Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: Гумонбарони ҳамла ба сайёҳон безарар гардонида шуданд. ВИДЕО


Ин акси саёҳати дучархасаворони хориҷӣ дар ба ҳангоми убур аз шаҳри Кӯлоб бардошта шудааст
Ин акси саёҳати дучархасаворони хориҷӣ дар ба ҳангоми убур аз шаҳри Кӯлоб бардошта шудааст

Ҳодисаи ҳамла ба хориҷиҳо дар ноҳияи Данғараро бо супориши президент гурӯҳи махсус ташкилшуда аз ҳисоби мутахассисони се ниҳоди қудратӣ – вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ мекунад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки шоми 30 июл ҷаласаи навбатии ҳукуматиро бо лаҳзаи хомӯшӣ дар ҳақи қурбониёни ҳамлаи маргбори рӯзи якшанбе шурӯъ кард, ба раҳбарони се сохтори қудратӣ супориш дод, ки дар фурсати кӯтоҳ ин қазияро таҳқиқ ва гунаҳгоронро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Фоҷеа бо саёҳони хориҷӣ барои давлати Тоҷикистон, ки имсолро соли рушди сайёҳӣ хонда барои инкишофи соҳа талош дорад, хабаре бад аст ва метавонад, боиси коҳиши равуои хориҷиён ба кишвар шавад.

Ҳодиса рӯзи 29 июл, дар ҳудуди ноҳияи Данғара рух дод. Гурӯҳи ҳафтнафарии сайёҳони хориҷӣ, ки савори велосипед аз ҳудуди ҷамоати Себистон убур мекарданд, аз ҷониби мошини сабукраве пахш шуданд. Дар натиҷа, чор нафар кушта ва се нафар захмӣ шуданд. Кушташудаҳо – ду амрикоӣ, як ҳолландӣ ва як шаҳрванди Швейсария мебошанд. Маҷрӯҳон - шаҳрвандони Фаронса ва Ҳолланд ҳастанд.

Гумонбарон кистанд?

ВКД Тоҷикистон рӯзи 29 июл дар бораи вуқӯи ҳодиса тавассути вебсайташ хабар дод ва рӯзи душанбе нишасти аз қабл барномарезишудаи вазир Рамазон Раҳимзода ҳам бештар ба ҳамин ҳодиса бахшида шуд.

Вазири умури дохилӣ, ки ҳодисаи ҳамла ба сайёҳони хориҷиро ҳамчун “як амали нангин” маҳкум кард, гуфт, тафтишот ҳама фарзияҳои эҳтимолии вуқӯи ин ҳодисаро мавриди санҷиш қарор медиҳад. Яке аз ин фарзияҳо – ҳамлаи террористӣ будани ин ҳодиса мебошад, гуфт вазир.

Гузориш аз ҷои ҳодиса:

Гузориш аз ҷои ҳодиса як рӯз баъди ҳамла ба туристони хориҷӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Зимни сӯҳбат дар бораи гумонбарон вазир бештар дар бораи панҷ нафари дастдошта дар ин ҳодиса сӯҳбат кард. Аз ҷумла, ба гуфтаи вазир, аз миёни гумонбарон як нафар (Ҳ.Абдусамадов, як сокини Душанбе) зинда дастгир шуда, як нафар (ҳуввияташ маълум нест) дар ҷои ҳодиса ба ҳангоми муқовимати мусаллаҳона нобуд карда шуд.

Шоми 30 июл вазорат аз сарнавишти се гумонбари дигар ҳам хабар дод: ба иттилои вазорат, се гумонбар дар ҳудуди деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара ошкор ва безарар гардонида шуданд.

ВКД гуфт, ки ҳамла бо мошини Ҷаъфариддин Юсупов анҷом шудааст
ВКД гуфт, ки ҳамла бо мошини Ҷаъфариддин Юсупов анҷом шудааст

Вале масъулини вазорат на тавассути вебсайт ва на дар сӯҳбати телефонӣ шарҳ надоданд, ки манзури онҳо аз безарар шудани гумонбарон чист. Инҳо ҳамон афродеанд, ки нисфирӯзии душанбе аз онҳо ба ҳайси ҷинояткорони фирорӣ ном бурда шуд.

Вазорат гуфт, ки ду нафари аввалӣ -- Зафарҷон Сафаров ва Асомуддин Маҷидов сокинони деҳаи Селгаи ҷамоати деҳоти Кабуд Сайфиддинови ноҳияи Панҷ буда, ҳарду 19-сола мебошад. Ҷаъфариддин Юсуфови 21-сола сокини шаҳри Норак будааст.

Айни замон, дар яке аз хабарҳои марбут ба ҳамлаи ҷаҳонгардон, ки рӯзи 30 июл нашр шуд, гуфта мешавад, ки бар асоси нишондоди Абдусамадов Ҳ., сокини шаҳри Душанбе, ки баъди ин ҳодиса дастгир шудааст, гӯё ду сокини шаҳри Кӯлоб ва як сокини ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Дӯстӣ) низ боздошт шудаанд. Вале тафсилоти бештар дар бораи ин афрод нашр намешавад. Дар бораи ин боздоштҳо дар нишасти матбуотии вазири умури дохилӣ тафсилот дода нашуд.

Вазир гуфт, ки парвандаи таҳқиқи ҳодиса дар ихтиёри додситонии кулли Тоҷикистон аст, вале ҳанӯз мақомот нагуфтанд, ки ин ҳодиса аз рӯи кадом моддаҳо таҳқиқ мешавад.

Вазири умури дохилӣ: Ҳамла ба туристон як ҳодисаи нангин аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Ҷаҳонгардон шаҳрвандони чор кишвар буданд

Туристони хориҷие, ки барои дучархасаворӣ ба манотиқи кӯҳии Тоҷикистон омада буданд, аз чор давлат – ИМА, Ҳолланд, Швейсария ва Фаронса намояндагӣ мекунанд. Ин гурӯҳ, ки нисфирӯзии 29 июл зоҳиран пушти ҳам аз роҳи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара – қитъае аз шоҳроҳи Душанбе-Бадахшон ҳаракат мекарданд, дучори ҳамлаи автомобилӣ шуданд.

Дар натиҷа, ду амрикоӣ, як швейсарӣ ва як ҳолландӣ кушта шуда, се нафари дигар маҷрӯҳ гардиданд. Саҳнаи бархӯрди зоҳиран ҳадафмандонаи ронандаи мошини сиёҳи тамғаи “Леганза”-ро ба сайёҳон як наворбардори ношиносе ҳам сабт карда ба Радиои Озодӣ фиристод. Дар паи ин ҳодиса, се сайёҳи дигар дар бемористони “Истиқлол”-и Душанбе бистарӣ шуданд.

Як манбаи Радиои Озодӣ ба шарти нашр нашудани номаш гуфт, инҳо як мард ва ду зан - Ким Ирис Постмаи 59-сола, Марие Клейре Олемен 59-сола ва Гуиллауме Казабари 29-сола ҳастанд. Манбаи Озодӣ гуфт, Ким Ирис Постмаи 59-сола бо ташхиси халидаву бурида дар қафаси сина баъд аз ҷарроҳӣ ва Ким Ирис Постма бидуни осеб, вале дар ҳолати шок субҳи 30 июл ба бемористон оварда шуданд.

Вазорати умури хориҷии Ҳолланд рӯзи 30 июл бо пахши хабаре гуфт, ки як марди кушташуда 56 сол дошт ва дар ин ҳодиса ҳамсари 58-солаи ӯ захмӣ шудааст. Вазорати хориҷаи Швейсария ҳам дар сӯҳбат бо телевизиони маҳаллӣ гуфтааст, ки бо мақомоти тоҷик дар робита бо ҳодиса дар тамос аст ва ба хонаводаи шаҳрванди кушташудааш ҳам кӯмак мекунад. Исми ҳеҷ яки онҳо нашр намешавад ва ҷузъиёти дигар дар даст нест.

Радиои Озодӣ навори ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғараро дарёфт кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:21 0:00

Чораҳои амниятӣ ташдид ёфтаанд

​Дар пайи ҳодисаи ҳалокати сайёҳони хориҷӣ дар роҳҳои минтақаи Кӯлоб, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ҳам манотиқи дигари Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд маъмурони зиёди милиса истодаанд ва мошинҳоро тафтиш мекунанд. Тадбирҳои амниятӣ шадид шудаанд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи ҳукуматии рӯзи душанбе ҳам президент Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои қудратии кишвар амр дод, ки тадбирҳои амниятиро тақвият бидиҳанд.

Раҳбари ИА дар Тоҷикистон: Ин як ҳамлаи аз пеш омодашуда аст

Ҳидоят Бишчевич, раҳбари Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 30 июл гуфт, ки ҳодисаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара “метавонад бештар аз як садамаи автомобилӣ” бошад ва ба “ҳамлаи аз пеш омодашуда мемонад”. Ӯ, аз ҷумла, гуфт:

Аз назари шахсии ман, агар иттилоъ дар бораи он ки ҳамлагарон баъди бо мошин зер кардани велосипедронҳо боз ба онҳо бо корд ҳамла кардаанд дуруст бошад, пас ин як садамаи автомобилӣ неву, монанд ба ҳамлаи аз пеш омодашуда мебошад. Агар тафтишот ҳам инро тасдиқ кард, пас ин ҳодиса мояи ташвиши бештар мешавад”.

Бишчевич гуфт, ки велосипедронҳои хориҷӣ 7 нафар буданд ва ду нафарашон амрикоӣ, ду касашон ҳолландӣ, ду нафар аз Швейсария ва як нафар аз Фаронса мебошанд. Шаҳрванди Фаронса танҳо нафарест, ки дар ин ҳодиса осеби ҷисмонӣ надидааст”, гуфт Бишчевич.

Ҳидоят Бишчевич гуфт, ки ҳодисаи мазкур, бешубҳа, паёмадҳои амниятиву сиёсӣ дар пай хоҳад дошт.

“Ман шахсан худам чор сол аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам. Аз назари ман, ин як масъалаи калонтарини амниятӣ дар ин кишвар аст. Мо мехоҳем, ки дар ҷараёни таҳқиқи ин ҳодиса кӯмаки ҳадди аксарро барои мақомоти интизомии Тоҷикистон ироа кунем. Ин ҳодиса паёмадҳои хеле ҷиддии амниятӣ хоҳад дошт. Вобаста ба он ки дар пушти ин ҳодиса чӣ касе қарор дорад, ин ҳодиса ба таҳаввулоти минбаъдаи сиёсӣ ҳам таъсиргузор хоҳад шуд”.

Ӯ гуфт, ҳамла ба хориҷиҳо замоне рух дод, ки Тоҷикистон “дар фикри ҷалби сармоя ва кӯмакҳои бештари хориҷӣ, бахусус дар бахши туризм мебошад. Тоҷикистон бахши сайёҳиро як имконияти дигари ҷалби сармояҳо қарор додааст. Ингуна ҳамлаҳо метавонанд алайҳи рушди ояндаи кишвар нигаронида шаванд”.

Ӯ гуфт, аз ҳама назар ин масъала “мояи ташвиш” аст.

Сафорати ИМА: Ин ҳодиса ба ҳамла мемонад

Ҷефф Райденаур, сухангӯи сафорати Амрико рӯзи 30 июл дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷузъиёти ҳодиса аз “як ҳамла” гувоҳӣ медиҳад. Ӯ, аз ҷумла, гуфт:

“Аломатҳои ибтидоӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин ҳамла аст. Мо бо мақомоти Тоҷикистон дар амри таҳқиқи ин ҳодиса аз наздик ҳамкорӣ мекунем ва тафтиши ҳодиса идома дорад”.

Фоҷеа бо саёҳони хориҷӣ барои давлати Тоҷикистон, ки имсолро соли рушди сайёҳӣ хонда барои инкишофи соҳа талош дорад, хабаре бад аст ва метавонад, боиси коҳиши равуои хориҷиён ба кишвар шавад.

Соли ҷорӣ мақомоти тоҷик хабар доданд, ки назар ба нимсолаи соли гузашта, шумори ҷаҳонгардони хориҷӣ панҷ баробар бештар шуда, ба 900 ҳазор нафар расидааст. Боз шудани марз бо Узбекистон ҳам як ангезаи дигари афзоиши хориҷиҳои ҷаҳонгард дар Тоҷикистон шуд. Вале ба фарқ аз шаҳрвандони Узбекистон, шаҳрвандони кишварҳои аврупоиву ғарбӣ ба Тоҷикистон бо ҳадафи дидани манотиқи кӯҳӣ, кӯҳнавардӣ, велосипедронӣ ва истироҳат дар соҳилҳои дарёҳои кӯҳӣ сафар мекунанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG