки шӯрои низомӣ таъсиси ҳукумати даври гузорро барои ду соли наздик ва то замони интихоботи президентӣ баррасӣ мекунад.

Вазири дифои Судон гуфт:

"Чунин эълон мекунам: Аввал. Як кумитаи даври гузори низомӣ таъсис мешавад, ки давоми ду соли оянда ҳукуматро таҳти назорат қарор медиҳад. Конститутсияи муваққатии соли 2005 қабулшудаи Ҷумҳурии Судон бекор мешавад. Ба мӯҳлати се моҳи оянда ҳолати ҷангӣ ва дар соатҳои аз 10-и шом то 4-и субҳ қуюди шабгардӣ ҷорӣ мешавад. Дар мӯҳлати 24 соат парвозҳо манъ шуда ҳама роҳҳои убуру мурур ба дохил ва хориҷи Судон то замони бекор шудани муқаррарот баста мешавад. Низоми президентӣ, муовинон ва мушовирони президент барҳам дода мешаванд. Инчунин шӯрои вазирон ҳам барҳам мехӯрад".

Баширро барои роҳ доданаш ба ҷиноятҳои мисли наслкушӣ дар минтақаи Дорфур додгоҳи байналмилалии Гаага мавриди ҷустуҷӯ қарор додааст

Изҳороти мазкур дар шароите садо дод, ки даҳҳо ҳазор мардум дар маркази пойтахти Судон шаҳри Хартум бо шиорҳои “режим суқут кард” раҳпаймоӣ мекунанд.

Гузоришҳо ҳокист, ки низомиён муассисаҳои калидии шаҳрро таҳти назорат гирифта дар дафтари ҷумбиши исломии зери назари Башир, ки ҳизби ҳоким арзёбӣ мешавад, рейде барпо карданд.

Дар як хабари оҷонсии давлатӣ гуфта шуд, ки тамоми зиндониҳои сиёсӣ озод мешаванд. Дар шаҳрҳои шарқии Порт Судан ва Кассала шоҳидон гуфтанд, ки садҳо эътирозгар дафтарҳои хадамоти иктишофиву амниятии Судонро ҳамла карданд.

Эътирозҳо зидди Башир чор моҳи пеш шурӯъ шуданд. Ӯ соли 1989 дар натиҷаи як кудато сари қудрат омад ва давоми 30 соли охир раҳбарии ин кишвари африқоии аксаран мусалмоннишинро ба ӯҳда дошт.
Эътирозҳо нахуст аз норизоияти иқтисодиву болоравии нархҳо шурӯъ шуд ва базудӣ ба эътирозҳои зидди ҳукуматӣ табдил ёфт.

22 феврали соли 2019. Умар ал-Башир аз кохи раёсатҷумҳурӣ дар Хартум суханронӣ мекунад
22 феврали соли 2019. Умар ал-Башир аз кохи раёсатҷумҳурӣ дар Хартум суханронӣ мекунад

Баширро барои роҳ доданаш ба ҷиноятҳои мисли наслкушӣ дар минтақаи Дорфур додгоҳи байналмилалии Гаага мавриди ҷустуҷӯ қарор додааст. Худи Башир ҳама гуна иттиҳомотро рад кардааст.

Дар ин кишвар чандин моҳ аст, ки тазоҳуроти зидди ҳукумати 30-солаи президент Умар ал-Башир идома дорад. Рӯзи шанбе дар назди қасри президент намоиши эътирозии бидуни мӯҳлат шурӯъ шуд ва мардум ба истеъфои президент даъват карданд.

Дар Маскав сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки ҷонибдори мӯътадил шудани вазъ дар Судон аст ва изҳори умедворӣ кард, ки дар паи ҳама гуна таҳаввулот, ҳифзи муносибатҳои ҳасанаи Русияву Судон барои Хартум бартарият хоҳад дошт.

Русия моҳи январ гуфт, ки ​ба ин кишвари африқоӣ "мураббӣ" фиристодааст, вале дар гузоришҳо гуфта шуд, ки дар Судон низомиёни кирояи рус дида шуданд.

Эътирозҳои 4-моҳа дар Судон бо талаби истеъфои президент
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:37 0:00

Исми Умар ал-Башир дар миёни 13 президенте зикр шуд, ки тӯлонитарин муддат дар сари қудрат боқӣ мемонанд:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG