Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарраёсати марзбонӣ: "Cарҳадбонҳои мо қонуншиканӣ накардаанд"


Мақомоти марзбонии Тоҷикистон иддаои ҷониби Қирғизистон дар мавриди вайрон намудани сарҳади он кишвар аз сӯи марзбонони тоҷик дар қитъаи Лайлаки вилояти Бодканд ҳаммарз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар рӯзи 12-уми майро рад намуданд. Сарраёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон мегӯяд, қитъае, ки ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки ба он кишвар тааллуқ дорад ва дар онҷо моҷаро рух додааст, аз мавзеъҳои баҳсӣ ба шумор меравад.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр марзи муштарак доранд ва беш аз 500 километри он ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи сарраёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон рӯзи 14-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тафтиши асноди сокинони он маҳал аз сӯи марзбонони тоҷикро "беасос" шумурд ва афзуд, иддаои ворид шудани марзбонони тоҷик ба қаламрави Қирғизистон низ "нодуруст" аст. Сухангӯи Сарраёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон афзуд, ки дар ин ҳодиса марзбонони кишвари ҳамсоя талош карданд, ки ба "иғво" роҳ диҳанд. Аммо ба гуфтаи вай, ин моҷаро ба оромӣ анҷомидааст ва ҳоло вазъият дар онҷо мӯътадил мебошад.

Ҳодисаи мазкур дар мавзеъи марзии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғихистон рух додааст. Дар гузашта низ дар ин минтақа баҳсҳои миёни сокинони деҳоти марзӣ рух медод ва зуд ҳалли худро пайдо мекард.

"Ҳеҷ мошини марзбонон бурда нашудааст"

Аммо расонаҳои Қирғизистон рӯзи шанбеи 12-уми май бо такя ба Хадамоти марзбонии он кишвар навиштанд, ки гӯё марзбонони тоҷик ба 40-50 метрии хоки он кишвар ворид шуда ва санадҳои бархе аз сокинони маҳалро мавриди тафтиш қарор додаанд. Ба навиштаи ин расонаҳо, ин ҳодиса боиси норозигии сокинони ҷониби Қирғизистон шуда ва дар натиҷа моҷаро бархостааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ки дар ин моҷаро мошини марзбонони тоҷикро кормандони интизормии ноҳияи Лайлак барои тафтиш бо худ бурданд. Аммо мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳеҷ гуна мошини сарҳадбонон бурда нашудааст ва ҳеҷ санҷиши санадҳои махсуси сарҳадбонон сурат нагирифтааст.

Навори моҷаро дар "Фейсбук"

Зимнан дар саҳифаи иҷтимоии "Фейсбук" як навори видеоӣ нашр шудаст, ки лаҳзае аз моҷарои мазкурро нишон медидад. Дар он як сокини ҷавони қирғиз аз ақиб бо дастонаш аз гулӯи маррзбони тоҷик, ки дар дасташ автомати Калашников дорад, фишор меорад ва ҳаракат мекунад ӯро ба замин хобонад, аммо сарҳадбони тоҷик бо нидои “раҳо кун” худро озод мекунад.

Тавре мақомоти марзбонии тоҷик мегӯянд, дар чунин ҳолат метавонад фалокате рух диҳад ва ҳар лаҳза хатари эҳтимолии тиркушоӣ ҷой дошт, ки сарҳадбонони тоҷик ба ин роҳ надоданд. Муҳаммадҷон Улуғхоҷев афзуд, феълан ин наворро мутахассисони онҳо мавриди омӯзиш қарор додаанд ва воқеан дар он ба назар мерасад, ки ҷавонони қирғиз кӯшиш доранд ба "провокатсия" роҳ диҳанд.

Марзи пуртаниши Тоҷикистон ва Қирғизистон

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр марзи муштарак доранд ва беш аз 500 километри он ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст. Ҳарду ҷониб дар масъалаи аломатгузориву таъйини хатти марз дар қаламравҳои баҳсӣ давоми 25 соли истиқлол ба иттифоқи назар даст наёфтанд ва ҳамин чиз боиси сари чанд вақт сар задани муноқишаҳо мешавад.

Марзи Қирғизистон баробар бо инки сарҳади давлатии кишвари дигар аст, инчунин марзи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳам маҳсуб мешавад. Қочоқи мол аз ин қаламрав ба Тоҷикистон бештар бо ҳадафи фирор аз пардохтҳои гумрукӣ сурат мегирад ва моли қочоқӣ аз роҳҳои убуркунандаи посгоҳҳои марзӣ ворид мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG