Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вируси нав роҳи ронандагони афғонро ба Тоҷикистон "баст"


Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва додугирифт ҳам байни онҳо зиёд аст
Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва додугирифт ҳам байни онҳо зиёд аст

Гурӯҳе аз ронандагони мошинҳои боркаш аз Афғонистон шикоят доранд, ки мақомоти Тоҷикистон ба онҳо иҷоза намедиҳанд, то молу маҳсулоташонро ба кишвар ворид кунанд.

Тақрибан 20 ронанда бо мошинҳои бузургашон дар ду тарафи гузаргоҳи “Панҷи поён” дар ноҳияи Ҷайҳун ҳастанд ва мегӯянд, чанд рӯз аст, ки на аз он тараф гузашта метавонанд ва на аз ин тараф барои бурдани молҳояшон иҷоза мегиранд. Ин ронандагон аз Афғонистону Покистон ба Тоҷикистон мандарин, картошка ва дигар молу мавод меоранд ва аз ин тараф маҳсулоти сохтмонӣ ва бахусус семент мебаранд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба сабаби ҷилавгирӣ аз сирояти вируси нав, ки дар Афғонистон ҳам сабт шудааст, ронандагонро ба дохил иҷоза намедиҳанд. Ба гуфтаи онҳо агар иҷозати вуруд ҳам бидиҳанд, ин ронандагон бояд 14 рӯз таҳти назари табибон дар карантин бимонанд.

Зулмай Борикзай, ронандаи мошини боркаш, ҳоло дар минтақаи бетараф дар марзи Тоҷикистон аст ва мегӯяд, агар 14 рӯз дар карантин бимонад, ба мушкилоти дигаре дучор мешавад. Ӯ гуфт: “Ман виза гирифтаам, ки мӯҳлаташ тамом мешавад. Бояд кор кунам ва хонаводаро таъмин кунам. Ман 14 рӯз дар карантин монда наметавонам, агар се рӯз бошад, гапи дигар.”

Пирӯз Аҳмад, ронандаи дигари афғон гуфт, тақрибан ду ҳафта боз дар минтақаи гумрукӣ мондааст ва намедонад, чӣ кор кунад: “Ронандагони тоҷик марзро мегузаранд, вале ба мо иҷоза намедиҳанд, ки ворид шавем ва ба корамон идома диҳем. Як ҳамкорам Карими Абдулзоҳидро ба карантин бурдаанд."

Карим Абдураҳимзода, як масъули Раёсати тандурустии вилояти Хатлон гуфт, як ронандаи афғонро ба карантин бурданд, вале ӯ сиҳат аст ва аломатҳои бемориро надорад. Ӯ гуфт, бояд ҳар як ронанда пеш аз вуруд ба қаламрави Тоҷикистон дар карантин бимонанд.

Метавонанд, биёянд, вале ба шарти карантин

Карим Абдураҳимзода афзуд: “Шаҳрвандони Афғонистонро иҷозаи вуруд намедиҳем. Агар розӣ шаванд, ки 14 рӯз дар карантин бимонанд, иҷоза медиҳем. Дар марз картошка, хӯрокворӣ воридоту содирот мешавад, ки дар минтақаи бетараф ҳастанд. Бояд ин корро барои эҳтиёт кунем”.

Абдул Ҷалолов, як масъули Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт дар вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, мушкили ронандагонро медонад, вале дар умум рафтуомадро маҳдуд кардаанд. Ӯ афзуд: “Ронандагон аз маркази гумрукии ду марз намегузаранд, яъне то дохили Афғонистон намераванд. Мо як ронандаи афғонро ба карантин гирифтем, ки баъди 15 рӯз ҷавобаш додем."

Мирзоалӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, гуфт, дар вилоят 29 нафарро барои муоина дар карантин нигаҳ медоранд ва ҳамаи онҳо аз хориҷ омадаанд: “Бояд тадбирҳои пешгирӣ бошад, шаҳрвандоне, ки омадаанд, бистарӣ кардем”.

Мақомоти Тоҷикистон аз замони хуруҷи вируси нав дар Чин тадбирҳои пешгирӣ аз сирояти вируси навро амалӣ карданд ва назорат дар марзҳоро тақвият бахшиданд. Ронандаҳои афғон бештар молу маҳсулотро аз Покистон ба Тоҷикистон меоранд ва солона аз он тараф ҳазорон тонна молу маҳсулот ворид мешавад.

Бино ба гузоришҳо дар Афғонистон 7 мавриди сирояти вируси нав сабт шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то кунун касе ба вируси КОВИД-19 гирифтор нашудааст, ки бемории шабеҳи зуком ва ё илтиҳоби шуш бармеангезад. То кунун ин беморӣ дар бештар аз 100 кишвар ба 126 ҳазор нафар сироят кардааст. Бештар аз 4600 нафар фавтидаанд ва 68 ҳазор каси дигар пурра шифо ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG