Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шералӣ Табаров кист? 15 шаҳрванди Тоҷикистон барои қочоқи нашъа ҳукм мегиранд. ВИДЕО


Додгоҳи вилояти Маскав парвандаи 15 тоҷик, аз ҷумла Шералӣ Табаровро содир хоҳад кард
Додгоҳи вилояти Маскав парвандаи 15 тоҷик, аз ҷумла Шералӣ Табаровро содир хоҳад кард

Додгоҳи вилояти Маскав бояд дар наздиктарин фурсат ҳукми зиндони гурӯҳи 15-нафараи шаҳрвандони Тоҷикистонро содир кунад, ки дар қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон айбдор мешавад. Қироати ҳукм рӯзи 19 декабр дар додгоҳ шурӯъ шуд ва ба гуфтаи намояндаи дафтари матбуоти додгоҳи вилояти Маскав, азбаски маводи парванда ва ҳам шумори гумонбарон зиёд аст, қарор аст ҳукми ниҳоии додгоҳ нисфирӯзии панҷшанбе қироат шавад.

Ҳероинро ин гурӯҳ тавассути қатори роҳи оҳан зери қуттиҳои олучаву харбуза ба Русия интиқол медод. Бори ҷиноӣ аз қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ворид мешуд ва ба ҳамин хотир ҳам дуруст мавриди санҷиш қарор намегирифт.

Додситонии Русия барои нахустин бор дар таҷрибаи кориаш нисбати як шаҳварди Тоҷикистони гумонбар дар қочоқи маводи мухаддир мӯҳлати зиндони якумриро тақозо кардааст. Агар додгоҳ бо талаби айбдоркунандаи давлатӣ розӣ шавад, Шералӣ Табаров, аввалин нафар ва як шаҳрванди Тоҷикистон мешавад, ки барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир дар Русия ба ҳукми зиндони абад маҳкум мешавад.

Дар маҷмӯъ дар курсии айбдоршавандҳо гурӯҳи 15-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд, ки барои қочоқи 600 кг ҳероин ба Русия дар солшҳои 2012-2015 айбдор мешаванд.

​Сухангӯи додситонии кулл Александр Куренной бо пахши як навори видеоӣ дар интернет рӯзи 17 декабр гуфт, ки намояндаи расмии додситонии куллии Русия дар ҷараёни мурофиа аз додгоҳи вилояти Маскав талаб кард, ки Табаровро ба хотири ҷинояткори таҷрибадор ё реседивис буданаш ба ҳукми шадидтарини зиндон маҳкум кунад.

Куренной гуфт, ки гурӯҳи зери дасти Табаров давоми чор сол бо қочоқи ҳаҷми калони маводи мухаддир ба Русия машғул буд. Вале феълан маълум нест, ки қабулкунандаи ин бори калон ва ҷиноӣ дар Русия кӣ будааст?

Шералӣ Табаров кист?

Дар бораи Шералӣ Табаров иттилои хеле кам пахш мешавад. Синну сол ва макони таваллуду зисти ӯ дар Тоҷикистон маълум нест. Вале ба иттилои додситонии кулли Русия, ӯ соли 2003 бо қарори додгоҳи вилояти Пензаи Русия ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Баъди озод шудан аз зиндон раҳбарии гурӯҳи ҷиноиро ба ӯҳда гирифт ва бо интиқоли ҳероин аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Русия машғул шуд.

Тафтишот мегӯяд, ки гумонбар чандин бор бо шиносномаҳои сохта вориди Русия шудааст. Намояндаи додситонии кулли Русия гуфтааст, ки агар додгоҳ барои маҳкум шудани ин шахс ба ҳукми абад розӣ шавад, ин ҳодисаи беназири муҷозоти як нашъаҷаллоби ашаддӣ дар таърихи низоми додгустарии Русия мешавад.

Манобеи дигари огаҳ аз тафтишот, аз ҷумла вебсайти en.crimerussia.com менависад, ки гурӯҳи муттаҳамон чор дафъа маводи ҳероинро дар ҳаҷми 105 то 190 кг ва чандин бори дигар бастаҳои 20-килограмии ҳероинро вориди Русия кардаанд.

Ҳероинро ин гурӯҳ тавассути қатори роҳи оҳан зери қуттиҳои олучаву харбуза ба Русия интиқол медод. Бори ҷиноӣ аз қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ворид мешуд ва ба ҳамин хотир ҳам дуруст мавриди санҷиш қарор намегирифт.

Додситони кулли Русия мегӯяд, ки баъди боздошти Табаров ва чанд узви гурӯҳи ӯ, раҳбарии гурӯҳи ҷиноиро як шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо номи Саидҷамол Қурбонов ба ӯҳда гирифт. Дар давоми ду соли тафтишот, дар маҷмӯъ 15 узви гурӯҳ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд ва ҳанӯз ҳам нафароне дар озодӣ ба сар мебаранд. Дар нисбати дигар аъзои гурӯҳи ҷиноӣ намояндаи додситонии кулли Русия аз 6 то 25 соли зиндонро тақозо кардааст.

Тоҷикистон аз ин ҳодиса хабар надорад

Фирдавс Раҳимзод, корманди додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 19 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бораи мурофиа ва иттиҳоми зидди гумонбарон ҳамҷунин аз расонаҳои русӣ огаҳ шудаанд, вале феълан дар бораи ин шахсон чизе гуфта наметавонанд.

Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон дар Маскаву Душанбе аз ин мурофиа ва ҳуввияти гумонбарон изҳори бехабарӣ мекунанд, манобеи наздик ба тафтишот ба матбуоти русӣ гуфтаанд, ки “Шер як ҷинояткори касбӣ ва хатарнок аст”. Додситонӣ гуфтааст, ки соли 2003 ӯ дар Русия барои қочоқи маводи мухаддир ба 10 соли зиндон маҳкум ва бо талаби Тоҷикистон ба ватанаш истирдод шуд. Баъди озод шуданаш Табаров бо шиносномаҳои қалбакӣ дубора ба Русия баргашту дар ҳамон ҷо гурӯҳи ҷиноӣ ташкил кард.

8000 тоҷик дар зиндонҳои Русия

Як мақоми сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки аксари кулли ҷиноятҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар содир мешавад, ҳамоно марбут ба қочоқи маводи мухаддир аст. Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия дар як матлабе тобистони соли 2017 навишт, ки аз миёни беш аз 29 ҳазор хориҷиҳое, ки дар зиндонҳои Русия қарор доранд, беш аз 8 ҳазор нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Тоҷикистониҳо шумори бештарини шаҳрвандони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъро ташкил медиҳанд, ки дар маҳбасҳои Русия қарор доранд.

Дар гузашта бархе созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва мудофеи муҳоҷирони корӣ гуфтаанд, ки на ҳамаи муҷримон аз Тоҷикистон воқеан ҳам ҷинояткоранд ва кишвари ҳамсарҳади Афғонистон будани ин кишвар тамғаи “қочоқчии маводи мухаддир”-ро ба бархе шаҳрвандони Тоҷикистон бор мекунад. Вале талошҳои айбдоршудаҳои бегуноҳ барои сафед кардани номи худ ваё исботи бегуноҳиашон натиҷаи хеле кам додааст.

Соле беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ва даромад ба Русия мераванд ва бисёри онҳо бо сабаби вуҷуди мушкили иҷрои қонунҳои маъмурии ин кишвар, танзими санадҳои будубош ва дарёфти иҷозаи расмии кор дучори мушкил мешаванд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG