Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Мепурсад, фарзандони ман сиёҳанд, зарданд? Мегӯям, хушрӯянд" ВИДЕО


Мошариф Азимова ва келини нобинояш Зулфия Мирзоева дар таваллудхона.
Мошариф Азимова ва келини нобинояш Зулфия Мирзоева дар таваллудхона.

Мошариф Азимоваи тақрибан 70 -сола аз ноҳияи Восеъ 6 нобиноро нигоҳубин мекунад. Ӯ ки дар хонаи фақиронае дар деҳаи Хоҷаи Шом зиндагӣ мекунад, бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард ва дар чеҳрааш ҳеҷ аломате ҳам набуд, ки аз кори зиёде, ки мекунад, хаставу озурда бошад.

Ӯ гуфт: “Чаҳортояш аз худам аст, дутои дигар келинам. Хизматгорашон худам ҳастам. Барояшон об меорам, оташ мегиронам, хамир мекунам, хӯрок мепазам. Саҳар мехезам, тақсимот мекунам, аз пайи кор мешавам.”

Бар иловаи нигоҳубини 6 нобино, ҳоло масъулияти тарбияи се набераи дигарро ҳам дорад, ки аз писари нобинояш Ҷумъахон ҳастанд. Худаш нимаи аввали август ба таваллудхонаи Кӯлоб рафт, то набераи навзодашро биёрад ва бурдан барои муоинаҳои такрорӣ ҳам масъулияти бибӣ аст. Зулфия Мирзоева, модари ин тифл аз хушдоманаш сипосгузор аст, ғами онҳоро мехӯрад: “Хушдоман дорам, шукронааш корҳоро ӯ мекунад. Аз ӯ омӯхтам, дастгирӣ мекунад.”

Чаҳор фарзанди Мошариф Азимова нобино ба дунё омадаанд, панҷ нафари дигар солим ҳастанд ва бо хонаводаҳои худ алоҳида зиндагӣ мекунанд. Пиразани ғамхор мегӯяд, келинҳояш, ки яке бефарзанд аст, баъзе аз корҳоро мустақилона худашон мекунанд: “Вақте оварданд, худам тарбия додам, корро нишон додам роҳу рафтанро. Мустақил ҳастанд, афсӯс, ки намебинанд, вале дилашон биност.”

“Мепурсад, фарзандони ман сиёҳанд, зарданд? Мегӯям, хушрӯянд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Ҷумъахон Шукуров, писари нобинои Мошариф ва ҳамсараш мегӯянд, аз модар мепурсанд, ки ба онҳо сурату симои фарзандро тасвир кунад: “Мепурсад, ки фарзандони ман сиёҳанд, сабзинаанд, зарданд? Мегӯям, ки хушрӯянд. Мегӯяд, ки ман худам чӣ қадар бадрӯям, вале фарзандони маро хушрӯй мегӯянд. Ман мегӯям, худат хушрӯӣ, беҳтарин одамӣ, афсӯс ки нобино ҳастӣ.” Писари дигари Мошариф Азимова, ки ҳунари овозхонӣ дорад, гоҳ-гоҳе дар назди мардум месарояд. Ӯ ду бор издивоҷ кардааст, вале фарзанд надорад.

Мошариф Азимова мегӯяд, посухи келинҳои нобино баробар ба муносибатест, ки ӯ бо ин азизонаш дорад: “Ҳурматашон мекунам, ҳурмат мекунанд. Ман мегӯям, ки ҳамаи камбудиҳои шуморо мебахшам. Мегӯянд, ки мо камбудӣ дорем, мегӯям, ки зиқ нашавед, ман камбудиҳои шуморо мебахшам, барои онки ман худам ҳам фарзандони нобино дорам.”

Пиразани ғамхор шикоят карданро дӯст намедорад, ҳарчанд дар воқеъ худаш ва тамоми хонавода ба кӯмакҳои иҷтимоии муносиб эҳтиёҷ доранд. Писаронаш 180 сомонӣ кӯмаки иҷтимоӣ мегиранд. Айни келинаш Зулфия Мирзоева, ки ҳоло тифли навзодро бузург мекунад.

Ӯ, ки зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зиндагиаш ҳоло хуб аст, аз ҳаҷми кӯмаки иҷтимоие шикоят кард, ки давлат ба нобиноён дар Тоҷикистон дода мешавад: “Шукрона, зиндагии имрӯзаам хуб аст, то ҳол хуб аст, лекин як мушкилӣ дорам. Мушкилам ин аст, ки худам 180 сомонӣ нафақа мегирам, 180 сомонӣ шавҳарам мегирад. Ҳазор бор шукри Худо, вале ин нафақа барои як кӯдаки ман кофӣ нест, чӣ расад ба сето.“

XS
SM
MD
LG