Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ чӣ дорад? Исми моликони манзил дар Тоҷикистон ошкор мешавад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар Тоҷикистон феҳрасти ягонаи моликони манзил ва амволи ғайриманқул таъсис меёбад. Дар ин феҳраст моликони манзил ва дигар амволи ғайриманқул ва иншоотҳо, сабт карда мешавад.

Масъулони ноҳияи Синои пойтахти Тоҷикистон, ба ин манзур аз сокинон даъват кардаанд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи соҳибмулкиро то санаи 20-уми декабри соли равон ба идораи моликони манзил, пешниҳод кунанд. Дар идораи бақайдгирии молу мулк дар ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 31-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин иқдом барои гузаштан ба системаи электронии сабти номи манзил ва амволи ғайриманқул, рӯи даст гирифта шудааст.

Корафтодаҳо мегӯянд, бо вуҷуди қонунӣ будани ҳамаи моликият, гирифтани ҳамин ду санад мушкилу олуда ба бюрократия ва фасод аст.

Айни замон дар даромадгоҳи аксар биноҳои баландошиёна дар ноҳияи Синои пойтахт эълоне насб шудааст, ки аз сокинон даъват мекунад, ки то санаи 20-уми декабр шартномаи хариду фурӯш, дафтари ҳавлидорӣ, шиносномаро бо худ гирифта, ба ин идора ҳозир шаванд, то моликияташон аз нав дар шакли электронӣ сабти ном шавад.

Зимнан, тарҳи аз нав сабт кардани манзил ва тартиб додани феҳрасти ягонаи электиронии моликони манзил танҳо бо ноҳияи Синои пойтахт анҷом намешавад. Дар Тоҷикистон ҳоло ислоҳоте, дар ҷараён аст, ки тибқи он, феҳрасти ягонаи электронии моликони манзил бояд таъсис ёбад. Барои иҷрои ин ислоҳот ва амалӣ кардани ин тарҳ, Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 10 миллион доллар додааст.

Бо ба кор пардохтани феҳрасти ягонаи моликони манзил ва амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон, ҳуввияти моликон дастраси умум хоҳад шуд. Аббос Ҳоҷиев, иқтисоддон ва корманди таҷрибадори бонк мегӯяд, ба кор даромадани ин феҳраст хавфи бонкҳоро кам мекунад. Чун ба гуфтаи ӯ, дар сурати ба кор пардохтани ин феҳраст, кормандони бонк ба осонӣ метавонанд тафтиш кунанд, ки ин манзил ва ё амвол дар гарави қарзи бонк ё ташкилоти дигар ҳаст ва ё на?

Ӯ гуфт, "ҳоло дар таҷрибаи бонкҳои Тоҷикистон ҳодисаҳое ба чашм мерасад, ки як нафар бо гарав мондани хонааш, аз чанд бонк қарз гирифтааст ва дар натиҷа чанд ҷониб бар сари як амвол даъво пеш меоранд. Ин ҳолат хавфи бозпас нагаштани қарзҳоро ба бонкҳо зиёд мекунад. Агар ин феҳраст ба кор дарояд ин мушкил рафъ мешавад."

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, аз сӯи дигар, масъалаи хариду фурӯши манзил дар кишвар танзим мешавад, чун ҳар як харидор қабл аз хариди хона метавонад дар мавриди таърихи моликони он аз як маъхаз, ошно шавад. Дар ин ҳолат ба гуфтаи Ҳоҷиев, кашмакашҳои сокинон дар додгоҳҳо бар сари моликият ба манзил камтар мешавад.

Зимнан, ҳафтаи гузашта вакилони Маҷлиси намояндагон ба тарҳи тағйирот ба қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” тағйирот ворид карданд, ки аз ҷумла таъсиси феҳрасти ягонаи моликони манзилро дар назар дорад.

Бар замми ин, шумораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи моликият кам мешавад, ки аксар сокинон дар дастрас кардани он душворӣ мекашиданд ва ин ҷараён дар аксар ҳолат олуда бо фасод буд. Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия борҳо аз мавридҳои ришватситонӣ ба ҳангоми сабти номи манзил ва ё замин, хабар додааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулони мақомоти сабти давлатии замин мегӯянд, баробари ба иҷро даромадани тағйироти нав дар қонун, ташвишҳои сокинон дар таҳияи санадҳои замин ва макони зист кам мешавад. Раҳмон Умариён, роҳбари корхонаи “Ба қайдгирии молу мулки ғайриманқул” ва ё МБТИ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати имзо шудани ин қонун аз сӯи президент, барои сокинон хеле осонӣ хоҳад овард.

Ӯ гуфт, "то ба ҳол шаҳрвандон барои соҳибии хона ва замини он ду ҳуҷҷат мегиранд. Якум, сертификат оид ба ҳуқуқи истифодаи замин ва дувум барои моликият ба манзил. Тибқи тарҳи нави қонун, ба ҷои ин ду ҳуҷҷат танҳо як ҳуҷҷат -- “Шаҳодатнома дар мавриди ба қайдгирии давлатӣ” дода мешавад, ки барои мардум хеле сабук ва осонтар хоҳад шуд”.

Корафтодаҳо мегӯянд, бо вуҷуди қонунӣ будани ҳамаи моликият, гирифтани ҳамин ду санад мушкилу олуда ба бюрократия ва фасод аст. Умариён гуфт, бар пояи қонуни нав, идораҳои ин ниҳод дар ҷамоатҳо ҳамакнун ҳақ пайдо мекунанд, барои замин ва манзили сокинон ҳуҷҷати ягона бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG