Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли занону кӯдакони тоҷик ба паноҳгоҳи СММ дар Сурия


Акс аз бойгонист

Баъди поксозии чанд деҳаи бузург дар Сурия аз ҳузури ҷангҷӯёни ДИИШ, даҳҳо зану кудаки тоҷикро ба урдӯгоҳҳои паноҳҷӯёни Созмони Милал интиқол додаанд.

Размандагони курд дар вебсайти расмиашон хабар доданд, ки деҳоти Мозан, Сафафина ва Бағуз Фавқониро дар вилояти Дайр аз-Зур аз ҳузури ҷангҷӯён пок карданд ва даҳҳо зану кӯдакро, ки бо аъзои гурӯҳи тундрав фирор накарданд, ба паноҳгоҳҳо интиқол доданд.

Салоҳ Кемин, як намояндаи “Дастаи худдифои курдҳо” рӯзи 8-уми феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ, хабари интиқоли зану кӯдаконро тасдиқ кард, вале гуфт, аз куҷову кадом кишвар будани онҳоро алоҳида нашумурдаанд.

Дар чанд вилояти Сурия, ки дар дасти размандагони курд қарор дорад, паноҳгоҳҳои Созмони Миллали Муттаҳидро таъсис додаанд, ки ҳамсар ва кӯдакони ҷангҷӯён он ҷо нигаҳдорӣ мешаванд. Соле пеш танҳо ба ду паноҳгоҳ, 15 зану кӯдаки тоҷикро овардаанд.

Мехостанд, гурезанд, вале имкон надоштаанд

Мавлуда, як зани тоҷик, ки пас аз озод кардани шаҳри Раққаи Сурия соле пеш ба яке аз паноҳгоҳи СММ интиқол ёфтааст, рӯзи 8-уми феврал аз вилояти Ал-Ҳасакаи Сурия дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз охири моҳи январ то кунун, дар ду паноҳгоҳ беш аз 50 зану кӯдаки тоҷик ҷой дода шуд. Ин зан мегӯяд, бо чанд зани аз шаҳри Исфара ва Душанбе сӯҳбат дошт.

“Вазъашон бисёр бад будааст. Худашон мехостаанд, гурезанд, вале имкон надоштаанд. Ҳозир дар лагер ҷо ба ҷо карданд. Кӯдаконашон бемор, саломатии худашон ҳам хуб нест” - гуфт Мавлуда.

Худи Мавлуда як солу се моҳ аст, ки бо чаҳор зани дигари тоҷик дар паноҳгоҳи Ал-Ҳасака қарор дорад. Мегӯяд, акнун теъдодашон зиёд шуд ва умедворанд, ҳукумати Тоҷикистон онҳоро ҳарчӣ зудтар ба ватан бармегардонад.

Мавлуда ду кӯдаки хурдсол дорад ва шавҳараш дар ҷангҳо кушта шудааст. Бо далелҳои амниятӣ ва ахлоқӣ, ҷузъиёти дигари саргузашти Мавлуда нашр намешавад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, хабари интиқоли даҳҳо зану кӯдаки тоҷик ба паноҳгоҳҳо дар Сурия ба онҳо низ расидааст. Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ рӯзи 8-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, беш аз шаш зан, ки гумон мерафт, шавҳаронашон ба Сурия рафтаанд, бо пайвандонашон тамос гирифта, аз берун шуданашон аз минтақаҳои таҳти назорати ДИИШ хабар доданд.

Маълум нест, чанд нафаранд

Мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки нахост, номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Ин занҳо гуфтаанд, ки дар лагерҳо ҳастанд. Шумораашонро бо кӯдаконашон зиёда аз 50 нафар гуфтаанд. Лекин то ҳол ба мо фақат муроҷиати наздикони 6 зан расидааст, ки дар лагер қарор доранд ва аз худ хабар додаанд. Бо худ ду-се кӯдакӣ доштаанд” - гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Размандагони курд дар ду ҳафтаи охир аз боздошти ду узви ДИИШ низ хабар доданд. Онҳо акси Муҳаммад Давлатализода, сокини 24-солаи шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ва акси Диловар Додоев, сокини 29-солаи шаҳри Исфараи вилояти Суғдро нашр карданд.

Ин ду нафар низ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар пайгард қарор доштанд. Размандагони курд мегӯянд, дар як соли ахир беш аз 500 ҷангии ин созмони тундравро боздошт кардаанд.

Размандагони курд аз ҷониби Амрико ҳимоят мешаванд ва бо кӯмаки ин кишвар ба зидди ДИИШ мубориза мебаранд. Мақомҳои расмии Амрико эълом карданд, ки ҷангҷӯёни ДИИШ 99,5 дарсади минтақаҳои зери назорати худро аз даст додаанд.

Баъди зуҳури ДИИШ дар соли 2014 ҷангҷӯёни он қаламравҳои васеи Сурияву Ироқро ишғол карданд. Дар муддати камтар аз 4 сол беш аз 1900 шаҳрванди Тоҷикистон ба ин минтақа сафар кардаанд ва бисёре аз онҳо ба сафи гуруҳҳои ифротиву террористӣ ба мисли гуруҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд.

Наздики 500 нафари онҳо занону кӯдакон буданд. Мақомоти Тоҷикистон даҳҳо нафар бахусус занону кудаконро ба кишвар баргардонданд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG