Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гунҷишкҳои Душанбе куҷо рафтанд?


Халил Каримов ба таҳқиқи олами ҳайвоноти Тоҷикистон машғул аст.

Халил Каримов
Табиатшинос

Ёд дорам, ки гоҳо селаҳои азими гунҷишконеро медидам, ки дар кӯчаҳо, Бозори Шоҳмансур, хиёбонҳо, боғу сабзазорҳои Душанбе парвоз мекарданд. Садои баланд, парвози босуръати онҳо аз як бутта ба буттаи дигар, ҷаҳидани ишвагаронаи онҳо барои бисёре аз сокинони Душанбе бачагиашонро ба ёд меорад.

Гунҷишк як замоне паррандаи маъмултарин дар Душанбе буд, вале солҳои ахир ҳам дар шаҳр ва ҳам маҳаллаҳои атроф ва дар умум тамоми манотиқи сукунаташ камтар мешавад. Ҳар касе, ки солҳои зиёд аст, дар маркази навсозишудаи Душанбе зиндагӣ мекунад, шояд кам шудани гунҷишконро эҳсос карда бошад. Имрӯзҳо дар бисёре аз гӯшаҳои шаҳр, гунҷишконро ба сахтӣ мебинед.

Ба мушоҳидаи мутахассисон, чанд омил таъсир кардааст, ки дигар сокинони Душанбе гунҷишконро камтар бинанду садои баландашонро камтар бишнаванд. Сабаби аслӣ ҳам тағйири хиёбону боғҳову гулгашту сабзазорҳои шаҳр аст.

Имрӯз чаманзор кардану кӯтоҳ даравидани онҳо мӯд шудааст. Сабзае, ки ҳамеша кӯтоҳ аст, намегузорад, ҳашарот зиёд шавад, яъне хӯроке, ки гунҷишкон ба бачаҳояшон медиҳанд. Омили дуввум истифодаи зиёди доруҳои минералӣ ва кимиёвист, ки ҳашаротро нобуд мекунанд ва ба ғайр аз сабза алафҳои бегонаро сабзидан намемонад.

Шумо дар Душанбе тақрибан нонхӯраки зардро намебинед, ки хӯроки аслии бачаҳои гунҷишкон аст. Сеюм далели коҳиш, ки он ҳам муҳим аст, кам шудани ҷойи лонагузории гунҷишкон аст, ки асосан дар тарқишҳову сӯрохиҳои иншооти гуногун зиндагӣ мекунанд. Биноҳои муосир, ки ҳоло фақат аз шишаву пластик рӯкаш доранд, ҳеҷ тарқишу сӯрохии муносибе надоранд, ки гунҷишк лона гузорад. Бомҳои шиферӣ, ки зераш ҷойи лонагузории гунҷишкон буд, оҳанин шудаанд.

Гунҷишконе, ки ҳоло кам мебинемашон ва ҷирик-ҷирикашонро камтар мешунавем, фоидаи зиёде барои мо инсонҳо доранд. Тухмии алафҳои бегона, ҳашароти зиёнрасону гамбуску шакараки рустаниҳоро мехӯранд. Кам шудани гунҷишкҳо мусибат барои дарахтони боғҳои шаҳр аст, ки ҳоло аз дасти ҳашароти зиёновар бахусус кирми дарахт бештар азоб мекашанд.

Мо мебинем, ки гунҷишкҳо ба канораҳои шаҳр мераванд, ки зиндагӣ онҷо барояшон хуш мегузарад. Ҷое, ки лона гузошта ва барои чӯҷаҳояшон ҳашарот дошта метавонанд.

Гунҷишкон муҳоҷиронеро ба ёд меоранд, ки барои шароити беҳтари зиндагӣ кӯч мебанданд. Ёдамон наравад, бигӯем, ки на танҳо гунҷишкон аз шаҳр мераванд, балки кӯршапаракҳо, қурбоққаву ғукҳо, мусичаву парастуҳо низ кам шудаанд. Зарур аст, сари он биандешем, ки чӣ кор кунем, то Душанбе на танҳо барои мо шукуфон шавад, балки хонаи паррандаву ҳайвоноти гуногун ҳам бимонад.

Чанд донистанӣ дар бораи гунҷишкҳо:

Гунҷишк, яке аз қадимтарин ҳамроҳони болдори инсон аст.

Дар Тоҷикистон ду навъи гунҷишк сукунат доранд: гунҷишки хонагӣ ва гунҷишки саҳроӣ.

Андозаи миёна - 16 сантиметр

Вазни миёна - 27 грамм

Мавсими тухмгузорӣ, тамоми сол, вале бештар аз фасли баҳору тирамоҳ.

Як гунҷишк аз 3 то 6 тухм мегузорад.

Хӯрокаш тухмии рустанӣ ва ҳашарот аст.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG