Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маршировка" -- дар таътилу ҳам вақти дарс. САДО


Дар Тоҷикистон маросими тамрин ё ба истилоҳ "маршировка"-и донишҷӯён барои омодагӣ ба таҷлили Рӯзи истиқлолият оғоз шуд, ки қарор аст рӯзи 9-уми сентябр баргузор шавад. Ҳамасола дар ташкили ин ҷашн то 50 ҳазор нафар донишҷӯён ва мактабхонҳо сафарбар мешаванд.

Таҷрибаи ташкили ҷашнҳои азими серҷамъият бо ширкати муҳассилони муассисаҳои таълимӣ, ки дар ҷараёни омодагиҳои тӯлониаш муҳассилон аз таҳсилу истироҳат канда мешаванд, кайҳо мавриди интиқод аст, вале зоҳиран мақомот аз ин таҷрибаи баҳсбарангез даст кашиданӣ нестанд.

Таҷрибаи ташкили ҷашнҳои азими серҷамъият бо ширкати муҳассилони муассисаҳои таълимӣ, кайҳо мавриди интиқод аст, вале зоҳиран мақомот аз ин таҷрибаи баҳсбарангез даст кашиданӣ нестанд.

Субҳи 8-уми август сокинони маҳаллаҳои атрофи донишгоҳҳои воқеъ дар пойтахти Тоҷикистон аз садои баландгӯякҳое бедор шуданд, ки донишҷӯёнро дар машқҳои ҷашнӣ раҳнамоӣ мекарданд. Ҳамидуллохон Фақиров, раиси Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон ва дар гузашта сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муҳассилон ба маъракаи ҷашнӣ омода мешаванд.

"Маршировка" -- дар таътилу ҳам вақти дарс
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00
Линки мустақим

Вай гуфт, ҳамарӯза онҳо ҳудуди 400 донишҷӯи худро аз таътили тобистона барои анҷоми “маршировка” даъват мекунанд ва марҳилаи нахустини ин тамринҳо дар ҳудудуи худи донишгоҳ ва марҳилаи ниҳоӣ дар варзишгоҳи марказӣ доир мешавад.

Ҳамидуллохон Фақиров, раиси Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон.
Ҳамидуллохон Фақиров, раиси Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон.

Ҷалби 7 ҳазор донишҷӯ дар барноми Рӯзи Истиқлол

Мисли донишгоҳи тиҷоратӣ, муассисаҳои дигари таълимии кишвар муваззафанд, ки садҳо ҷавонро барои ширкат дар барномаи ҷашнӣ таъмин кунанд. Ба гуфтаи Фаррух Ҳайдаров, сардори раёсати макотиби олии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар барномаи ҷашнии имсола 7 ҳазор донишҷӯён ҷалб шудаанд. Аз нисф зиёди онҳо - 3900 нафарашон писарон хоҳанд буд. Фаррух Ҳайдаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 8 август гуфт, ки ҳуқуқи онҳо риоя шуда, барои ширкат дар барномаи ҷашнӣ имтиёзҳои пулӣ дода мешавад.

Ба гуфтаи вай, теъдоди муҳассилини омӯзишгоҳи касбӣ ва мактабҳои миёна, ки ба ҷашни Истиқлолият даъват мешаванд, ҳанӯз мушшахас нест, аммо барои донишҷӯёне, ки ба “маршировка” даъват мешаванд, аз ҳисоби донишгоҳҳо маблағи идрорпулии якмоҳина пардохт шуда, қимати истифода аз хобгоҳ гирифта намешавад.

Ҳамчунин донишҷӯён барои расидан ба маҳалли тамрин бо мошинҳои мусофирбар таъмин шуда, барояшон оби нӯшокӣ дода мешавад. Ҷаноби Ҳайдаров афзуд, ки маъракаи омодагӣ ба ҷашн дар зиндагиву ҷараёни таҳсили донишҷӯён мушкил эҷод намекунад ва ҷалби онҳо ба барномаҳои калони ҷашнӣ таҷрибаи маъмулӣ шудааст.

Ба ин тартиб, ҳазорҳо донишҷӯ як моҳи пеш аз таҳсил ва 9 рӯзи аввали хониш бояд дар маъракаи давлатӣ банд шаванд. Бархе донишҷӯёни солҳои боло мегӯянд, давоми чор-панҷ соли таҳсил ҳамеша ёд доранд, ки ҳадди аққал як моҳи хониш дар давоми солро бо раҳпаймоиву ширкат дар барномаҳои ҷашнии давлатӣ сипарӣ карда дар ин муддат аз таҳсил дар канор мондаанд.

Аз ҷумла, дар давоми омодагиҳо ба иди Истиқлолият, пешвози Наврӯз ва таҷлили иди Ваҳдат ҳамеша аз нерӯи ҳазорҳо донишҷӯ истифода шудааст ва чунин падида на танҳо дар Душанбе, балки дар вилоятҳои кишвар ҳам ба назар мерасад.

"Беҳтар мебуд машғули дарсхонӣ мешудем"

Шаҳло Юнусова, хатмкунандаи бахши дандонпизишкии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, ин маъракаҳо ба ҷараёни омӯзиш таъсири манфӣ мегузорад, дар ҳоле, ки бе ин ҳам сифати таълим дар миёни донишҷӯёни тоҷик чандон хуб нест. Вай гуфт, бахусус барои онҳое, ки мехоҳанд фардо омӯзгору табиб шаванд.

"Дар як сол чанд маротиба моро ба маршировка мефиристоданд. Аввал ҷашни Наврӯз, сипас Рӯзи Ваҳдат ва дар ниҳоят Ҷашни Истиқлолият. Агар наравем, моро устодон азият дода, ҳатто бархеҳоро аз донишгоҳ ихроҷ мекарданд. Дар фасли тобистон бошад бароямон ҳатто оби нӯшиданӣ намедоданд. Беҳтар буд, ки дар ин рӯзҳо машғули донишомӯзӣ мешудем, зеро барои мо ин муҳимтар мебошад",-афзуд Шаҳло Юнусова.

Сарфи вақту маблағ

Бархе волидони ҳамин донишҷӯҳо мегӯянд, таҷрибаи ташкили ҷашнҳои давлатии бошукӯҳ назири маъракаҳоест, ки ҳукумати шӯравӣ баргузор мекард, вале зоҳиран имрӯзҳо дар азми баргузории ҷашнҳои серҷамъият бо иштироки ҷавонону донишҷӯён мақомот аз давраҳои шӯравӣ ҳам бештар вақту маблағ сарф мекунанд.

Шокирҷон Ҳакимов.
Шокирҷон Ҳакимов.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, дар замони шӯравӣ танҳо 7 октябр - Рӯзи Инқилоби Октябр ва 1 май - Рӯзи байналмиллалии заҳматкашон таҷлил мешуд ва ширкати донишҷӯён дар роҳпаймоиҳо ихтиёрӣ буд. Ба гуфтаи вай, ин раҳпаймоиҳо аз як-ду рӯз бештар иборат набуд ва фурсати зиёдро тақозо намекард ва танҳо дар маросимҳои сатҳи байналмиллалии назири Олимпиада дар Маскав, донишҷӯён давоми муддати дароз дар машқҳо иштирок карда буданд.

Вай афзуд: "Чунин наҳваи баргузории ҷашнҳои давлатӣ танҳо хоси ҳукуматҳои худкомае аст, ки мехоҳанд ҷонибдории сокинонашро ба намоиш гузоранд. Гузашта аз ин, барои анҷоми чунин маросимҳо маблағҳои калоне ихтисос мешаванд, аммо ҳамаи ин пулҳо ба таври фасодкорӣ нопадид мешаванд."

Бахше аз идеологияи ҳукуматӣ?

Дар ҳоле, ки бисёриҳо зарурати баргузории ҷашнҳои серҷамъияту пурташвишро зери суол мебаранд, сиёсатшиносон мегӯянд, дар асл ин ҳама базмҳо бахше аз идеологияи ҳукуматӣ мебошад. Сиёсатшиносон ин таҷрибаи хоси ҳукуматҳои собиқи шӯравиро ҳамчун «намоиши хушбахтии оммавӣ ва ваҳдати мардум бо ҳукумат» сифат медиҳанд, ки як бахши пропаганда ё тарғиботи идеологияи давлат мебошад.

Ба бовари Мерҳат Шарифҷон, шореҳи масоили Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ, чунин таҷриба ҳатто на дар ҳама кишварҳои коммунистии собиқ ба чашм мерасад ва масалан дар режими тоталитарии Кореяи Шимолӣ вуҷуд дорад. Ҳатто Чин аз ин таҷриба даст мекашанд, чунки дар он ҷо хуб дарк мекунанд, ки хушбахтиро дар зоҳир намоиш дода намешавад. Ин таҳлилгар мегӯяд, мутаассифона, бархе кишварҳои собиқ шӯравӣ ба шаклҳои хеле нохушоянди тоталитаризм рӯ меоранд ва мардумро маҷбур мекунанд, ки дар ин базмҳо иштирок кунанд.

"Донишҷӯён бахши заъфпазир ҳастанд. Онҳоро аз донишгоҳ хориҷ мекунанд ва онҳо баъд ояндаи дигар надоранд. Онҳо маҷбур розӣ мешаванд ва вақти худро барои таҳсилу омӯзиш қурбон мекунанд. Ин баёнгари он аст, ки ҳукумат тарс дорад. Ин назарфиребӣ пеш аз ҳама ба хотири хушҳол кардани дили худ аст, ки гӯё дар кишвар ҳама чиз хуб аст. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки изҳори мавқеи интиқодии мардум дар хиёбонҳо манъ шудааст. Дар чунин ҳолат ин бахши мардум аз роҳҳои дигари изҳори назари худ истифода мекунанд",-афзуд Мерҳат Шарифҷон.

Дар шароите, ки ба донишҷӯёну мактабиён амр мешавад, ки дар чунин маъракаҳо ҳатман ҳузур дошта бошанд, бархе соҳибназарони дигар дар Тоҷикистон мегӯянд, мешавад ҳадди аққал тарзи интихоби ширкатдорони ин ҷашнҳоро тағйир дод.

"Ба донишомӯзӣ монеъ нашавем"

Собиқ вазири маорифи Тоҷикистони шӯравӣ Мунира Иноятова мегӯяд, тӯли ҳамаи солҳои фаъолияташ мухолифи ҷалби донишҷӯён барои баргузории маросимҳои давлатӣ будааст. Вай мегӯяд, агар ташкили чунин ҷашн ногузир зарур бошад, пас ҳадди аққал бояд ширкатдорони онҳо аз ҳисоби гурӯҳҳои вижаи ҷавонон барпо шаванд:

Мунира Иноятова.
Мунира Иноятова.

"Ман ҷонибдори он ҳастам, ки ба чунин тамринҳо танҳо донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва омӯзишгоҳҳои низомӣ ҷалб карда шаванд. Дар фасли тобистон ва вақти таътил ҷалби донишҷӯён ба маршировка қобили қабул нест. Зеро донишҷӯи тиббӣ бояд духтури хуб шаваду донишҷӯи муҳандис инженери хуб. Бо ҷалби донишҷӯён ба чунин маросимҳо мо ҳуқуқи онҳоро поймол карда, ба донишомӯзии онҳо монеъ мешавем."

Хароҷоти ҷашнҳо чанд аст?

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҷашни имсолаи Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон ба таърихи 9 сентябр зери раҳбари бадеии Обидҷон Назаров, собиқ муовини вазири фарҳанги кишвар сурат мегирад. Дар шаҳри Душанбе масъули баргузории ҷашни Истиқлол ҳукумати шаҳри Душанбе ва дар дигар шаҳру навоҳӣ ҳукуматҳои маҳаллӣ мебошанд.

Зимнан, ба қавли таҳлилгарон, маросими таҷлил аз 25-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон, ки рӯзҳои 8 ва 9-уми сентябри соли гузашта баргузор шуд, аз пуршукӯҳтарину пурхарҷтарин ҷашнҳои миллӣ ҳисоб меёбад. Дар ин ҷашнҳо то 12 ҳазор донишҷӯ иштирок карда буд. Хароҷоти баргузории ин тантанаҳои пурдабдабаро мақомоти Тоҷикистон нашр намекунанд ва вазорати молияи Тоҷикистон аз шарҳи ин мавзӯъ ҳамеша худдорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG